Ҳиҷрати Муҳаммад: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х таҳрир
х таҳрир
Сатри 11: Сатри 11:
# Зиёрати Макка, ё худ адои маросими ҳаҷ барои ҳар як мусулмон ҳатмӣ гардад.
# Зиёрати Макка, ё худ адои маросими ҳаҷ барои ҳар як мусулмон ҳатмӣ гардад.


Пайғамбари ислом ин пешниҳодоти қурайшиҳоро қабул кард. Баъди ин қурайшиҳо ва қабилаҳои дигари Макка дини [[ислом]]ро қабул карданд. Дини исломро қабул кардани мардуми Макка ғалабаи муҳимтарини Муҳаммад ва ёрони ӯ - [[Муҳоҷирҳо]] буд. Аз ин вақт сар карда дини ислом мунтазам ба тамоми нимҷазираи Арабистон паҳн шудан мегирад.<ref>[http://tarikh.narod.ru/index_11.htm Пайдо шудани дини Ислом]</ref>
Пайғамбари ислом ин пешниҳодоти қурайшиҳоро қабул кард. Баъди ин қурайшиҳо ва қабилаҳои дигари Макка дини [[ислом]]ро қабул карданд. Дини исломро қабул кардани мардуми Макка ғалабаи муҳимтарини Муҳаммад ва ёрони ӯ - [[Муҳоҷирҳо]], [[Ансорҳо]] ва умми [[мусулмон]]он буд. Аз ин [[воқеъа]] сар карда дини ислом мунтазам ба тамоми нимҷазираи Арабистон паҳн шудан мегирад.<ref>[http://tarikh.narod.ru/index_11.htm Пайдо шудани дини Ислом]</ref>
{{портал}}
{{портал}}

Нусха 13:21, 26 марти 2016

Мақолаи асосӣ: Муҳаммад

ҲИҶРАТИ МУҲАММАД (С) ПАЙҒАМБАР Дар аввал ашрофи қабилаҳои араб ба иқдоми Муҳаммад (с) пайғамбар оид ба эътиқод овардан ба Оллоҳ ба назари нобоварона ва ҳатто душманона нигариста, аз дину худоҳои сершумори авлодию қабилавии худ даст намекашиданд. Чи тавре ки гуфта шуд, қурайшиҳо ҳатто Муҳаммад (с) пайғамбар ва пайравони ӯро куштанӣ ҳам буданд. Барои ҳамин ӯ соли 622 маҷбур шуд, ки аз Макка ба шаҳри дигари арабии Ясриб сафар, яъне ҳиҷрат кунад, ки ин сафар дар таърихи дини ислом ҳамчун "ҳиҷрат"-и Муҳаммад (с) пайғамбар аз Макка ба Мадина машҳур аст.

Баъди ба Ясриб ҳиҷрат кардани Муҳаммад (с) дар он ҷо обрӯю эътибори ӯ ва дини ислом боз ҳам баландтар шуд. Шаҳри Ясриб номи "Мадина ан-Набӣ", яъне "шаҳри Пайғамбар"-ро гирифт. Соли ҳиҷрати Муҳаммад (с) бошад, оғози зуҳури дини ислом ва солшумории нав - солшумории мусулмонии хиҷрӣ (шамсӣ ва қамарӣ) муқаррар гардид. Соли 2005 мувофиқи солшумории ҳиҷрии шамсӣ соли 1383-1384 ва мувофиқи солшумории ҳиҷрии қамарӣ соли 1422-1423 мебошад. Дар Мадина ба Муҳаммад (с) пайғамбар муяссар шуд, ки мардуми зиёдро ба дини ислом ҷалб намоял.

Баъди чанде ӯ бо ҳамроҳии ёронаш ба Макка лашкар кашида, онро ҳам ба худ тобеъ кард. Ашрофони қурайшиҳои Макка илоҷи дигар наёфта, ба Муҳаммад (с) пайғамбар таслим шуда, дар баробари ин иброз доштанд, ки Муҳаммад (с) се талаби онҳоро иҷро кунад:

  1. Шаҳри Макка маркази дини ислом бошад.
  2. Хонаи Каъба ва Санги Сиёҳ муқаддасоти ислом эълон карда шаванд.
  3. Зиёрати Макка, ё худ адои маросими ҳаҷ барои ҳар як мусулмон ҳатмӣ гардад.

Пайғамбари ислом ин пешниҳодоти қурайшиҳоро қабул кард. Баъди ин қурайшиҳо ва қабилаҳои дигари Макка дини исломро қабул карданд. Дини исломро қабул кардани мардуми Макка ғалабаи муҳимтарини Муҳаммад ва ёрони ӯ - Муҳоҷирҳо, Ансорҳо ва умми мусулмонон буд. Аз ин воқеъа сар карда дини ислом мунтазам ба тамоми нимҷазираи Арабистон паҳн шудан мегирад.[1]

Пайвандҳои беруна

  1. Пайдо шудани дини Ислом