Зулфия Исроилова: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
тасвир
ба забони модариаш
Сатри 9: Сатри 9:
}}
}}


'''Зулфия Исраилова''' (1915 – 1996) – шоираи ӯзбак. Зулфия тахаллуси шоира аст.
'''Зулфия Исраилова''' ({{забон-код|uz|Zulfiya Isroilova}}; 1915 – 1996) – шоираи ӯзбак. Зулфия тахаллуси шоира аст.


==Зиндагинома==
==Зиндагинома==

Нусха 10:37, 3 май 2016

Шаблон:Зиндагинома

Зулфия Исраилова (ӯзбакӣ: Zulfiya Isroilova; 1915 – 1996) – шоираи ӯзбак. Зулфия тахаллуси шоира аст.

Зиндагинома

Зулфия соли 1915 дар шаҳри Тошканд таваллуд шудааст. Падараш ба косибӣ машғул мешуд. Волидайни Зулфия бисёр мехостанд, ки ӯ босавод шавад. Баъд аз хатми мактаби миёна таҳсили Зулфия дар омӯзишгоҳи педагогӣ идома меёбад. Баъди хатми таҳсил Зулфия ба идораи рӯзномае ба кор медарояд ва аз ҳамон вақт ба шеъргӯӣ оғоз менамояд. Шеърҳои аввалинаш дар маҷмӯаи «Саҳифаҳои ҳаёт» (1932) ҷамъ омадааст.

Кори рӯзноманигорӣ қобилияти эҷодии шоираро сайқал медиҳад. Дар рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ кор карда, Зулфия асарҳои зиёди назмиву насриро офаридааст. Нашъунамои адабиёти асри 20-и ӯзбак бо номи ӯ пайвастааст. Истеъдоди баланди шоирӣ Зулфияро машҳур гардонида буд. Мардуми ӯзбак ва анъанаҳои бисёрасрааш дар шеъру достонҳои Зулфия тараннум ёфтааст. Якдилии халқҳои шӯравиро дар сатҳи баланди адабиёти бадеии ҷаҳонӣ инъикос карда, Зулфия ба наслҳои оянда мероси бои адабиро боқӣ гузоштааст ва ҳамчун муборизи шӯълавари сулҳ ба пойдории дӯстии байни халқҳо таъсири намоён расондааст. Асарҳои инсондӯстонааш аз санҷишу имтиҳонҳои таърихӣ гузашта, арзиши хешро то имрӯз гум накардаанд ва дар таърихи адабиёти халқи ӯзбак бо хатти заррин сабт ёфтаанд. Эҷодиёти Зулфия барои ривоҷу равнақи фарҳанги Ӯзбакистон боз барои он ёдгор мондааст, ки ин шоира асарҳои баландмазмунашро ба забони ӯзбакӣ менавишт ва аз ин сабаб обрӯи забони ватанаш баланд бардошт. Ба номи шоира Мукофоти давлатии Ӯзбекистон дар соҳаи адабиёту санъат таъсис гардидааст[1][2].

Зулфия, ки имрӯз мояи ифтихори халқ аст, дорандаи Ҷоизаи давлатии СССР (ИҶШС) ва унвони «Шоираи халқии Ӯзбекистон» буд. Ӯ соли 1996 вафот кард.

Адабиёт

Эзоҳот