Абдусалом Деҳотӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х →‎Манобеъ: илова
Сатри 18: Сатри 18:
“Куллиёт” – и Саъдӣ, “Латифаҳои тоҷикӣ” – ро ба чоп ҳозир кардааст.
“Куллиёт” – и Саъдӣ, “Латифаҳои тоҷикӣ” – ро ба чоп ҳозир кардааст.
== Эҷодиёт ==
== Эҷодиёт ==
Фаъолияти адабии Деҳотӣ аз с. 1928 сар шуда, дар назм, наср, драматургия, адабиёти бачагона асарҳои зиёде офаридааст. Дар шеър аз шогирдони С.Айнӣ буд. Бисёре аз шеърҳои лирикии ӯ ба оҳанг дароварда шуданд. “Манзараҳои сегона” (1934) якумин намунаи достони лирикӣ дар адабиёти советии тоҷик буда, сюжети яклухт надорад ва образи қаҳрамони
Фаъолияти адабии Деҳотӣ аз соли 1928 сар шуда, дар назм, наср, драматургия, адабиёти бачагона асарҳои зиёде офаридааст. Дар шеър аз шогирдони Садриддин Айнӣ буд. Бисёре аз шеърҳои лирикии ӯ ба оҳанг дароварда шуданд. “Манзараҳои сегона” (1934) якумин намунаи достони лирикӣ дар адабиёти советии тоҷик буда, сюжети яклухт надорад ва образи қаҳрамони
лирикӣ хеле қувват гирифта, се қисми асарро, ки ба меҳнати коргарони фабрикаи “Ҳуҷум” – и Самарқанд (қ.1), муборизаи меҳнаткашони Тоҷикистон (қ.2) ва фидокориҳои пахтакорона Фарғона (қ.3) бахшида шудааст, ба ҳам муттаҳид мекунад. Дар лирикаи
лирикӣ хеле қувват гирифта, се қисми асарро, ки ба меҳнати коргарони фабрикаи “Ҳуҷум” – и Самарқанд (қ.1), муборизаи меҳнаткашони Тоҷикистон (қ.2) ва фидокориҳои пахтакорона Фарғона (қ.3) бахшида шудааст, ба ҳам муттаҳид мекунад. Дар лирикаи
ватандӯстонаи Деҳотӣ дар солҳои ҶБВ оҳанги публисистии ҷанговарона бо лиризми ҳароратноке ҷӯр шуда, эҳсосоти мудофеони Ватанро амиқтар зоҳир намуд.
ватандӯстонаи Деҳотӣ дар солҳои ҶБВ оҳанги публисистии ҷанговарона бо лиризми ҳароратноке ҷӯр шуда, эҳсосоти мудофеони Ватанро амиқтар зоҳир намуд.
Сатри 27: Сатри 27:
Шеърҳои бачагонаи Деҳотӣ асосан аз охири солҳои 40 – ум ба муносибати аз тарафи ӯ тартиб дода шудани китобҳои хониши мактаби ибтидоӣ (синфҳои 1 - 4) ба вуҷуд омадаанд. Содагӣ, равонӣ ва самимияти шеъри ӯ, хусусан, дар ин асарҳо барҷастатар намудор шудааст. Аксари ин шеърҳо ҷилваҳои психологияи кӯдакро нозук ифода намуда, дар адабиёти бачагонаи тозабунёди тоҷик мавқеи муайян ишғол кардаанд. Дар бораи шоирони кӯҳистон, аз ҷумла [[водии
Шеърҳои бачагонаи Деҳотӣ асосан аз охири солҳои 40 – ум ба муносибати аз тарафи ӯ тартиб дода шудани китобҳои хониши мактаби ибтидоӣ (синфҳои 1 - 4) ба вуҷуд омадаанд. Содагӣ, равонӣ ва самимияти шеъри ӯ, хусусан, дар ин асарҳо барҷастатар намудор шудааст. Аксари ин шеърҳо ҷилваҳои психологияи кӯдакро нозук ифода намуда, дар адабиёти бачагонаи тозабунёди тоҷик мавқеи муайян ишғол кардаанд. Дар бораи шоирони кӯҳистон, аз ҷумла [[водии
Ҳисор]] тадқиқот бурдааст. Тарҷумаи тоҷикии бисёр асарҳои Кирилов, Некрасов, Шевченко, Байрон, Ҷ. Родарӣ ва диг. ба қалами Деҳотӣ тааллуқ дорад. <ref>Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 558-560 </ref>
Ҳисор]] тадқиқот бурдааст. Тарҷумаи тоҷикии бисёр асарҳои Кирилов, Некрасов, Шевченко, Байрон, Ҷ. Родарӣ ва диг. ба қалами Деҳотӣ тааллуқ дорад. <ref>Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 558-560 </ref>

==Осор==
==Осор==
Муаллифи маҷмӯаҳои:
Муаллифи маҷмӯаҳои:

Нусха 18:30, 21 июни 2016

Шаблон:Зиндагинома

Абдусалом Деҳотӣ - (14 март, 1911, д. Боғимайдони н. Самарқанд31 январ, 1962, ш. Душанбе), шоир, нависанда, драматург, луғатшинос, арбоби давлатӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз с.1934).[1]

Зиндагинома

Аз оилаи ҳунарманд. Мактаби миёнаро с. 1930 хатм кардааст. Аз с. 1931 дар Самарқанд, дар рӯзномаи “Ҳақиқати Ӯзбекистон” ва шуъбаи Нашриёти давлатии Тоҷикистон кор мекард. Соли 1935 ба Сталинобод омада, дар идораи журнали “Барои адабиёти сотсиалистӣ” кор кард. Дар солҳои ҶБВ (с.1941 - 1945) корманди Нашриёти давлатии Тоҷикистон, пас аз ҷанг котиби масъул ва муҳаррири журнали “Шарқи Сурх”, муҳаррири журнали “Тоҷикистон”, котиби иҷроияи ИН ҷумҳурӣ, мудири шуъбаи адабиёти бадеӣ ва сармуҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон буд ва ба сифати яке аз арбобони барҷастаи матбуоту нашриёти тоҷик шуҳрат пайдо кард. С. 1946 – 1949 ходими илмии Институти забон, адабиёт ва таърихи филиали тоҷикистонии АИ СССР буда, бо Н. Н. Ершов “Луғати русӣ - тоҷикӣ” – ро таҳрир намуд (нашраш с.1949). Дар таҳрири чанд ҷилди тарҷумаи тоҷикии асарҳои В.И. Ленин иштирок дошт. Аз с. 1959 то охири умр корманди илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон, яке аз муҳаррирони “Фарҳанги забони тоҷикӣ” (ҷ. 1 – 2, М., 1969) буд. Яке аз донишмандони забону адабиёти тоҷик ва аввалин муҳаррири аксари асарҳои илмии Садриддин Айнӣ буда, дар таҳияи нахустин маҷмӯаи шеърҳои Рӯдакӣ (с.1940) бо С. Айнӣ ҳамкорӣ кардааст. “Ҳафт пайкар” ва “Лайливу Маҷнун” – и Низомӣ, мухтасари “Куллиёт” – и Саъдӣ, “Латифаҳои тоҷикӣ” – ро ба чоп ҳозир кардааст.

Эҷодиёт

Фаъолияти адабии Деҳотӣ аз соли 1928 сар шуда, дар назм, наср, драматургия, адабиёти бачагона асарҳои зиёде офаридааст. Дар шеър аз шогирдони Садриддин Айнӣ буд. Бисёре аз шеърҳои лирикии ӯ ба оҳанг дароварда шуданд. “Манзараҳои сегона” (1934) якумин намунаи достони лирикӣ дар адабиёти советии тоҷик буда, сюжети яклухт надорад ва образи қаҳрамони лирикӣ хеле қувват гирифта, се қисми асарро, ки ба меҳнати коргарони фабрикаи “Ҳуҷум” – и Самарқанд (қ.1), муборизаи меҳнаткашони Тоҷикистон (қ.2) ва фидокориҳои пахтакорона Фарғона (қ.3) бахшида шудааст, ба ҳам муттаҳид мекунад. Дар лирикаи ватандӯстонаи Деҳотӣ дар солҳои ҶБВ оҳанги публисистии ҷанговарона бо лиризми ҳароратноке ҷӯр шуда, эҳсосоти мудофеони Ватанро амиқтар зоҳир намуд. Пас аз ҷанг ва дар с – ҳои 50 – ум дар лирикаи Деҳотӣ мавзӯи муҳофизати сулҳ ва муборизаи зидди оташафрӯзони ҷанги нав мавқеи асосӣ ишғол намуд. Насри Деҳотӣ аз ҳикояҳои ҳаҷвӣ, очеркҳо ва мақолаҳои публисистӣ иборат аст. Муҳимтарин хусусияти ҳикояҳои ҳаҷвии ӯ қувват гирифтани ҷанбаи публисистӣ, ба нақл ҳамроҳ шудани андешаву мулоҳизоти публисистона, фаровон истифода гардидани унсурҳои этнографӣ мебошад. Драматургияи Деҳотӣ аз драмаи мусиқавии “Хисраву Ширин” (1936), ки ҳамроҳи Мирзо Турсунзода дар асоси достони Низомӣ навишта буд, сар шудааст. Драмаи манзуми “Шӯриши Восеъ” (1940), ки низ ҳамроҳи М.Турсунзода навишта шуда буд, асоси либреттои нахустин операи тоҷикӣ қарор ёфтааст (бастакор Сергей Баласанян). Дар ин драма оҳангҳои фолклорӣ ва иқтибоси фолклор яке аз воситаҳои асосии зоҳир кардани рӯҳи деҳқонони исёнгар ва ба вуҷуд овардани образи пешвои шӯриш мебошад. Дигар драмаи манзуми Деҳотӣ “Комде ва Мадан” (1952, дар асоси як сюжети “Ирфон” – и Бедил) низ либреттои опера шудааст (бастакор Зиёдулло Шаҳидӣ). “Нур дар кӯҳистон” (1947) драмаи қаҳрамонист дар бораи нахустин муаллимони Ғарм, ки аз дасти босмачиён ҳалок гардида буданд, пйесаи якпардагии “Қиссаи Таърифхӯҷаев” (1953, бо ҳамроҳии Боқи Раҳимзода) комедияи ҳаҷвӣ мебошад. Шеърҳои бачагонаи Деҳотӣ асосан аз охири солҳои 40 – ум ба муносибати аз тарафи ӯ тартиб дода шудани китобҳои хониши мактаби ибтидоӣ (синфҳои 1 - 4) ба вуҷуд омадаанд. Содагӣ, равонӣ ва самимияти шеъри ӯ, хусусан, дар ин асарҳо барҷастатар намудор шудааст. Аксари ин шеърҳо ҷилваҳои психологияи кӯдакро нозук ифода намуда, дар адабиёти бачагонаи тозабунёди тоҷик мавқеи муайян ишғол кардаанд. Дар бораи шоирони кӯҳистон, аз ҷумла [[водии Ҳисор]] тадқиқот бурдааст. Тарҷумаи тоҷикии бисёр асарҳои Кирилов, Некрасов, Шевченко, Байрон, Ҷ. Родарӣ ва диг. ба қалами Деҳотӣ тааллуқ дорад. [2]

Осор

Муаллифи маҷмӯаҳои:

  • “Манзараҳои сегона”,
  • “Таронаҳои меҳнатӣ”
  • “Меваи Октябр” (с.1934),
  • “Шеърҳо ва ҳикояҳо” (1940),
  • китоби “Шеърҳои мунтахаб” (1945),
  • “Асарҳои мунтахаб” (1949, 1957),
  • “Ҳадя ба хурдтаракон” (1954),
  • “Ҳаёт қадам мезанад” (1961),
  • “Бунафша” (1963),
  • драмаи мусиқии “Хусрав ва Ширин” (бо ҳамқаламии М.Турсунзода, 1936),
  • либреттои операи “Шӯриши Восеъ” (1940),
  • либреттои операи “Комде ва Мадан” (1952),
  • маҳзакаи “Қиссаи Таърифхоҷаев” (бо ҳамқаламии Б.Раҳимзода, 1953).
  • “Куллиёт” Иборат аз панҷ ҷилд (1965-1966).

Мукофот

  • ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
  • ду ордени “Нишони Фахрӣ” ва чанд Ифтихорномаи Фахрии Раёсати Шӯрои Олии ҶШСТ мукофотонида шудааст.

Некдошт

Ба номи ӯ яке аз кӯчаҳои ш. Душанбе ва ш. Самарқанд гузошта шудааст.[3]

Манобеъ

  1. Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, прогноз погоды на 14 марта 2014 года (Азия Плюс) http://www.asiaplus.tj/ru/news/salom-aleikum-tadzhikistan-anonsy-sobytii-prognoz-pogody-na-14-marta-2014-goda
  2. Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 558-560
  3. Аслҳо ва наслҳо. – Душанбе, 2013, - с.50