Фарқият байни намунаҳои "Бағалбанд"

Jump to navigation Jump to search
no edit summary
(Саҳифаи нав: '''БАҒАЛБÁНД''', тасма, зербанд, такбанд, ресмон, таноб ва ё порчаи махсуси қуфлакдор, ки бо он зин...)
 
'''БАҒАЛБÁНДБағалбанд''', тасма, зербанд, такбанд, ресмон, таноб ва ё порчаи махсуси қуфлакдор, ки бо он зинро бар пушти асп мебанданд ва онро зеркаш, нимастар низ ме­гӯянд. Дар китоби «Таърихи фаришта» омадааст: «агар бағалбанд пора шудӣ, аз порчаҳои пок ҳар навъе, ки ёфтӣ, бад-он пайванд кардӣ».
Бағалбанд аз чарми ғафс сохта мешавад ва агар чарм борик бошад, онро дуқабата медӯзанд. Бари Бағалбанд тақр. 10–15 см ва дарозиаш тахминан 2 м аст. Дар ду тарафи Бағалбанд барои пайваст кардан ҳалқаҳои оҳанин часпонда шудааст. Вобаста ба шакли зин бағалбанд низ як, ду ва гоҳе се адад мешавад. Бағалбандро аз болои зин, ду паҳлуи асп ва аз бағалаш ҳалқавор печонида мебанданд. Вазифаи аслии бағалбанд зини аспро ба тавассути бағали асп маҳкам бастан аст, то он ҳангоми ба асп савор шудан мустаҳкам ва зин дар болои асп сахт устувор бошад. Дар гузашта подшоҳон, вазирон ва дигар шахсони сарватманд бағалбандро бо гулдузиҳои нозук ва ҳалқаҳои онро бо нуқраву тило оро медоданд.
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
== Манбаъ ==
*[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2]] / Р. Раҳмонӣ.
 
[[Гурӯҳ:Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]]
[[Гурӯҳ:Фарҳанг]]

Менюи гаштан