Фарқият байни намунаҳои "Бурҳонуддин Раббонӣ"

Jump to navigation Jump to search
 
== Фаъолияти сиёсӣ ==
[[Акс:Vladimir Putin 22 October 2001-1.jpg|alt=Ҷаласаи васеъ бо Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳури Тоҷикистон ва Бурҳонуддин Раббонӣ раиси Ҷумҳури Афғонистон.
[[Акс:Vladimir_Putin_22_October_2001-2.jpg|thumb|200x200px|Раббонӣ бо президенти [[Федератсияи Русия]] [[Владимир Владимирович Путин|Владимир Путин]] дар [[Душанбе]] 22 октябри соли 2001.]]
[[Акс:Vladimir Putin 22 October 2001-1.jpg|alt=Ҷаласаи васеъ бо Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳури Тоҷикистон ва Бурҳонуддин Раббонӣ раиси Ҷумҳури Афғонистон. Душанбе.|left|thumb|Ҷаласаи васеъ бо [[Эмомалӣ Раҳмон]] раиси Ҷумҳури Тоҷикистон ва Бурҳонуддин Раббонӣ раиси Ҷумҳури Афғонистон. Душанбе.]]
Баъд аз табаддулоти давлатии соли 1973 ва суқути низоми шоҳӣ таъқибу фишор бар зидди исломиҳо афзоиш ёфт ва раҳбарони онҳо, аз ҷумла Бурҳонуддин Раббонӣ соли 1973 ба Покистон ҳиҷрат намуданд. «Ҷамъияти исломии Афғонистон» бо роҳбарии Бурҳонуддин Раббонӣ ягона танзими бузурги сиёсиест, ки бар асоси забон, ҷуғрофиё, қавмият бино наёфта буд. Дар солҳои ҷиҳод ҷабҳаҳои ҳизби мазкур дар Қандаҳор, Лағмон ва Лугар ба ҳамон андоза қавӣ буданд, ки дар Балх, Файзобод, Ҳирот, Тахор ва ғайра нуфуз доштанд. Сиёсати мудоро ва тавъам бо лутфу меҳрубонии раҳбари «Ҷамъияти исломии Афғонистон» сабаб шуда буд, ки мардум дар солҳои ҷиҳод дар манотиқи зери назорати он эҳсоси оромиш ва амният мекарданд.
 
Бурҳонуддин Раббонӣ ба унвони Раиси ҷумҳури қонунӣ 22 декабри 2001 тайи маросими расмӣ ҳукуматро ба Идораи муваққат ба раҳбарии Ҳамид Карзай таҳвил дод.  Ин як воқеаи истисноӣ дар таърихи муосири Афғонистон аст, ки қудрат ба таври оштиомез ба раҳбари интихобшудаи дигар таҳвил дода мешавад. Бо ин амалаш Бурҳонуддин Раббонӣ тавонист саҳифаи дурахшонеро дар таърихи Афғонистон бо номи худ рақам занад.
 
Баъд аз ин ҳам Бурҳонуддин Раббонӣ ба сифати чеҳраи меҳварӣ дар сиёсати Афғонистон боқӣ монд. Вақте масъалаи музокира бо толибон ва ташкили Шӯрои Олии Сулҳ ба вуҷуд омад, аз Бурҳонуддин Раббонӣ номзади арзандатаре барои раҳбарӣ ба ин Шӯро пайдо нашуд ва ногузир тавофуқ карданд. Ӯ бо вуҷуди норозигиҳои пайравони худ, ки фикр мекарданд бо дастаҳо ва тӯдаҳои ҷоҳил ва одамкуш набояд музокира шавад ва вақту замону пул бояд дар музокира бо одамкушҳо масраф нашавад, сентябри 2010 раёсати ин Шӯроро пазируфт, ки нишонгари хайрхоҳӣ, сулҳталабӣ, хирадгароӣ ва адолатҷӯии ин сиёсатмадори варзида ва мутаШаҳодатффакири бузург мебошад.
 
== Шаҳодат ==

Менюи гаштан