Душанбе: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Munirjohn (баҳс | ҳисса)
Munirjohn (баҳс | ҳисса)
Сатри 127: Сатри 127:


== Иқлим ==
== Иқлим ==
{{Иқлими маҳаллӣ
|Шаҳр_насаб=Душанбе
|Сарчашма=[http://www.ucm.es/info/cif/station/ta-dusha.htm Sistema de Clasificación Bioclimática Mundial] [http://www.hko.gov.hk/wxinfo/climat/world/eng/asia/westasia/dushanbe_e.htm Hong Kong Observatory]
[http://www.thermo.karelia.ru/weather/w_precips_ru_dus.shtml]
| Янв_м=1.7 | Янв_м_бориш=66
| Фев_м=4.0 | Фев_м_бориш=75
| Мар_м=8.8 | Мар_м_бориш=108
| Апр_м=15.1 | Апр_м_бориш=105
| Май_м=19.7 | Май_м_бориш=66
| Июн_м=24.8 | Июн_м_бориш=6
| Июл_м=27.4 | Июл_м_бориш=3
| Авг_м=25.4 | Авг_м_бориш=1
| Сен_м=20.3 | Сен_м_бориш=3
| Окт_м=14.2 | Окт_м_бориш=31
| Ноя_м=8.6 | Ноя_м_бориш=45
| Дек_м=4.0 | Дек_м_бориш=60
| Сол_м=14.5 | Сол_м_бориш=568
| Янв_м_мин=-0.6 | Янв_м_макс=9.4
| Фев_м_мин=1.7 | Фев_м_макс=10.6
| Мар_м_мин=5.6 | Мар_м_макс=15.6
| Апр_м_мин=9.4 | Апр_м_макс=20.6
| Май_м_мин=13.3 | Май_м_макс=26.1
| Июн_м_мин=17.8 | Июн_м_макс=32.8
| Июл_м_мин=19.4 | Июл_м_макс=35.6
| Авг_м_мин=17.2 | Авг_м_макс=34.4
| Сен_м_мин=12.8 | Сен_м_макс=30.0
| Окт_м_мин=7.8 | Окт_м_макс=23.3
| Ноя_м_мин=3.3 | Ноя_м_макс=15.6
| Дек_м_мин=0.6 | Дек_м_макс=10.6
| Сол_м_мин=9.0 | Сол_м_макс=22.1
| Янв_а_макс=21.6 | Янв_а_мин=-26.6
| Фев_а_макс=23.1 | Фев_а_мин=-17.3
| Мар_а_макс=29.6 | Мар_а_мин=-13.4
| Апр_а_макс=33.8 | Апр_а_мин=-7.8
| Май_а_макс=38.8 | Май_а_мин=1.2
| Июн_а_макс=42.8 | Июн_а_мин=8.4
| Июл_а_макс=49.0 | Июл_а_мин=10.9
| Авг_а_макс=42.8 | Авг_а_мин=8.1
| Сен_а_макс=38.9 | Сен_а_мин=3.0
| Окт_а_макс=36.8 | Окт_а_мин=-4.4
| Ноя_а_макс=29.7 | Ноя_а_мин=-13.5
| Дек_а_макс=24.3 | Дек_а_мин=-19.5
| Сол_а_макс=49.0 | Сол_а_мин=-26.6
|}}


==Саноат==
==Саноат==

Нусха 10:10, 9 ноябри 2016

Маҳалли аҳолинишин
Душанбе
Нишон
Нишон
38°24′23″ с. ш. 68°47′11″ в. д.HGЯO
Кишвар  [[|]]
Вилоят Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Тақсимоти дохилӣ 4 ноҳия (Исмоили Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур, Фирдавсӣ)
Мири шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев аз 1996
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис асри XVII |чоряки якуми асри XVII
Аввалин номбарӣ 1676
Номҳои пешина Сталинобод 1929 - 1961
Масоҳат 126,6 км²
Баландии марказ 706 м
Минтақаи замонӣ {{{минтақаи замонӣ}}}
Аҳолӣ
Аҳолӣ 802 700 тан
Зичӣ 6 366 тан/км²
Агломератсия 1 485 100 (2016)
Номи қавмӣ душанбегӣ
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 37
Нишонаи почта 734000
Коди мошин 01 ва 05

dushanbe.tj
(тоҷ.)(рус.)(англ.)
Душанбе дар харитаи
Душанбе
Душанбе
 Парвандаҳо дар Викианбор


Душанбе (форсӣ: دوشنبه‎) – калонтарин шаҳр ва пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Масоҳати шаҳр 124,6 км кв аст ва дар он 802,2 ҳазор нафар (Соли 2016) шаҳрванд зиндагӣ мекунанд. Аммо дар асл дар шаҳри Душанбе зиёда аз 1 миллион тан аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Дарозии умумии кӯча, гузаргоҳҳо, роҳҳои соҳилӣ, пулҳо, роҳҳои зеризаминиаш – 705,6 км аст. Масоҳати фазои сабз ва дарахтонаш – 74800 метри мураббаъ мебошад. Шаҳр дорои чаҳор ноҳияи маъмурӣ: Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Сино мебошад.[1] Пойтахти Тоҷикистон аз ҷумла - 230 корхонаи саноатӣ, 38 корхонаи таробарӣ, 132 корхонаи сохтмонӣ, 40 банк, 8 меҳмонхона, 35 бемористон, 21 масҷид, 121 мактаби таҳсилоти умумӣ, 14 омӯзишгоҳ, 12 коллеҷ, 21 донишгоҳ, 7 осорхона ва 7 намоишсаро-ро дорад.

Ҳукумати шаҳри Душанбе
Бинои баландошёнаи Душанбе Плаза
Тақсимоти маъмурии Душанбе

Таърих

Сарзамине, ки ҳамакнун шаҳри Душанбе дар он ҷой дорад, дар садаҳои миёна «Шумон» (форсӣ: «شومان»‎) ном доштааст ва дар роҳномаҳо ва таърихномаҳои қадим ба гунаи «Сумон» (форсӣ: «سومان»‎) низ навишта шудааст. Дар «Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб» омада: «Шумон шаҳрест устувор ва бабаро кӯҳ ниҳода ва гирди ӯ борае кашида ва ӯро куҳандизест бар сари кӯҳ ниҳода ва андар миёни куҳандиз чашмаи обаст бузург. Аз вай заъфарон хезад бисёр».[2] Шумон дар қисмати болооби рӯди Қубодиён ва шимоли Пули Сангин ва шаҳри Вошҷирд (Висагирд, акнун - Файзобод) воқеъ буд, ки ба гуфтаи Истахрӣ ба андозаи Тирмиз вусъат дошт ва ба масофати андаке дар ҷануби он қалъаи бузурги Шумон вокеъ буд. Муқаддасӣ дар «Аҳсан ал-тақосим» гӯяд: «Шумон маконе пурҷамъият ва ободу неку аст». Шарафуддин Алии Яздӣ дар «Зафарномаи Темурӣ» аз ин қалъа ба номи «Ҳисори Шодмон» (форсӣ: «حصار شادمان»‎) ёд карда ва ғолибан онро ба сурати мухтасар «Ҳисор» (форсӣ: «حصار»‎) ё «Ҳисорак» (форсӣ: «حصارک»‎) навишта ва имрӯз ҳам «Ҳисор» маъруф аст.[3] Шоёни ёдоварист, ки вожаи «ҳисор» арабӣ ва маънояш «диж» ва «қалъа» аст. Қалъае, ки ҳамакнун дар 5-километрии шимолу ғарбии шаҳри Душанбе қарор дорад, бозмонда аз ҳамон шаҳри Шумон аст, ки дар садаҳои XV – XVII м. «ҳисори Шодмон», яъне «қалъаи Шодмон», номида мешуд. Бар асари касрати талаффуз «Шодмон» аз он афтоду «ҳисор» монд ва исми хос - «Ҳисор» – гашт.

Дар оғози садаи XX ин қалъа тахтгоҳи беки Ҳисор Шоҳимардонқул буд ва дар заминларзаи 8 сентябри соли 1907 вайрон шуд ва аз он танҳо як дарвоза ва ду бурҷ дар миёни ду кӯҳ барҷой монда аст. Пас аз он заминларза Шоҳимардонқул ба қалъаи Душанбе кӯчид ки дар он замон маркази яке аз амлокдориҳояш буд ва аз он пас Душанбе тахтгоҳи беки Ҳисор шуд.

Аз ҷойноми «Душанбе» (форсӣ: «دوشنبه»‎) барои нахустин бор дар китоби донишманди балхӣ Маҳмуд ибни Валӣ «Баҳр ул-аъроф фи маноқиб ал-хайр» (оғози садаи XVII м.) ва номаи хони Балх Субҳонқул Баҳодур ба шоҳи давлати Рус Фёдор Алексеевич (декабри 1676) ёд шудааст. Дар санаде бозмонда аз соли 1826 ин шаҳр «Душанбе-қурғон» (форсӣ: «دوشنبه قورغان»‎) номида шудааст. «Қурғон» вожаи туркӣ ва маънояш «қалъа» ва «ҳисор» аст. Қалъаи Душанбе дар канораи чапи рӯди Варзоб ҷой дошта ва ҳар рӯзи душанбе дар назди он бозор баргузор мешудааст. Номи кунунии пойтахти Тоҷикистон ёдовари ҳамин бозор аст. Азбаски ин ҷойро «душанбебозор» мегуфтанд, деҳкадае, ки бо гузашти замон дар ҷои «душанбебозор» пайдо шуд, Душанбе ном гирифт.

Соли 1924, пас аз ташкил кардани Ҷумҳурии Мухтории Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон дар таркиби Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон, Душанбе шаҳр ва пойтахт эълон гардид.

16 октябри соли 1929 Душанбе ба Сталинобод, (бахшида ба роҳбари ҳамонвақтаи ИҶШС Иосиф Сталин (1924-1953) номаш иваз гардид. Соли 1961 дубора Душанбе номида шуд. Чунин иваз кардани номҳои шаҳру маҳалҳои аҳолинишин дар натиҷаи тағйир ёфтани сохти ҷамъиятиву сиёсӣ дар Тоҷикистон ба вуқуъ омадааст ( Ниг:Рӯйхати номгузориҳои навини шаҳрҳои Тоҷикистон)

Аҳолӣ

(ҳазор нафар) (Мувофиқи барӯйхатгирии аҳолӣ)

Соли 1926 – 5,6;

Соли 1939 – 82,6;

Соли 1959 – 233,5;

Соли 1970 – 376,2;

Соли 1979 – 492,2;

Соли 1989 – 594,1;

Соли 2000 – 562,0;

Соли 2010 – 724,8;

Соли 2012 – 747,5;

Соли 2013 – 764,3;

Соли 2014 – 778,5;

Соли 2015 – 788,7 [4]

Соли 2016 - 802,7 [5]

Иқлим

Иқлими Душанбе
Нишондод Янв. Фев. Март Апр. Май Июн Июл Авг. Сен. Окт. Нояб. Дек. Сол
Максимуми мутлақ, °C 21,6 23,1 29,6 33,8 38,8 42,8 49,0 42,8 38,9 36,8 29,7 24,3 49,0
Максимуми миёна, °C 9,4 10,6 15,6 20,6 26,1 32,8 35,6 34,4 30,0 23,3 15,6 10,6 22,1
Ҳарорати миёна, °C 1,7 4,0 8,8 15,1 19,7 24,8 27,4 25,4 20,3 14,2 8,6 4,0 14,5
Минимуми миёна, °C −0,6 1,7 5,6 9,4 13,3 17,8 19,4 17,2 12,8 7,8 3,3 0,6 9,0
Минимуми мутлақ, °C −26,6 −17,3 −13,4 −7,8 1,2 8,4 10,9 8,1 3,0 −4,4 −13,5 −19,5 −26,6
Андозаи бориш, мм 66 75 108 105 66 6 3 1 3 31 45 60 568
Сарчашма: Sistema de Clasificación Bioclimática Mundial Hong Kong Observatory

[1]

Саноат

Душанбе ба калонтарин маркази саноатӣ табдил ёфтааст. Дар пойтахт ба миқдори 40 фисад (%) иқтидори саноати мамлакат ҷойгир буд. Дар пойтахт тақрибан 15 фисади (%) аҳолии ҷумҳурӣ зиндагӣ мекард ва чоряки маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакатро истеҳсол мекард. Комплекси саноатии пойтахт ҳоло 230 корхонаи саноатии гуногуншаклро дар бар мегирад, ки дар он зиёда аз 19 ҳазор аҳолии пойтахт фаъолият доранд.[6] Аз ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот 30 % молҳои сермасриф (аз ҷумла хурокворӣ) ташкил медиҳад. Маҳсулоти аз коргоҳҳои пойтахт ба фуруши беруна содиротшаванда: матоъҳои пахтагин, ресмони пахтагин, коркарди маҳсулоти ҷуроббарорӣ, маҳсулоти кабелбарорӣ, арматура ва маҳсулоти коркарди кишоварзӣ ва диг. ташкил медиҳад. Зиёда аз 10 корхонаҳои якҷоя бо ширкатҳои хориҷӣ дар Душанбе фаъолият доранд.

Тақсимоти корхонаҳои истеҳсолӣ аз нуқтаи назари соҳаҳои бартарӣ дошта.

  • Саноати сабук – соҳаи бештар тараққикардаи саноати комплексии пойтахт мебошад. Чунин ҳолат ба он маънидод мешавад, ки манбаи асосии ашёҳо (пахта, нахи маҳинах ва ғайра) дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсол мешаванд. На танҳои корхонаҳои шаҳр, балки корхонаҳои бузурги ҷумҳуриро ба мисли ташкилоти истеҳсолии ҶММ «Насоҷӣ» (корхонаи бофандагӣ ва ресандагӣ ), ки бо қувваи истеҳсолӣ дар як сол коркарди пахтаи маҳинахро ба 25 ҳазор тонна мерасонад, дар бар мегирад. ҶС «Чевар» корхонаи барои истеҳсоли махсулоти дузандагии тайёр, ҶС «Нафиса» корхонаи коркарди маҳсулоти ҷуроббарорие, ки дар айни замон асосан маҳсулоти худро ки аз нахи пахта иборат аст, истеҳсол меамоянд.
  • Соҳаҳои барқӣ, мошинсозӣ ва металлургӣ - корхонаҳои азими ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд. ИИВД «Текстилмаш» (истеҳсоли дастгоҳҳо ва таҷҳизот барои саноати пахтатозакунӣ, хоҷагии қишлоқ, истеҳсоли ҳисобкунакҳои газӣ, неъругоҳҳои барқии хурд ва автономӣ, васл намудани техникаи хоҷагии қишлоқ) ҶС «Тоҷиккабел» - корхонаи истеҳсли маҳсулоти кабелӣ (зиёда 40 номгӯи ва намуд сар карда, аз кабелҳои телефонӣ то кабеҳои пуриқтидори электронӣ) ҶС «Сомон-таҷҳизот» корхонаи истеҳсоли техникаи электронӣ, молҳои электрикӣ маиши, ҶС «Торгмаш» - корхонаи истеҳсоли таҷҳизот барои муассисаҳои савдо, ҶС «Заводи арматурбарорӣ»- корхонаи истеҳсоли рехти чуян, арматура.
  • Саноати хурокворӣ ва коркардабарорӣ: Тамоми намуди маҳсулоти хуроквориро истеҳсол менамоянд, инчунин молҳои машруботиро. Яке аз соҳаҳои калонтарин ин комбинати ширбарорӣ ва гушту консерва, заводи машруботи шаҳри Душанбе, комбинати хуроквории Тоҷикистон, корхонаҳои маҳсулоти нон «Нонпаз», қанодӣ, фабрикаи «Ширин» мебошанд.
  • Саноати масолеҳи бинокорӣ - заводи сементбарории шаҳри Душанбе, заводи шифербарорӣ, заводи хишбарорӣ ва инчунин дигар корхонаҳоро, ки масолеҳи бинокорӣ конструксияи бетонӣ истеҳсол менамоянд, дар бар мегирад.
  • Соҳаи электроэнергетикӣ - корхонаҳои ТЭТС-и Душанбе ва неругоҳҳоии барқии Варзоб - корхонаҳои коркарди электроэнергетикӣ ва гармиро дар бар мегирад.
  • Саноати кимиёвии пойтахт - аз корхонаҳои коркардбарории масолеҳи нефтӣ ва истеҳсоли ашёи пластмассагӣ иборат аст.
  • Саноати ҷангал, коркарди чӯб, қоғаз ва селюлоза – ба худ корхонаҳои истеҳсоли коркарди ҷангал, истеҳсоли ашё барои мебел, ки ба стандартҳои давлатӣ таносуб аст, дар бар мегирад.
  • Саноати полиграфӣ - зиёда аз 20 коргоҳҳро дар бар гирифта, ки китоб ва дигар намуди чопи полиграфиро истеҳсол менамоянд.[7]

Маркази илмӣ-фарҳангӣ

Қасри Миллат
Акс:Somoni monument.JPG
Ҳайкали Исмоили Сомонӣ
Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон,собиқ китобхонаи ба номи А. Фирдавсӣ
Маркази ақди никоҳ
Театри ҷавонон ба номи М. Воҳидов
Амфитеатр дар Душанбе
Намоиши театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ
Акс:Dushanbe 2015 (15).JPG
Ҳайкали нависандагон С.Айнӣ ва М. Горкий

Душанбе яке аз калонтарин маркази илмӣ-фарҳангӣ ба шумор меравад. Дар Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки ба он 20 Пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ шомил буда, дар онҳо дар соҳаҳои физика, астрофизика, риёзиёт, зилзилашиносӣ, кимиё, геология, гастроэнтрология, зоология, ботаника, растаниҳои физиологӣ, генетика, иқтисод, фалсафа, ҳуқуқ, таърих ва бостоншиносӣ, этнографӣ, забон ва адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ тадқиқотҳо бурда мешаванд. 21 донишгоҳҳу донишкадаҳои пойтахт ҳар сол ҳазорҳо мутахассисони соҳаи гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳуриро тайёр менамоянд.

Нақши Душанбе дар рушди фарҳанг бузург аст. Устодони барҷастаи назму насри муосири тоҷик Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар, Мӯъмин Қаноат, Боқӣ Раҳимзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Лоиқ Шералӣ ва дигарҳо дар рушди адабиёти муосири тоҷик на танҳо дар Ватани худ, балки дар дигар мамлакатҳои Шарқу Ғарб машҳур буда, саҳми беандозае гузоштаанд.[8] Соли 2011 дар Душанбе бузургтарин дар Осиёи Марказӣ Китобхонаи миллии Тоҷикистон бунёд карда шудааст, теъдоди хазинаи китобҳояш зиёда аз 6 000 000 нусхаро ташкил медиҳад.

Маориф

  • Миқдори мактабҳои маълумоти олӣ - 20;

дар онҳо:

  • Донишҷӯён, ҳазор нафар – 97,2;
  • Мутахассисони хатмкунанда, ҳазор нафар – 17,1;
  • Миқдори омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ - 9;

дар онҳо:

  • Хонандагон, ҳазор нафар – 9,0;
  • Коргарони мутахассиси хаимкунанда, ҳазор нафар – 2,1;
  • Миқдори мактабҳои таҳсилоти умумӣ - 140;

дар онҳо:

  • Хонандагон, ҳазор нафар – 172;
  • Омӯзгорон, ҳазор нафар – 7,2;
  • Миқдори муассисаҳои бачагонаи томактабӣ - 112;
  • Бача дар онҳо, ҳазор нафар – 24,1

Илм

  • Ташкилотҳои илмӣ - 45;
  • теъдоди кормандони илмӣ - 2828;

Дорандагони унвони илмӣ дар онҳо:

  • докторони илм, нафар – 231;
  • номзадҳои илм, нафар – 583.

аз ҷумла:

  • теъдоди кормандони илмӣ - 883;

Дорандагони унвони илмӣ дар онҳо:

  • докторони илм, нафар – 115;
  • номзадҳои илм, нафар – 229.[9]

Мактабҳои олӣ

Ёдгориҳои меъморӣ – таърихӣ

Осорхонаҳо

Муассисаҳои театрӣ

Муассисаҳои консертӣ

Боғу гулгаштҳо

Шоми Душанбе

Нашрияҳо

Миқдори рӯзнома ва маҷалаҳои ҷумҳуриявии дар шаҳр нашршаванда:

  • рӯзнома – 66
  • маҷалла – 49

аз ҷумла Маҷаллаи «Тоҷикистон»,«Илм ва ҳаёт»,Маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», «Фарҳанг», «Тоҷикистон»,«Адабиёт ва санъат», Рӯзномаи «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Азия-плюс», «Паёми Душанбе», «Вечерний Душанбе» «Нидои ранҷбар» ва диг. нашр мешаванд.

Дар пойтахт 4 Оҷонсиҳои Иттилоотии Тоҷикистон амал карда истодаанд: Оҷонсии иттилоотии «СИМОНЮС», Оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс», АМИТ «ХОВАР»,Оҷонсии умумимиллии иттилоот «ТОҶНЮС»(«TOJNEWS»).

Тандурустӣ

Аз ҳама беморхонаи калонтарин дар Осиёи Маркази
  • Теъдоди беморхонаҳо – 39;
  • Кати беморони онҳо – 5454;
  • Теъдоди духтурони ҳамаи тахассусҳо, нафар – 5889;
  • Теъдоди муассисаҳои тиббии ёрии амбулаторӣ-дармонӣ диҳанда – 18.

Иншоотҳои варзишӣ

  • Стадионҳо – 8;
  • Толорҳои варзишӣ – 121;
  • Ҳавзҳои шиноварӣ – 4;
  • Толорҳои теннисбозӣ – 3;
  • Майдонҳои футболбозӣ – 57;
  • Машқгоҳи тирандозӣ – 3;
  • Муҷтамаи майдонҳои варзишӣ – 140;
  • Теъдоди ҷой дар иншоотҳои асосии варзишӣ:
  • Стадиони Фрунзе – 26 ҳазор;
  • Стадиони Спартак – 6 ҳазор;
  • Стадиони Динамо – 3 ҳазор;
  • Стадиони Авиатор – 2 ҳазор. http://www.dushanbe.tj/capital/passport/

Шахсиятҳои маъруф

ва дигар шаҳрвандони Душанбе ба он дохил мешаванд.

Робитаҳои байналмилалӣ

Бародаршаҳрҳо

Айни замон Душанбе- пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 15 шаҳри давлатҳои Осиё, Аврупо, Амрико, Африқо, ИДМ бародаршаҳр мебошад[10]:

Шаҳрҳои шарик

Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе бо шаҳри Москваи Федератсияи Россия пайваста дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ҳамкорӣ менамояд.[11]:

Дар баробари ин, пойтахти Тоҷикистон аъзои фаъоли Ташкилоти умумиҷаҳонии Шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ (ОГМВ), Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо, Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП) мебошад.

Дар Душанбе намояндаҳои Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Фонди байналхалқии асъор ва дигар институтҳои байналмилалии бонуфуз, корпуси дипломатии давлатҳои хориҷӣ мустақар мебошанд. Барои саҳми беандозаи Душанбе дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ, ҳамфикрӣ ва ҳамрайъӣ дар ҳайёти ҳамарӯза 4 августи соли 2004 бо қарори ЮНЕСКО ба шаҳри Душанбе Ҷоизаи «Шаҳри Сулҳ»-и ЮНЕСКО дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором барои солҳои 2002-2003 дода шуд.[8]

Боиси зикр аст, ки дар шаҳри Душанбе соли 31 августи соли 2011 рекорди нави ҷаҳонӣ гузошта шуд. Ин рекорди нави ҷаҳонӣ, - ифтитоҳи парчами баландтарини дунё, ки баландии он 165 метрро ташкил мекунад, ба ҳисоб меравад.

Донистаниҳо

Ба ифтихори 90-умин солгарди шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе аз ҷониби Форуми байналмилалии Мегаполис асри XXI бо Дипломи VII – умин озмуни байналмилалии таҷрибаҳои шаҳрии шаҳрҳои ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё «Шаҳре, ки он ҷо зистан мефорад» - 2014 барои ободонӣ, рушди инфарасохтории муосири шаҳрӣ ва дар сатҳи олии ташкилӣ баргузор намудани чорабиниҳои байнидавлатии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай сарфароз гардид.[12]

Аксҳои Душанбе

Пайнавиштҳо

  1. http://www.dushanbe.tj/capital/passport/
  2. «Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 хиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда. Теҳрон: Китобхонаи Таҳурӣ, Ширкати офсети «Гулшан». 1983 – саҳ. 110
  3. ЛеСтренж, Ги. «Сарзаминҳои Хилофати шарқӣ». Тарҷумаи Маҳмуд Ирфон. Теҳрон: Бунгоҳи тарҷума ва нашри китоб. 1336 ҳ.ш. = 1958 м. – саҳ. 468
  4. [“TAJIKISTAN”. City Population. Retrieved 2015.01.01]
  5. Шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2016 Ахбороти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  6. Отголоски приватизации, или Столица без заводов…
  7. [ http://www.dushanbe.tj/economic/industry/]
  8. 8.0 8.1 http://www.dushanbe.tj/capital/capital/
  9. Шиносномаи шаҳр
  10. Бародаршаҳрҳо. Муносибатҳои хориҷӣ Сайти расмии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе(тоҷ.)(рус.)(англ.)
  11. Шаҳрҳои шарик. Муносибатҳои хориҷӣ Сайти расмии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе(тоҷ.)(рус.)(англ.)
  12. Шаҳре, ки он ҷо зистан мефорад

Пайвандҳои беруна

Нигаред

Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: