Камоли Хуҷандӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
илова
Сатри 8: Сатри 8:
|Номи пурра = Камолиддин Масъуд
|Номи пурра = Камолиддин Масъуд
|Тахаллусҳо = Камоли Хуҷандӣ, Камолиддини Табрезӣ, Шайх Камол
|Тахаллусҳо = Камоли Хуҷандӣ, Камолиддини Табрезӣ, Шайх Камол
|Зодрӯз = [[соли 1321]]
|Зодрӯз = [[1318]]/[[1321]]
|Зодгоҳ = ш. [[Хуҷанд]]
|Зодгоҳ = ш. [[Хуҷанд]]
|Санаи марг = [[соли 1401]]
|Санаи марг = [[1401]]
|Маҳалли вафот = [[Табрез]], [[Эрон]]
|Маҳалли вафот = [[Табрез]], [[Эрон]]
|Табаият =
|Табаият =
Сатри 22: Сатри 22:
|Сайт = [http://www.wisdomcode.info/ru/poetry/authors/56389. Поэзия Худжанди]
|Сайт = [http://www.wisdomcode.info/ru/poetry/authors/56389. Поэзия Худжанди]
}}
}}
'''Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ''' ({{забон-фа|کمال‌الدین مسعود خُجندی}}) ([[соли 1321]] - [[соли 1401]]) – маъруф ба Шайх Камол аз орифон ва шоирони порсигӯи садаи XIV милодӣ аст.
'''Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ''' ({{забон-фа|کمال‌الدین مسعود خُجندی}}) маъруф ба Шайх Камол аз орифон ва шоирони порсигӯи садаи XIV милодӣ аст.
== Зиндагинома ==
== Зиндагинома ==
Камоли Хуҷандӣ дар [[соли 1321]] дар шаҳри [[Хуҷанд]] дида ба ҷаҳон кушодааст. Ҷавонияш дар зодгоҳаш гузашта ва маълумоти ибтидоиро низ дар он ҷо омӯхтааст. Сипас таҳсили улумро дар шаҳрҳои [[Самарқанд]]у [[Тошканд|Шош]] давом додааст. Вай дар ҳузури устодон аз китоби машҳури Саккокӣ «Мифтоҳ», ки дар он айём асоси таълими забон ва адабиёт ба шумор мерафт, «Алкашшоф»-и Замахшарӣ, «Матолеъ», «Мисбоҳ» ва ғайра дарс омӯхтааст. Камол яке аз донишмандони бузурги замони худ буд.
Камоли Хуҷандӣ дар [[соли 1321]] дар шаҳри [[Хуҷанд]] дида ба ҷаҳон кушодааст. Ҷавонияш дар зодгоҳаш гузашта ва маълумоти ибтидоиро низ дар он ҷо омӯхтааст. Сипас таҳсили улумро дар шаҳрҳои [[Самарқанд]]у [[Тошканд|Шош]] давом додааст. Вай дар ҳузури устодон аз китоби машҳури Саккокӣ «Мифтоҳ», ки дар он айём асоси таълими забон ва адабиёт ба шумор мерафт, «Алкашшоф»-и Замахшарӣ, «Матолеъ», «Мисбоҳ» ва ғайра дарс омӯхтааст. Камол яке аз донишмандони бузурги замони худ буд.

Нусха 16:02, 17 ноябри 2016

Камоли Хуҷандӣ
форсӣ: کمال‌الدین مسعود خُجندی
Ном ба ҳангоми таваллуд: Камолиддин
Тахаллусҳо: Камоли Хуҷандӣ, Камолиддини Табрезӣ, Шайх Камол
Номи пурра Камолиддин Масъуд
Таърихи таваллуд: 1321
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1400
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: тоҷикӣ
Поэзия Худжанди
 Парвандаҳо дар Викианбор

Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ (порсӣ: کمال‌الدین مسعود خُجندی ) — маъруф ба Шайх Камол аз орифон ва шоирони порсигӯи садаи XIV милодӣ аст.

Зиндагинома

Камоли Хуҷандӣ дар соли 1321 дар шаҳри Хуҷанд дида ба ҷаҳон кушодааст. Ҷавонияш дар зодгоҳаш гузашта ва маълумоти ибтидоиро низ дар он ҷо омӯхтааст. Сипас таҳсили улумро дар шаҳрҳои Самарқанду Шош давом додааст. Вай дар ҳузури устодон аз китоби машҳури Саккокӣ «Мифтоҳ», ки дар он айём асоси таълими забон ва адабиёт ба шумор мерафт, «Алкашшоф»-и Замахшарӣ, «Матолеъ», «Мисбоҳ» ва ғайра дарс омӯхтааст. Камол яке аз донишмандони бузурги замони худ буд.

Камоли Хуҷандӣ пас аз сафари ҳаҷ ба Макка, дар шаҳри Табрез монд ва дигар ба зодгоҳаш барнагашт. Вай дар Табрез зиндагии ороме ёфта ва вопасин рӯзҳояшро низ дар ин шаҳр гузарондааст. Ба дастури султон Увайс барои шоир дар доманаи хушбоду ҳавои Волиёнкӯҳ хона ва боғ сохта шуд ва хонагоҳи Камоли Хуҷандӣ маҷлисгоҳи шоирону орифон шуд.

Шайх Камоли Хуҷандӣ ҳангоми тохтутози Тӯхтамишхон ба Табрез ҳамроҳ бо дигар асирону ғаниматҳо ба шаҳри Сарой бурда шуд ва чаҳор (ё ёздаҳ) сол дар он шаҳр монд. Асорату ғурбатро бо ёди Табрезу дӯстони табрезияш ба сар бурд ва ниҳоят дубора ба Табрез баргашт.

Камоли Хуҷандӣ соли 1401 дар Табрез даргузашт ва дар боғаш ба хок супорда шуд. Дар канори оромгоҳаш нигоргарон Камолиддин Беҳзод ва Султон Муҳаммад Наққош ва шоирон Машрабии Шервонӣ ва Тусӣ низ хобидаанд.

Хоҷа Абдураҳими Хилватӣ таърихи вафоти Шайх Камолро дар қитъаи зерин чунин ба назм меоварад:

Орифи ҳакшинос Шайх Камол,
Ки ҷаҳонро ба шеъри тар бигирифт.
То суханро сухан бурун афтод,
К-аз сухан ҳамчу он бузург нагуфт.
Ҳаштсаду се гузашт, к-он хуршед
Ҳамчу маҳ дар саҳоби ғайб бихуфт.

Ашъори шоир

Пас аз даргузашташ танҳо 14 ҳазор байт аз шеърҳояшро ёфтанд аз он шумор то замони мо танҳо 7 ҳазор (ё зиёда то 8 ҳазор) байт расидааст. Ашъори пуррааш нашр нашудааст.

Дар адабиёти форсӣ - тоҷикӣ Хоҷа Камоли Хуҷандӣ чун шоири ғазалсаро шӯҳрат дорад. Ғазалҳои шоир хам аз лиҳози корбурди саноеи адабӣ ва ҳам аз лиҳози фасоҳату балоғат комил буда, чун намунаи олии осори лирикии адабиёти форсӣ - тоҷикӣ шинохта шудаанд.

Ин чанд байт аз ашъори Камол аст:

Дил муқими кӯи ҷонон асту ман ин чо ғариб,
Чун кунад бечораи мискинтан танҳо ғариб.
Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,
Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару бепо ғариб.
Чун ту дар ғурбат наяфтодӣ, чи донӣ ҳоли мо,
Меҳнати ғурбат надонад ҳеч кас, илло ғариб!
Ҳаргиз аз роҳи карам рӯзе напурсидӣ, ки чист
Ҳоли зори мустаманде, монда дур аз мо ғариб.
Чун дар ин даврон намеафтад касе бар ҳоли мо,
Дар чунин шаҳре, ки мебинӣ, ки афтад бо ғариб
Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол,
Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибо, во ғариб!


Харобаи дили ман пур шуд аз муҳаббати дӯст,
Мабод ҳеҷ диле холӣ аз муваддати дӯст.
Кадом давлату фурсат биёфт, ҳар ки наёфт,
Саодати шарафи васли ёру суҳбати дӯст.
Агар ба дархури ӯ хидмате намеояд,
Шавем муътакифи остони хидмати дӯст.
Расад ба ғояти ҳиммат,чунон ки дилхоҳ аст,
Забону дасту дили ман зи шукри неъмати дӯст.
Камоли хастадилу номуроду беҳосил,
Чи бошад, ар ба муроде расад зи давлати дӯст.

Ёдбуди Шоир

Тахтасанг зери пайкараи Камоли Хуҷандӣ, ш. Хуҷанд

Соли 1996 пайкараи Камоли Хуҷандӣ дар ш. Хуҷанд гузошта шудааст. (муаллиф — Камолидин Нурматович Надиров)[1].
Собиқ Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А.С. Пушкини ш. Хуҷанд баъд аз соҳиб гардидан ба истиқлолияти Тоҷикистон ба номи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ иваз карда шудааст
Боғи навсозишудаи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо пайкараи ӯ, мақбара ва хонаю чорбоғи рамзии ин шоири ширинкаломи тоҷик, дар ш. Хуҷанд 21 марти соли 2015 ифтитоҳ ёфт.[2].
Порчаҳо аз ашъори шоир якчанд маротиба дар Тоҷикистон рӯи нашр омадаанд.

Адабиёт

  • Истины. Изречения персидского и таджикского народов, их поэтов и мудрецов / Перевод Наума Гребнева. Примечания Н.Османова. — М.: Наука, 1968; СПб.: Азбука-Классика, 2005. ISBN 5-352-01412-6

Пайвандҳои беруна

Эзоҳ

Нишонаӽо