Гиёҳхорӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1: Сатри 1:
[[Акс:Soy-whey-protein-diet.jpg|thumb|Рӯи дастархони гиёҳхӯрон]]
[[Акс:Soy-whey-protein-diet.jpg|thumb|Рӯи дастархони гиёҳхӯрон]]
Гиёҳхӯрӣ,гиёҳхорӣ ё мевахорӣ (ба забони русӣ - “Вегетарианство”; ба англисӣ “Vegetarianism”) ба маънои парҳез аз хӯрдани гӯшти ҷонварон аст, ки мумкин аст ҳамчунин парҳез аз хӯроке монанди шир, маҳсулоти ширӣ, тухми мурғ ва асал, ки сарчашмаи ҷонварӣ доранд, бишавад.
Гиёҳхӯрӣ ё ки вегетарианизм - як намуди бурдани ҳаёт бе истеъмоли гӯшти ҳамагуна [[ҳайвон]] мебошад. Чандин навъи гиёҳхурӣ вуҷуд дорад. Пайравони гиёҳхӯри асил, аз истеъмол ё истифодаи ҳамагуна маҳсулоти аз ҳайвон тайёршударо парҳез мекунанд. (Масалан: [[хӯрокворӣ]]: [[шир]]и ҳайвонҳо, [[тухм]], [[асал]]; [[либос]]: [[пӯст]], [[пашм]] в. ғ.). Онҳо дар канори нахӯрдани ғизоҳои ҷонварй ба озор ва куштори ҷонварон низ мухолифат мекунанд. Ин намуди гиёҳхуронро баъзан "Гиёҳхӯри комил" ё ки "Веган" меноманд.
Чандин намуди гиёҳхорӣ вуҷуд дорад, ки вобаста ба намуди он рафтори гиёҳхорон нисбати чорво ва маҳсулоти чорводорӣ фарқ мекунад. Гурӯҳе аз мевахорон дар канори нахӯрдан ва ё камтар хӯрдани хӯроки ҷонварӣ ба озор ва куштори онҳо низ зид ҳастанд.
Бархе аз мевахорон аз пӯшидани либосҳое монанди [[чарм]], [[абрешим]] ва [[пашм]], ки аз куштани ҷонварон ба даст омада низ парҳез мекунанд. Дар “Веганизм” аз ҳама маҳсулоти ҷонварӣ – чи аз куштани онҳо ба даст омада бошанд ва чи бо баҳрагирӣ аз онҳо ([[маҳсулоти ширӣ]], [[тухм]]и мурғ, [[асал]] ва ғайра) парҳез мешавад.
Имрӯз дар ҳама кишварҳои ҷаҳон гиёҳхӯрон вуҷуд доранд ва дар баъзе кишварҳо гиёҳхӯрӣ дорои решаҳои таърихӣ ва мазҳабӣ аст.
Имрӯз дар ҳама кишварҳои ҷаҳон гиёҳхӯрон вуҷуд доранд ва дар баъзе кишварҳо гиёҳхӯрӣ дорои решаҳои таърихӣ ва мазҳабӣ аст.
Бо ин ки дар пеш гирифтани режими мевахорӣ бо шеваҳои гуногуне имконпазир аст аммо равиши умумии тамоми ин шеваҳо парҳез аз хӯрдани гӯшти ҷонварони хунгарм мебошад.


==Таърих==
==Таърих==

Нусха 07:25, 18 Декабри 2016

Рӯи дастархони гиёҳхӯрон

Гиёҳхӯрӣ,гиёҳхорӣ ё мевахорӣ (ба забони русӣ - “Вегетарианство”; ба англисӣ “Vegetarianism”) ба маънои парҳез аз хӯрдани гӯшти ҷонварон аст, ки мумкин аст ҳамчунин парҳез аз хӯроке монанди шир, маҳсулоти ширӣ, тухми мурғ ва асал, ки сарчашмаи ҷонварӣ доранд, бишавад. Чандин намуди гиёҳхорӣ вуҷуд дорад, ки вобаста ба намуди он рафтори гиёҳхорон нисбати чорво ва маҳсулоти чорводорӣ фарқ мекунад. Гурӯҳе аз мевахорон дар канори нахӯрдан ва ё камтар хӯрдани хӯроки ҷонварӣ ба озор ва куштори онҳо низ зид ҳастанд. Бархе аз мевахорон аз пӯшидани либосҳое монанди чарм, абрешим ва пашм, ки аз куштани ҷонварон ба даст омада низ парҳез мекунанд. Дар “Веганизм” аз ҳама маҳсулоти ҷонварӣ – чи аз куштани онҳо ба даст омада бошанд ва чи бо баҳрагирӣ аз онҳо (маҳсулоти ширӣ, тухми мурғ, асал ва ғайра) парҳез мешавад. Имрӯз дар ҳама кишварҳои ҷаҳон гиёҳхӯрон вуҷуд доранд ва дар баъзе кишварҳо гиёҳхӯрӣ дорои решаҳои таърихӣ ва мазҳабӣ аст. Бо ин ки дар пеш гирифтани режими мевахорӣ бо шеваҳои гуногуне имконпазир аст аммо равиши умумии тамоми ин шеваҳо парҳез аз хӯрдани гӯшти ҷонварони хунгарм мебошад.

Таърих

Маълумоти аввалин дар бораи гиёҳхӯрӣ аз Тамаддуни Водии Ҳинд дар асрҳои VII пеш аз мелод бармеояд. Гиёҳхӯрӣ боз дар солҳои 30 – 50 уми мелодӣ дар заминҳои имрӯзаи Сербия ва Булғория аз тарафи қабилаи Моеси риоя карда мешуд. Ғизои онҳо асал, шир ва панир буд. Дар маданияти Ҳинд гиёҳхӯрй бо сабаби ранҷу шиканҷа надодани ҷонварон (дар Ҳиндустон Ахимса номида мешавад) риоя карда мешуд ва аз тарафи мазҳабҳои динӣ ва файласуфон ташфиқот мешуд. Дар байни Юнониҳо, Мисриҳо ва дигарон гиёҳхӯрӣ бо максади тиббӣ ва ё ритуалӣ риоя карда мешуд.

Дар маданияти ниёгони форсу тоҷик низ ишора ба гиёхӯрй аз замонҳои қадим омадааст. Дар Шоҳномаи Фирдавсй дар бораи шоҳ Заҳҳок омадааст, ки ошпазе ба хизмати Заҳҳок меояд ва бори аввал ба ӯ аз гӯшти ҳайвонҳо хӯрок омода карда медиҳад:

“ Чу бишнид Заҳҳок, бинвохташ

Зи баҳри хуриш ҷойгаҳ сохташ

Калиди хуришхонаи подшо

Бад-ӯ дод дастури фармонраво.

Фаровон набуд он замон парвариш

Ки камтар буд аз куштаниҳо х(в)ариш.

Ҷуз аз рустаниҳо нахурданд чиз

Зи ҳарч-аз замин сарбаровард низ.

Пас Оҳармани бадкуниш рой кард

Ба дил куштани ҷонвар ҷой кард.

Зи ҳар гуна аз мурғу аз чорпой

Хуриш карда овард як – як ба ҷой.”

Мувофиқи гуфтаҳои Доктор Паллан Ичапория ишорае дар бораи гиёҳхурӣ дар матни зардуштӣ дар Китоби 6-уми Динкард, ки бо забони форсии миёна (Паҳлавӣ) аз тарафи рӯҳонӣ Атрупати Эметан навишта шудааст, омадааст: "ku.san enez a-on ku urwar khwarishn bawed shmah mardoman ku derziwishn bawed, ud az tan-i gospand pahrezed, ce amar was, eg Ohrmaz i khwaday hay.yarih i gospand ray urwar was dad,"

Ичапория ба забони англисй чунин тарҷума кардааст: "They hold this also: Be plant eaters (urwar khwarishn i.e. vegetarian), O you, men , so that you may live long. Keep away from the body of cattle (tan-i gospand), and deeply reckon that Ohrmazd, the Lord has created plants in great number for helping cattle (and men)". Тарчума ба забони тоҷикӣ: “онҳо инро низ мегуянд: Гиёҳхӯр бошед (urwar khwarishn, яъне гиёҳ хӯр), шумо мардумон то ки дарозумр бошед, даст аз тани гӯспанд парҳезед ва дарк кунед ки Ҳурмузи худой барои ёрӣ ба гӯспанд растаниҳоро офаридааст,”

Гиёҳхӯрӣ дар асрҳои 19 ва 20 аз нав эҳё шуд ва дар бисёр мамлакатҳо паҳн гашт. Соли 1847 якумин Ҷамъияти Гиёҳхурон дар Британияи Кабир ва баъдан дар Олмону Нидерланду дигар мамлакатҳо ташкил карда шуданд. Дар соли 1908 Иттифоқи Байналхалқии Гиёҳхурон ташкил карда шуд, ки он ҷамъиятҳои миллиро ба ҳам пайваст. Дар давлатҳои Ғарб гиёҳхӯрӣ бо сабабҳои парҳезӣ, этикӣ, иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист дар асри 20 хеле паҳн гардид.

Маълумоти умумӣ

Хел ва тарзҳои гиёҳхӯрӣ

Гиёҳхӯрон дар асоси тарзи фикрронй ва ҳадафашон аз гиёҳхӯрӣ ба дастаҳои мухталифе таксим мешаванд: Веган: як равиши хурокхурӣ ва зиндагй аст, ки ҳадафи он ҳифзи ҳар навъ маҳсулоти ҷонварӣ чӣ дар ғизо ва чӣ дар маводи масрафй аст. Муҳимтарин далели веган шудани афрод (касоне ки ба веганизм эътиқод доранд) масъалаҳои этикӣ ва риояи ҳуқуқи ҳайвонот, ҳифзи муҳити зист, ҳифзи саломатӣ, масъалаҳои маънавӣ ва ё мазҳабӣ аст. Бисёре аз шахсони веган ба парвариши саноатии ҳайвонот ва озмоиши онҳо мухолифат мекунанд. Аз мухимтарин маҳсулоти ҳайвонӣ, ки веганҳо аз истифодаашон худдорӣ мекунанд метавон намудҳои гушт (гӯшти сурх, моҳй, мурғ ва гайра), шир, тухм, асал, абрешим, чарм, ва ғайраро ном бурд, ва низ маҳсулоте ки, дар онҳо аз маҳсулоти ҳайвонй (ба монанди желе ки аз желатин ба даст меояд) истифода шудааст. Хомгиёҳхурон: дар ин равиши таомхурӣ гӯшт, шир ва маҳсулоти ширй, тухми мурғ ба ҳеҷ навъ ва сурате масраф намешавад. Хомгиёҳхурон аз маводи монанди қаҳва, чой нушокиҳои спиртӣ ё сигор худдорй мекунанд ва онҳоро ба кор намебаранд. Ғизоҳои онҳо аз намудҳои меваҷот, сабзавот ва салатҳои хом, хушкмева монанди чормагз, писта, финдиқ, бодом, кунҷит ва донаҳои гандум, наск, мош, нахуд, соя ва шириниҳо мисли мавиз, хурмо анҷир иборат аст, ва онҳоро дар сурати хом ва табиӣ истифода мебаранд. Мевахурон: Он даста аз хом гиёҳхуроне ҳастанд ки танҳо аз меваҳо ва маҳсулоти гиёҳон истифода мекунанд. Лакто-вегетарианҳо: гиёҳхуроне ки намудҳои гушт ва тухми мургро истифода намекунанд, аммо шир ва маҳсулоти шириро истифода мабаранд. Ово- вегетарианҳо: гиёҳхуроне ки маҳсулти гуштӣ ва шириро истифода намебаранд, лекин тухми мурғро истифода мебаранд Ово-лакто вегетарианҳо: гиёҳхуроне ки маҳсулоти ширӣ ва тухми мурғро истифода мебаранду аз гушт ва маҳсулоти гуштӣ парҳез мекунанд. Нимгиёххурон: гиёҳхуроне ки гушти сурхро парҳез мекунанд, аммо гушти мург ва моҳиро истифода мекунанд. Пескетарианҳо: гиёҳхуроне ки аз гушти сурх ва мург парҳез мекунанд, аммо гушти моҳиро истифода мебаранд.

Саломатӣ ва нигарониҳо

Аз он cабабе ки бештари гиёҳхӯрон аз ғизоҳои ҳайвонӣ истифода намекунанд ва инчунин бо назардошти он ки холестерин яке аз намудҳои равганҳоест ки танҳо дар ғизоҳои ҳайвонӣ вуҷуд дорад, метавон натиҷа гирифт ки сатҳи холестерини хуни гиёҳхӯрон поён буда ва ин фактор метавонад сабаби пешгирӣ аз бемориҳое ҳамчун фишори хун, атеросклероз ва сактаи дил шавад. Имрӯзҳо собит шудааст, ки касоне ки ба миқдори зиёд аз маҳсулоти гӯштӣ истеъмол мекунанд, бештар ба бемориҳои дил, бемории гурда ва саратон гирифтор мешаванд. Ҳамчунин кам будани равғанҳо дар ғизои гиёҳхӯрон дар пешгирии фарбеҳӣ ва гиперлипидемия ва оқибатҳои он, аз ҷумла саратони простата, инчунин сатҳи баланди нахҳои ғизоӣ дар пешгирии қабзият ва саратони рӯдаи ғафс кӯмак мерасонад. Тадқиқоти нав [5] [6] нишон медиҳад, ки режими ғизоии гиёҳхӯрон метавонад калиди зиндагии тӯлонӣ бошад. Бино ба ин тадқиқот, кам кардани истеъмоли сафеда ба монанди гӯшт метавонад раванди пиршавиро дар одамон коҳиш диҳад ва инчунин давомнокии умрро зиёд кунад. Донишмандон солҳост, ки эътиқод доранд режимҳои ғизоии камкалория ки андозаи сарфи калория дар онҳо тақрибан 60 дарсади режимҳои имрӯзае аст метавонад сабаби афзоиши умри инсонҳо шавад. Аммо донишмандони англис кашф карданд, ки калиди зиндагии тӯлонӣ коҳиши андозаи сарфи протеин аст ва на маҷмӯаи калорияи дарёфтии инсонҳо. Ба ин тартиб бар асоси кашфиёти навин мардум бидуни ниёз ба коҳиши андозаи калория ки дар тӯли рӯз сарф мекунанд метавонанд бо камтар сарф кардани маводи протеинй монанди гӯшт, моҳӣ ва ғайра умри худро афзоиш диҳанд. Доктор Мэттью Пайпер аз донишгоҳи колеҷи Лондон дар ин бора мегуяд: режимҳои ғизоии вобаста ба гиёҳхӯрӣ яке аз равишҳои расидан бар ин ҳадаф аст. Пажӯҳишҳои мо нишон медиҳад, ки коҳиши 30 дарсад дар андозаи калория дар тӯли рӯз метавонад хатари гирифтори саратон ва ҳамлаи дилро наздик ба 50 дарсад коҳиш дода ва тӯли умри инсонҳоро 33 дарсад афзоиш диҳад. Донишмандон бо анҷоми пажӯҳишҳо бо магасҳо муайян намуданд, ки аминокислотаҳо таъсири зиёде ба умри инсонҳо доранд. Бахусус тағйир дар андозаи сарфи як аминокислота ба номи метионин бисёр дар афзоиши тӯли умр вобаста будааст. Агарчӣ байни инсонҳо ва магасҳо тафовути зиёде вуҷуд дорад, аммо пажӯҳишгарон боварй доранд, ки натиҷаи ин озмоишҳо ба қисми зиёди ҳайвоноти гуногун ва ҳамчунин инсонҳо мувофиқат мекунад. Метионин дар шаклгирии бисёре аз протеинҳо лозим аст. Ин модда ба таври табиӣ дар ғизоҳое монанди моҳӣ, гӯшт ва тухм вуҷуд дорад. Он ҳамчунин дар маводҳои растанӣ ба монанди меваву сабзавот ва лӯбиёгиҳо ба миқдори кам мавҷуд аст. Мувофиқи маълумоти Анҷумани Диетологии Амрико (ADA) режимҳои ғизоии гиёҳхӯрон, гиёҳхӯрони комил ё веганҳо солим ҳастанд ва на танҳо маводи хурокаи лозим барои баданро таъмин мекунанд, балки дар пешгирӣ ва дармони бемориҳои ҳамчун фарбеҳӣ, диабети қанд ва бархе саратонҳо судманданд.

Давомнокии умр

Як пажӯҳиши умумӣ дар соли 1999 [8] натиҷаҳои 5 пажӯҳишҳои ғарбиро дар ин замина ҷамъбаст кард. Ин анализи пажӯҳишӣ мизони маргро (уровень смертности) ингуна гузориш кард (рақамҳои хурдтар нишондиҳандаи марги камтар аст): дар байни шахсони моҳихур 0,82, гиёҳхӯрон 0,84, гӯштхӯрони гоҳгоҳӣ 0,84, гӯштхӯрони муназзам ва веганҳо ҳам бештарин мизони марг ба андозаи 1 – ро доштанд. Ин мутолиа теъдоди маргҳоро дар ҳар даста гузориш кардааст ва интизори тоифае аз хатоҳоро дорад, ки барои ҳар нисбат ва параметрҳо сурат гирифтааст, мумкин аст рӯй диҳад. Ба ҳар ҳол “мизони марги камтар, бисьёр ба хотири (нисбатан) камтар тамокукашӣ дар ин гиёҳхурон будааст”. Дар сабабҳои асосии марг ки пажӯҳиш шудаанд, танҳо як тафовут дар мизони марг ба режими ғизоӣ нисбат дода мешавад, ки “гиёҳхӯрон дар муқоиса бо гӯштхӯрон 24 дарсад мизони марги камтаре бар асари бемории ишемии дил доштанд; ва ҳеҷ вобастагие байни режими ғизоии гиёҳхӯрӣ бо дигар сабабҳои асосии марг муайян нашуд.” [8] Дар “мизони марги гиёҳхӯрони бритониёӣ”[9] натиҷаи монанде ба даст омад: “гиёҳхӯрони бритониёӣ мизони марги камтаре дар муқоиса бо мардуми оддӣ доранд. Мизони марги онҳо монанди шахсони ғайригиёҳхӯр қобили муқоиса бо онҳост, ки нишон медиҳад, бештари ин бартарӣ метавонад ба факторҳои сабки зиндагии новобаста ба режими ғизоӣ нисбат дода шавад, мисли камтар тамоку кашидан ва вазъияти иҷтимоӣ ва иқтисодии умуман болои онҳо, ё паҳлуҳои дигари режими ғизоии онҳо ғайр аз парҳез аз гӯшт ва моҳӣ.” [10] Пажӯҳиши беҳдошт ва тандурустии адвинтистон - пажӯҳиш дар ҷараёне аст оиди давомнокии умри адвентистҳои рӯзи ҳафтум. Ин танҳо пажӯҳише аст дар байни дигар пажӯҳишҳо ки гувоҳи мусбатеро барои гиёҳхӯрӣ дорад. Пажӯҳишгарон дарёфт карданд, ки комбинацияи сабкҳои зиндагии мухталиф метавонад давомнокии умрро то ба андозаи 10 сол таҳти таъсир қарор диҳад. Дар байни сабкҳои зиндагии мухталиф баррасишуда, режими ғизоии гиёҳхӯрӣ тахмин карда шуд ки ҳудуди 1,5 - 2 сол ба зиндагӣ бияфзояд.[11] Пажӯҳиши беҳдошт ва тандурустии адвентистон. Дар як пажӯҳиши дигар низ ин масъала таҳти тадқиқот бо номи “оё масрафи ками гӯшт давомнокии умрро дар инсонҳо афзоиш медиҳад?” гирифта шудааст, ки тавассути Журнали Амрикоии Диетологияи Тиббӣ нашр шудааст. Ин пажӯҳиши ҷамъбастӣ нишон дод ки истеъмоли камтари гӯшт (камтар аз як бор дар як ҳафта) ва дигар интихобҳои сабки зиндагӣ ба сатҳи назаррас давомнокии интизоршавандаи умрро афзоиш медиҳад.[12] Ин пажӯҳиш хулоса дод, ки “ натиҷаҳо аз як гурӯҳи калонсолони солим ин эҳтимолро боло мебарад ки пайравии тӯлонӣ (зиёда аз 2 даҳсола) аз як режими гиёҳхӯрӣ метавонад баъдан ба муҳлати 3 – 6 сол афзоиш дар давомнокии умрро таъмин кунад.”

Ба ҳар ҳол ин мутолиа ҳамчунин натиҷа гирифт “ баъзе аз чандсониҳо дар бартарии зинда мондан дар гиёҳхӯрон мумкин аст бар асари тафовутҳои назаррас дар байни пажӯҳишҳои дар ин мавридҳо буда бошад: муқоисаҳои оморӣ, муайян кардани намудҳои гиёҳхӯрӣ, хатогиҳои ченкунӣ, тақсимоти синну сол, таъсири довталаби солим ва хӯрдани гиёҳҳои ғизоии хос аз тарафи гиёҳхӯрон. Ин пажӯҳиш ҷилватар мегӯяд: “Ин масъала ин эҳтимолро боло мебарад ки як диетаи камгӯшт ва пургиёҳ мумкин аст омили муҳофизатии сабабноки дуруст бошад ба ҷои танҳо дур кардани гӯшт аз режими ғизоӣ”. Дар як шарҳи охир бар пажӯҳишҳои марбут ба шаблонҳои режими камгӯшт вобаста ба мизони марг бо сабабҳои гуногун Сингх ёдовар мешавад ки “5 то аз 5 пажӯҳиш ишора мекунанд ки калонсолоне ки аз як шаблони камгушт ва пургиёҳ пайравӣ кардаанд нисбат ба шаблонҳои дигари ғизоӣ коҳиши назаррасе дар хатари фавт доранд. Анализҳои оморӣ, ҳамчун муқоисаи давомнокии умр бо маҳалли зиндагӣ ва режими ғизоии маҳаллӣ дар Аврупо ҳам, давомнокии умрро дар сатҳи назаррас дар ҷануби Фаронса бештар ёфтаанд, ки дар он ҷо режими баҳримиёнагии камгушт ва пургиёҳ маъмул аст, дар муқоиса бо шимоли Фаронса ки дар он ҷо режими бомӯҳтавои гӯштӣ зиёд маъмул аст. [13]

Ҷуғрофия

Ошхонаи гиёҳхӯрӣ

Бингаред

Пайнавиштҳо