Абдусалом Деҳотӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х Имло, replaced: шуҳрат → шӯҳрат using AWB
х →‎Манобеъ: Адибон using AWB
Сатри 72: Сатри 72:
[[Гурӯҳ:Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дар Самарқанд таваллудшудагон]]
[[Гурӯҳ:Дар Самарқанд таваллудшудагон]]
[[Гурӯҳ:Адибон]]

Нусха 12:25, 30 Январ 2017

Абдусалом Деҳотӣ
Таърихи таваллуд: 14 март 1911(1911-03-14) ё 1911
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 30 январ 1962(1962-01-30)[1]
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, нависанда
Забони осор: тоҷикӣ
Ҷоизаҳо:
Order of the Patriotic War 1st class ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени «Нишони Фахрӣ»

Абдусалом Деҳотӣ - (14 март, 1911, д. Боғимайдони н. Самарқанд31 январ, 1962, ш. Душанбе), шоир, нависанда, дромнавис, луғатшинос, арбоби давлатӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (соли 1934).

Зиндагинома

Абдусалом Деҳотӣ 14 март, 1911, дар деҳаи Боғимайдони ноҳияи Самарқанд ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро соли 1930 хатм кардааст. Аз соли 1931 дар ш. Самарқанд, дар рӯзномаи “Ҳақиқати Ӯзбекистон” ва шуъбаи Нашриёти давлатии Тоҷикистон кор мекард. Соли 1935 ба Сталинобод ҳозира (Душанбе) омада, дар идораи маҷаллаи “Барои адабиёти сотсиалистӣ” кор кардааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941 - 1945) корманди Нашриёти давлатии Тоҷикистон, пас аз ҷанг котиби масъул ва муҳаррири журнали “Шарқи Сурх”, муҳаррири маҷаллаи “Тоҷикистон”, котиби иҷроияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, мудири шуъбаи адабиёти бадеӣ ва сармуҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон буд ва ба сифати яке аз арбобони барҷастаи матбуоту нашриёти тоҷик шӯҳрат пайдо кард. Солҳои 19461949 ходими илмии Институти забон, адабиёт ва таърихи филиали тоҷикистонии АИ СССР буда, бо Н. Н. Ершов “Луғати русӣ - тоҷикӣ” – ро таҳрир намуд (1949). Дар таҳрири чанд ҷилди тарҷумаи тоҷикии асарҳои В. И. Ленин иштирок дошт. Аз соли 1959 то охири умр корманди илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон, яке аз муҳаррирони “Фарҳанги забони тоҷикӣ” (ҷ. 1 – 2, М., 1969) буд. Яке аз донишмандони забону адабиёти тоҷик ва аввалин муҳаррири асарҳои илмии Садриддин Айнӣ буда, дар таҳияи нахустин маҷмӯаи шеърҳои Рӯдакӣ (с.1940) бо Садриддин Айнӣ ҳамкорӣ кардааст. “Ҳафт пайкар” ва “Лайливу Маҷнун” – и Низомӣ, мухтасари “Куллиёт” – и Саъдӣ, “Латифаҳои тоҷикӣ” – ро ба чоп ҳозир кардааст.

Эҷодиёт

Фаъолияти адабии Деҳотӣ аз соли 1928 сар шуда, дар назм, наср, драматургия, адабиёти бачагона асарҳои зиёде офаридааст. Дар шеър яке аз шогирдони Садриддин Айнӣ буд. Бисёре аз шеърҳои лирикии ӯ ба оҳанг дароварда шуданд. “Манзараҳои сегона” (1934) якумин намунаи достони лирикӣ дар адабиёти советии тоҷик буда, сюжети яклухт надорад ва образи қаҳрамони лирикӣ хеле қувват гирифта, се қисми асарро, ки ба меҳнати коргарони фабрикаи “Ҳуҷум” – и ш. Самарқанд (қ.1), муборизаи меҳнаткашони Тоҷикистон (қ.2) ва фидокориҳои пахтакорони водии Фарғона (қ.3) бахшида шудааст, ба ҳам муттаҳид мекунад. Дар лирикаи ватандӯстонаи Деҳотӣ дар солҳои ҶБВ оҳанги публисистии ҷанговарона бо лиризми ҳароратноке ҷӯр шуда, эҳсосоти мудофеони Ватанро амиқтар зоҳир намуд. Пас аз ҷанг ва дар с – ҳои 50 – ум дар лирикаи Деҳотӣ мавзӯи муҳофизати сулҳ ва муборизаи зидди оташафрӯзони ҷанги нав мавқеи асосӣ ишғол намуд. Насри Деҳотӣ аз ҳикояҳои ҳаҷвӣ, очеркҳо ва мақолаҳои публисистӣ иборат аст. Муҳимтарин хусусияти ҳикояҳои ҳаҷвии ӯ қувват гирифтани ҷанбаи публисистӣ, ба нақл ҳамроҳ шудани андешаву мулоҳизоти публисистона, фаровон истифода гардидани унсурҳои этнографӣ мебошад. Драматургияи Деҳотӣ аз драмаи мусиқавии “Хисраву Ширин” (1936), ки ҳамроҳи Мирзо Турсунзода дар асоси достони Низомӣ навишта буд, сар шудааст. Драмаи манзуми “Шӯриши Восеъ” (1940), ки низ ҳамроҳи М.Турсунзода навишта шуда буд, асоси либреттои нахустин операи тоҷикӣ қарор ёфтааст (бастакор Сергей Баласанян). Дар ин дром оҳангҳои фолклорӣ ва иқтибоси фолклор яке аз воситаҳои асосии зоҳир кардани рӯҳи деҳқонони исёнгар ва ба вуҷуд овардани образи пешвои шӯриш мебошад. Дигар драмаи манзуми Деҳотӣ “Комде ва Мадан” (1952, дар асоси як сюжети “Ирфон” – и Бедил) низ либреттои опера шудааст (бастакор Зиёдулло Шаҳидӣ). “Нур дар кӯҳистон” (1947) драмаи қаҳрамонист дар бораи нахустин муаллимони Ғарм, ки аз дасти босмачиён ҳалок гардида буданд, пйесаи якпардагии “Қиссаи Таърифхӯҷаев” (1953, бо ҳамроҳии Боқи Раҳимзода) комедияи ҳаҷвӣ мебошад. Шеърҳои бачагонаи Деҳотӣ асосан аз охири солҳои 40 – ум ба муносибати аз тарафи ӯ тартиб дода шудани китобҳои хониши мактаби ибтидоӣ (синфҳои 1 - 4) ба вуҷуд омадаанд. Содагӣ, равонӣ ва самимияти шеъри ӯ, хусусан, дар ин асарҳо барҷастатар намудор шудааст. Аксари ин шеърҳо ҷилваҳои психологияи кӯдакро нозук ифода намуда, дар адабиёти бачагонаи тозабунёди тоҷик мавқеи муайян ишғол кардаанд. Дар бораи шоирони кӯҳистон, аз ҷумла водии Ҳисор тадқиқот бурдааст. Тарҷумаи тоҷикии бисёр асарҳои Кирилов, Некрасов, Шевченко, Байрон, Ҷ. Родарӣ ва диг. ба қалами Деҳотӣ тааллуқ дорад.[2]

Осор

Муаллифи маҷмӯаҳои:

  • “Манзараҳои сегона”,
  • “Таронаҳои меҳнатӣ”
  • “Меваи Октябр” (с.1934),
  • “Шеърҳо ва ҳикояҳо” (1940),
  • китоби “Шеърҳои мунтахаб” (1945),
  • “Асарҳои мунтахаб” (1949, 1957),
  • “Ҳадя ба хурдтаракон” (1954),
  • “Ҳаёт қадам мезанад” (1961),
  • “Бунафша” (1963),
  • драмаи мусиқии “Хусрав ва Ширин” (бо ҳамқаламии М.Турсунзода, 1936),
  • либреттои операи “Шӯриши Восеъ” (1940),
  • либреттои операи “Комде ва Мадан” (1952),
  • маҳзакаи “Қиссаи Таърифхоҷаев” (бо ҳамқаламии Б.Раҳимзода, 1953).
  • “Куллиёт” Иборат аз панҷ ҷилд (1965-1966).

Мукофот

  • ду ордени байрақи Сурхи Меҳнат
  • ду ордени “Нишони Фахрӣ” ва чанд Ифтихорномаи Фахрии Раёсати Шӯрои Олии ҶШСТ мукофотонида шудааст.

Некдошт

Ба номи ӯ яке аз кӯчаҳои ш. Душанбе ва ш. Самарқанд гузошта шудааст.[3]

Манобеъ

  1. 1.0 1.1 Дехоти Абдусалом Пирмухаммад-заде // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  2. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 558-560
  3. Аслҳо ва наслҳо. – Душанбе, 2013, - с.50