Хусрави Деҳлавӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
таҳрир
No edit summary
Сатри 1: Сатри 1:
{{Адиб
[[Акс:Amir Khusro.jpg|thumb|Amir Khusro]]
|Ном = Хусрави Деҳлавӣ
'''Яминуддин Абдулҳасан Амир Хусрави Деҳлавӣ''' {{lang-fa|ابوالحسن یمین‌الدین خسرو}}, {{lang-hi|अबुल हसन यमीनुददीन ख़ुसरो}} - мутахаллис ба Хусрав бузургтарин намояндаи адабиёти форсизабони [[Ҳиндустон]] буда бо осори пурқиматаш асоси адабиёти форсизабонро дар он сарзамин мустаҳкам гардонида аст ва дар роҳи ривочу равнақи минбаъдаи адабиёти форсу тоҷик саҳми бесазое гузошта аст.
|Номи аслӣ = Яминуддин Абдулҳасан Амир Хусрави Деҳлавӣ''' ({{lang-fa|ابوالحسن یمین‌الدین خسرو}}
|Акс = Amir Khusro.jpg
|Тавсифи акс =
|Ном ҳангоми таваллуд =
|Номи пурра =
|Тахаллусҳо =
|Зодрӯз = 1253
|Зодгоҳ = деҳаи [[Синдев]]и {{Зодгоҳ|Деҳлӣ|Деҳлӣ}}, [[Ҳиндустон]]
|Санаи марг = 1325
|Маҳалли вафот = {{МаҳаллиМарг|Деҳлӣ|шаҳри Деҳлӣ}}, [[Ҳиндустон]]
|Табаият =
|Намуди фаъолият = [[шоир]]
|Солҳои фаъолият =
|Самт =
|Жанр = [[достон]], [[девон]]
|Забони осор =
|Мукофотҳо =
|Ҷоизаҳо =
|Lib =
|Сайт =
}}
'''Яминуддин Абдулҳасан Амир Хусрави Деҳлавӣ''' ({{lang-fa|ابوالحسن یمین‌الدین خسرو}}, {{lang-hi|अबुल हसन यमीनुददीन ख़ुसरो}}) - мутахаллис ба Хусрав бузургтарин намояндаи адабиёти форсизабони [[Ҳиндустон]] буда бо осори пурқиматаш асоси адабиёти форсизабонро дар он сарзамин мустаҳкам гардонида аст ва дар роҳи ривочу равнақи минбаъдаи адабиёти форсу тоҷик саҳми бесазое гузошта аст.


Амир Хусрави Дехлавӣ, ки аз номовартарин ва пурмахсултарин суханварони адабиёти форсист, дар густариши адабиёти форси Хинд ва реша пахн кардани унсурҳои асосии он бештар аз хама хизмат кардааст.
Амир Хусрави Дехлавӣ, ки аз номовартарин ва пурмахсултарин суханварони адабиёти форсист, дар густариши адабиёти форси Ҳинд ва реша паҳн кардани унсурҳои асосии он бештар аз ҳама хизмат кардааст.
: Агар таҳсини шеъри хештан бар дасти хеш астӣ,
: Агар таҳсини шеъри хештан бар дасти хеш астӣ,
: Ҳама кас хештанро Рудакию Унсурӣ хонад.
: Ҳама кас хештанро Рӯдакию Унсурӣ хонад.
: Вале гаввоз аз дарё гуҳар берун кашад, аммо,
: Вале ғаввоз аз дарё гуҳар берун кашад, аммо,
: Чу вақти қимат ояд, қимати он гавҳарӣ донад.
: Чу вақти қимат ояд, қимати он гавҳарӣ донад.
Хусрави Дехлавӣ
Хусрави Дехлавӣ


== Ҳаёти шоир ==
== Зиндагинома ==
Номи аслии шоир Яминиддин, лақабаш Абулҳасан буда, Хусрав тахаллуси адабии ӯ мебошад. Гузаштагони Хусрав дар Мовароуннаҳр зиндагӣ кардаанд. Падари Хусрави Деҳлавӣ дар ҳангоми истилои муғул ватани худ-шаҳри Кешро тарк намуда, ба Ҳиндустон ҳиҷрат мекунад.
Номи аслии шоир Яминиддин, лақабаш Абулҳасан буда, Хусрав тахаллуси адабии ӯ мебошад. Гузаштагони Хусрав дар Мовароуннаҳр зиндагӣ кардаанд. Падари Хусрави Деҳлавӣ ҳангоми истилои муғул ватани худ - шаҳри Кешро тарк намуда, ба Ҳиндустон ҳиҷрат мекунад.
Шоир дар асарҳои худ дар кадом сол таваллуд шудани худро кайд намекунад, аммо дар кадом сол чандсола будани худро равшан зикр кардааст. Чунончи, дар «Киронуссаъдайн» менависад:
Шоир дар асарҳои худ дар кадом сол таваллуд шудани худро қайд намекунад, аммо дар кадом сол чандсола будани худро равшан зикр кардааст. Чунончи, дар «Қиронуссаъдайн» менависад:


: Он чи ба таърих зи ҳиҷрат гузашт,
: Он чи ба таърих зи ҳиҷрат гузашт,
Сатри 143: Сатри 165:
: Ту хоҳӣ, лек ин фармон нахоҳад.
: Ту хоҳӣ, лек ин фармон нахоҳад.


Илова: Шоир 24 сентябри соли 1253 дар канори руди муқаддаси Ганг дар шаҳри Патёли ки 300 км дуртар аз Деҳлӣ ҷойгир буд, ба дунё омадааст. Модари у Давлатноз ном дошт. Шоир 27 сентябри соли 1325 вафот кардааст.
Илова: Шоир [[24 сентяб]]ри [[соли 1253]] дар канори руди муқаддаси Ганг дар шаҳри Патёли ки 300 км дуртар аз Деҳлӣ ҷойгир буд, ба дунё омадааст. Модари у Давлатноз ном дошт. Шоир [[27 сентябр]]и [[соли 1325]] вафот кардааст.
== Адабиёт ==
== Адабиёт ==
* Бертельс Е. Э. Роман об Александре и его главные версии на Востоке, М.-Л., 1948.
* Бертельс Е. Э. Роман об Александре и его главные версии на Востоке, М.-Л., 1948.

Нусха 05:54, 4 марти 2017

Хусрави Деҳлавӣ
Таърихи таваллуд: 1253[1][2]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 27 сентябр 1325
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: шоир, файласуф, нависанда, мусиқидон
Жанр: ғазал
Забони осор: арабӣ[2], туркӣ[2], ҳиндӣ[2], форсӣ[1][2] ва урду
 Парвандаҳо дар Викианбор

Яминуддин Абдулҳасан Амир Хусрави Деҳлавӣ (форсӣ: ابوالحسن یمین‌الدین خسرو‎, ҳиндӣ: अबुल हसन यमीनुददीन ख़ुसरो) - мутахаллис ба Хусрав бузургтарин намояндаи адабиёти форсизабони Ҳиндустон буда бо осори пурқиматаш асоси адабиёти форсизабонро дар он сарзамин мустаҳкам гардонида аст ва дар роҳи ривочу равнақи минбаъдаи адабиёти форсу тоҷик саҳми бесазое гузошта аст.

Амир Хусрави Дехлавӣ, ки аз номовартарин ва пурмахсултарин суханварони адабиёти форсист, дар густариши адабиёти форси Ҳинд ва реша паҳн кардани унсурҳои асосии он бештар аз ҳама хизмат кардааст.

Агар таҳсини шеъри хештан бар дасти хеш астӣ,
Ҳама кас хештанро Рӯдакию Унсурӣ хонад.
Вале ғаввоз аз дарё гуҳар берун кашад, аммо,
Чу вақти қимат ояд, қимати он гавҳарӣ донад.

Хусрави Дехлавӣ

Зиндагинома

Номи аслии шоир Яминиддин, лақабаш Абулҳасан буда, Хусрав тахаллуси адабии ӯ мебошад. Гузаштагони Хусрав дар Мовароуннаҳр зиндагӣ кардаанд. Падари Хусрави Деҳлавӣ ҳангоми истилои муғул ватани худ - шаҳри Кешро тарк намуда, ба Ҳиндустон ҳиҷрат мекунад. Шоир дар асарҳои худ дар кадом сол таваллуд шудани худро қайд намекунад, аммо дар кадом сол чандсола будани худро равшан зикр кардааст. Чунончи, дар «Қиронуссаъдайн» менависад:

Он чи ба таърих зи ҳиҷрат гузашт,
Буд сана шашсаду ҳаштоду ҳашт.
Соли ману рӯз агар барраси,
Рост бигӯям, ки шаш буду си.

Дар ҷои дигар:

Кунун, ки шашсаду ҳаштоду чор шуд таърих,
Маро ба сию се омад навиди сию чаҳор.

Агар аз руи нишондоди порчаи болои соли 652 ҳиҷрӣ таваллуд шудани Хусрави Деҳлавӣ маълум шавад, аз далели дигар дар соли 651 таваллуд ёфтани шоир таъин мегардад. Аз ин ру, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки Хусрави Деҳлавӣ дар охири соли 651 ҳиҷрӣ, яъне 1253 мелоди дар шаҳрчаи Патёли наздикии Деҳлӣ таваллуд ёфта будааст. Азбаски шоир бисёрии умри худро дар шаҳри Дехлӣ гузаронида, дар он ҷо вафот ёфтааст ва мадфани ӯ низ дар он ҷост, нисбати Деҳлавӣ мегирад. Дар соли 1261, ки Хусрави Деҳлавӣ ҳаштсола буд, падари ӯ дар ҷанги зидди ҳуҷуми муғул кушта мешавад. Бобои модарии Хусрави Деҳлавӣ Имодулмулк кудаки ҳаштсоларо дар тахти назорати худ мегирад ва барои аз худ намудани илму дониш ба ӯ кумак мерасонад. Дар байни солҳои 1276—1278 Хусрави Дехлави ба дарбор кашида мешавад ва пас аз ин зиндагии дарбории шоир сар мешавад. Соли 1279 дар дарбори Туграл, ки хокими Бангола буд, хизмат карда, баъд аз ин шоирро писари калонии Ғиёсуддин Балбан султон Муҳаммадхон, ки ҳокими Мултон буд, ба дарбори худ талабид. Дар он чо Хусрави Деҳлавӣ дар муддати панч сол хизмат мекунад. Баъди вафоти Ғиёсиддин Балбан (1287) Муиззиддин Кайқубод ба тахти салтанат баромада, Хусравро ба дарбори худ даъват мекунад, вале азбаски тамоми кору бори салтанат ба дасти яке аз дарбориёни бонуфуз Низомиддин буд ва ин шахс бо Хусрави Деҳлавӣ дар муносибати хуб набуд, шоир таклифи ба дарбори Муизиддин рафтанро кабул намекунад. Дар соли 1299 дар хаёти шоир бадбахтие руй медихад. Модар ва бародари хурди шоир дар байни як хафта вафот мекунанд. Хусрави Деҳлавӣ дар достони «Мачнун ва Лайли» аз ин ходиса бо сузу гудоз накл намудааст:

К-имсол ду нур зи ахтарам рафт,
Ҳам модару ҳам бародарам рафт.
Як ҳафта зи бахти тофтаи ман
Гум шуд ду маҳи ду ҳафтаи ман

Хусрави Деҳлавӣ соҳиби фарзандони зиёд буд, аз руи гуфтаҳои худи ӯ маълум мешавад, ки вай як духтар (Афифа ё худ Мастура ва панч писар (Масъуд, Хизр, Рукниддин, Айниддин, Малик Ахмад ва Мухаммад) доштааст, ки аз байни онхо Малик Аҳмад дар замони худ ҳамчун шахси бофазлу адаб ном бароварда буд. Хусрави Деҳлавӣ 18-уми шавволи 725 хичри (27 сентябри соли 1325) вафот мекунад ва ӯро дар назди қабри Низомиддин ба хок месупоранд.

Мероси адабии Хусрави Деҳлавӣ

Хусрав яке аз пурмаҳсултарин шоиронест, ки қувваи эҷодии худро қариб дар ҳамаи намудҳои шеърии замони худ санҷида, чи дар назм ва чи дар наср асарҳои зиёде навиштааст. Қисми асосии мероси адабии Хусрав ба забони форсист. Инчунин ба забонҳои урду ва хинди низ асар навишта будааст.

Д е в о н ҳ о и Х у с р а в

Дар солҳои аввали эҷодиёти худ Хусрави Дехлавӣ, асосан ғазалу қасида менавишт ва тахаллуси аввалаи ӯ Султонӣ буд ва бо ин тахаллус дар девони якуми у бисёр ғазалҳоро дидан мумкин аст. Тахаллуси дуюм ва асосии шоир Хусрав аст. Ба навиштани достон шоир аз синни 36-солагӣ шурӯъ менамояд. Ашъори лирикии шоир дар панҷ девон гирд оварда шудааст. Ин панҷ девон дар давраҳои гуногуни ҳаёти шоир тартиб дода шудаанд ва Хусрав мувофики давраҳои синну соли худ ба хар кадоми онхо номи махсусе додааст. Тухфатуссигар (Тухфаи чавони) — девони аввалини шоир мебошад, ки ашъори уро то синни нуздахсолаги дар бар мегирад. Дар дебоча Хусрави Дехлавӣ дар бораи дар айёми хурдсоли ба шеърнависи шугл варзидани худ, оид ба тахаллуси аввалааш Султони, инчунин доир ба масъалаи имтихон шудани у дар сохаи назм ва амсоли инхо сухан меронад. Васатулхаёт (Миёнаи хаёт). Ин девон ашъори то синни 34-солагии шоирро дар бар мегирад. Марсияҳои дар хакки султон Мухаммад Коон машхур ба Хони шахид навиштаи Хусрав дар он дохил шудаанд. Гурратулкамол Ин девон ашъори айёми камолот, яъне давраи 34-40 солагии шоирро дар бар мегирад. Девон дебочаи муфассале дорад, ки дар он шоир аз бисёр масъалаҳои мӯҳими адабиёт, инчунин аз тарчимаи холи худ сухан меронад. Бакиятулнакия дар соли 1318 (ё ки соли 1316) мураттаб шудааст. Касидаву тарчеъбанд ва таркиббандҳои ин девон ба таърифи Низомиддин Авлиё, султон Алоуддин ва писарони у Муборакшох ва Хизрхон ва чанде аз дарбориени бонуфуз бахшида шудаанд. Дар ин девон мисли девонҳои дигари муаллиф газалиёт, китъаот ва рубоиёт низ дохил гардидаанд. Нихоятулкамол Девони панчумин ва охирини Хусрави Дехлави мебошад. Дар ин девон марсияи Гиёсуддин Туглук (с.в.1325) ва касидахо дар васфи писари Гиёсуддин султон Мухаммад Туглук (1325—1351) низ дарч шудаанд. Аз ин ру, метавон гуфт, ки «Нихоятулкамол» чанд мох пеш аз вафоти Хусрави Деҳлавӣ чамъовари гардидааст. Дебочаи девон дар хамди Худову наъти пайгамбар ва тавсифи Низомиддин Авлиё мебошад. Девон касоиду тарчеъбанд, маснавиҳои хачман хурд, газалиёт, китъаву рубоиётро дар бар мегирад. Ба калами шоир зиёда аз 300 касида тааллук дорад, ки дахяки онхо касидаҳои фалсафи мебошанд. Дар ин гуна касидахо бисер фикрҳои ичтимои ва тарбияви-ахлокии замони шоир акс гардидаанд. Ба як катор касидаҳои шоир (ба мисли «Дарёи аброр» ва гайрахо) бисёр намояндагони адабиёти минбаъда, аз чумла Абдураҳмони Ҷоми ва Алишер Навои назира навиштаанд.

Маснавиёти Амир Хусрав

Аз соли 1289 сар карда, Хусрави Дехлави дар баробари жанрҳои лирики ба эҷод намудани асарҳои эпики низ шуруъ менамояд. Дар жанри достон Амир Хусрав худро шогирди Низомии Ганчави мешуморад ва онро дар чанд чои осори худ таъкид менамояд. Аввалин достони худ — «Киронуссаъдайн»-ро соли 1289 навиштааст ва дар соли 1291 достони дуюми худ «Мифтохулфутух»-ро эҷод менамояд. Дар байни солҳои 1299—1302 Хусрави Дехлави ба «Хамса»-и Низомии Ганчави чавоб менависад. Хамса-и Амир Хусрав аз ин достонхо фароҳам омадааст: Матлауланвор, Ширин ва Хусрав, Мачнун ва Лайли, Хафт бихишт, Оинаи Сикандари. Баъди достони «Хамса» Хусрав боз се достони дигар — «Дувалрони ва Хизрхон» (соли 1316), Нух Сипехр (соли 1318) ва Туглукнома (такрибан соли 1324) — ро таълиф менамояд. Гайр аз ин достон шоир боз чанд достони дигари хачман хурд низ навиштааст. Аз чумла, достони «Асбнома» — ро шоир ба хокими Авад Али Сарчондор машхур ба Хотамхон бахшидааст. Мавзуи панду ахлок, ки маъмултарин мавзуи адабиёти ҷаҳоншумули форси махсуб мегардад, дар ашъори Амир Хусрав макоми баландро дорост. Шоир тавассути ашъори пандомез бехтарин хислатҳои инсониро ситоиш мекунад ва барои тарбияи насли наврас дар таргиби накукори, мехнатдусти, ростиву растагори барин хислатҳои хамидаи инсони сахм мегузорад:

Чу напсанди губоре бар дили хеш,
Хазон дар гулистони кас меяндеш,
Чу поят гирад аз барги гул озор,
Ба рах мапсанд дар пои касон хор.

Аз Дувалрони ва Хизрхон


Касеро точи сар бар зар дихад зеб,
Ки н-ояд бар заиф аз тахташ осеб.

Аз Дувалрони ва Хизрхон

Озори касе талаб хамеша,
К-озурдани халқ кард пеша.

Аз Мачнун ва Лайли

Касе, к-аз ранчи мардум гум набошад,
Ба назди мардумон мардум набошад.

Аз Ширин ва Хусрав

Чавонмарди ба даст омуз худро,
Ки назди хамгинон микдор ёби.
Ба дасти дод бояд шуд чавонмард,
Чавонмарди забон бисёр ёби.

Аз девони Бакияи накия

Як катор суханҳои ибратбахши Хурави Дехлави, ки онхоро шоир дар натичаи тачрибаи бои зиндаги гуфтааст, мисли маколу зарбулмасалҳои халқи садо медихад:

Хар чи ки бар хеш надори раво,
Бар дигаре низ набошад даво.
Нохун, ки харош чун хасон кард,
Бо у он кун, ки бо касон кард.

***

Он, ки надорад сифати мардуми,
Нест бари одамиён одаме.
Чунон кун зиндагони дар замона,
Ки аз вай зинда мони човидона.
Ба осоиш басе бошанд ёрон,
Ба гам кун озмуни дустдорон.
Харчи ба хангом нагуяд касе,
Хомуши аз гуфт накутар басе.
Як шох, ки мевае дихад тар,
Бехтар зи ҳазор боги бебар.

Амир Хусрав Дар эҷоди газал ба Саъдии Шерози пайрави кардааст ва аз сехри сухани ин газалсарои бузург таъсир бардоштааст. Чуноне ки худи у мегуяд:

Хисрави сармаст андар согари маъни бирехт
Шира аз хумхонаи масте, ки дар Шероз буд.

Газалиёти Амир Хусрав ва инчунин соири шоирони мози (яъне аксари шоирони гузашта) мазмуни ирфони дошта, ифодаи розу ниёз бо Худоро сохибанд. Шумораи газалиёти Амир Хусрав бештар аз 37 ҳазор байтанд ва дар равониву шевои дилпазиру дилнишинанд. Намунаи газалиёти шоир, ки дорои мазмуни ирфони мебошанд, манзур мегардад:

Эй чеҳраи зебои ту рашки бутони озарӣ,
Ҳарчанд васфат мекунам, дар ҳусн аз он болотарӣ.
Ҳаргиз наояд дар назар нақше зи рӯят хубтар,
Шамсӣ надонам ё қамар, ҳурӣ надонам ё парӣ?
Офоқро гардидаам, меҳри бутон варзидаам,
Бисёр хубон дидаам, аммо ту чизи дигарӣ.
Олам ҳама яғмои ту, халқе ҳама шайдои ту,
Он наргиси шаҳлои ту оварда расми кофарӣ.
Эй роҳату ороми ҷон, бо қадди чун сарви равон,
З-ин сон марав доманкашон, к-ороми ҷонам мебарӣ.
Азми тамошо кардаӣ, оҳанги саҳро кардаӣ,
Ҷону дили мо бурдаӣ, ин аст расми дилбарӣ?
Хусрав ғариб асту гадо, афтода дар мулки шумо,
Бошад, ки аз баҳри Худо сӯи ғарибон бингарӣ.

-дар мисраи 2-уми байти охир мазмуни байтро яунин низ маънидод намудаанд: Эй Бор Илохо, "бошад, ки аз бахри Худо"—калимаи "худо" дар ин мисраъ аз таркиби калимаи "худ "ва нидои "-о", яъне Парвардигоро,бошад, ки аз бахри (барои) Худато (Худо),аз бахри сифати Мехрубони, Рахмониву Рахимии Худ ба суи мани гариб бингари. Инро илова намудан ба маврид аст ки калимаи "гариб" низ аз нигохи ирфони маънои дигареро дорост.

Диле дорам, ки ҷуз ҷонон нахоҳад,
Ҳамин маъшуқа хоҳад, ҷон нахоҳад.
Агар ҷон хоҳад аз вай хубрӯе,
Равоне бидҳаду фармон нахоҳад.
Гузар дар кӯи мо он дӯзахирост,
Ки ҷон дар равзаи ризвон нахоҳад.
Сари ман з-ин пасу шамшери хубон,
Касе то хуни ман з-эшон нахоҳад.
Нигоро, розиям бар хар чи дорӣ,
Ки дардатро кассе дармон нахоҳад.
Ғам омад дар дили тангам надонист,
Ки дар танги кассе меҳмон нахоҳад.
Биранҷам, гар ту Хусравро нахоҳӣ,
Ту хоҳӣ, лек ин фармон нахоҳад.

Илова: Шоир 24 сентябри соли 1253 дар канори руди муқаддаси Ганг дар шаҳри Патёли ки 300 км дуртар аз Деҳлӣ ҷойгир буд, ба дунё омадааст. Модари у Давлатноз ном дошт. Шоир 27 сентябри соли 1325 вафот кардааст.

Адабиёт

  • Бертельс Е. Э. Роман об Александре и его главные версии на Востоке, М.-Л., 1948.
  • Mohammad Wahid Mirza. The life and works of Amir Khusrau, Calcutta, 1935.


  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 2.5 2.6 Roux P. d. Nouveau Dictionnaire des œuvres de tous les temps et tous les pays (фр.) — 2 — Éditions Robert Laffont, 1994. — Vol. 1. — P. 79. — ISBN 978-2-221-06888-5
  3. Амир Хосров Дехлеви // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.