Ноҳияи Ишкошим: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 39: Сатри 39:
|Ҷой аз рӯи ММД ба сари аҳолӣ =
|Ҷой аз рӯи ММД ба сари аҳолӣ =
|Забон расӣ = [тоҷикӣ | Вахони x̌ik zik]
|Забон расӣ = [тоҷикӣ | Вахони x̌ik zik]
|Забонҳо = [[тоҷикӣ]] ва [[Вахони(x̌ik zik)]]
|Забонҳо = [[тоҷикӣ]]. Забонҳои маҳаллӣ [[забони вахонӣ (x̌ik zik)]], [[ ишкошимӣ]]
|Аҳолӣ = 30&nbsp;800 <ref>[http://www.stat.tj/ru/img/65a709121baf8a64bf15d33f398aafde_1435736807.pdf Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2015 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.]</ref> нафар
|Аҳолӣ = 30&nbsp;800 <ref>[http://www.stat.tj/ru/img/65a709121baf8a64bf15d33f398aafde_1435736807.pdf Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2015 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.]</ref> нафар
|Соли барӯйхатгирӣ = 2015
|Соли барӯйхатгирӣ = 2015

Нусха 12:16, 17 июни 2017

Ишкошим
Ноҳияи Ишкошим
36°43′31″ с. ш. 71°36′48″ в. д.HGЯO
Кишвар  [[|]]
Шомили 2 шаҳрак, 7 ҷамоат
Маркази маъмурӣ Ишкошим
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 27 октябри 1932
Масоҳат 3656,0 км² км²
Баландӣ
  • · Миёна


  • 3000 м
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 30 800 [2] нафар нафар (2015)
Забонҳои расмӣ тоҷикӣ. Забонҳои маҳаллӣ забони вахонӣ (x̌ik zik), ишкошимӣ
Шиносаҳои ададӣ
Сарвожа IS
Рамзи ISO 3166-2 TJ.BK.IS
Коди телефон +992 3553
Нишонаи почта 736500
Ишкошим дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ноҳияи Ишкошим (форсӣ: ناحیۀ اشکاشم‎) — яке аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст ва дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Ин ноҳия 27 октябри соли 1932 таъсис ёфта аст. Маркази ин ноҳия рустои Ишкошим (форсӣ: اشکاشم‎) аст, ки 104 км ҷанубтар аз шаҳри Хоруғ дар канораи рӯди Панҷ ҷой дорад.Дар солхои хокимияти Шурави (27 октябри соли 1932) дар хайати ВМКБ нохияхои Рушон, Бартанг, Шугнон, Рошткалъа, Вахон ва Мургоб таъсис меёбанд. Соли 1935 нохияи Вахон ба нохияхои Вахон ва Ишкошим чудо мешавад. Соли 1948 нохияхои Вахону Ишкошим якчо карда, нохияи Ишкошим таъсис дода мешавад.[3]

Ҷуғрофия

Ноҳияи Ишкошим дар миёни қаторкӯҳҳои Роштқалъаву Ишкошиму Вахон воқеъ аст. Дар шимолу ғарб бо ноҳияи Шуғнон, дар шимол бо ноҳияи Роштқалъа, дар шарқ бо ноҳияи Мурғоб ва дар ҷануб бо вулусволиҳои Ишкошим ва Вахони вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз мебошад.

Аз шимолу шарқи ноҳияи Ишкошим ба шимолу ғарби он рӯди Панҷ гузар мекунанд.

Ноҳияи Ишкошим 3656,0 км² масоҳат дорад.

Мардум

Тақсимоти идории ВМКБ

Бино бар саршумори соли 2015 дар ноҳияи Ишкошим 30 800 нафар зиндагӣ мекунад.[4] Мардуми Ишкошим ба забонҳои тоҷикӣ (порсӣ), ишкошимӣ ва вахонӣ(тақрибан 75%-и аҳолии ноҳия) сухан мегӯянд.

Таърих

Бино бар роҳномаҳо ва ҷаҳоннамоҳои арабизабон ва порсизабони садаҳои миёна, ноҳияи Ишкошим дар гузашта Вахон (форсӣ: وخان‎) ном доштааст.[5] Вале ин аз эҳтимол дур аст, зеро қабл аз "истилои" Шуравӣ Ишкошим як вулуси алоҳида ва Вахон вулусе алоҳида будаанд.

Ишкошим аз замони Сомониён то соли 1895 ҳукумате мустақил дошта ва фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Қаламрави подшоҳии Вахон сарзамини имрӯзаи ноҳияи Ишкошим ва вулусволии афғонии Ишкошим (форсӣ: اشکاشم‎) дар ду канораи рӯди Панҷро дар бар мегирифтааст.

Соли 1895 подшоҳии Ишкошим, ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид ва канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.[6]

Ишкошим дар солҳои 1878 – 1920 яке аз бекигариҳои аморати Бухоро буд ва бек дар рустои Ишкошим менишаст ва мир хонда мешуд.

Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон дар соли 1924, Ишкошим бахше аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гардид, ки 2 январи соли 1925 таъсис дода шуд.

Бахшҳои идорӣ

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Ишкошим 1 шаҳрак ва 6 ҷамоат дорад[7]

Ҷамоатҳои ноҳияи Ишкошим
Ҷамоат Аҳолӣ Деҳаҳо
шаҳраки Ишкошим 6567 Ишкошим, Авҷ, Дашт, Намадгут, Намадгути Боло, Рин, Сумҷин, Удит, Яхшвол
Аскар Замиров 2527 Андароб, Гармчашма, Кӯҳи Лаъл, Мири Дашт, Сист, Сниб, Хасхоруғ
Вранг 5152 Вранг, Внукут, Дриж, Ширгин, Ямг
Зонг 4863 Зонг, Зугванд, Лангар, Ҳисор
Қозидеҳ 1880 Қозидеҳ, Бағуш, Баршор, Возг, Шанбедеҳ
Шитхарв 4 862 Шитхарв, Даршай
Птуп Птуп, Вичкут, Зумудг, Навобод, Туггоз, Ямчун

Ҳукумат

Сарвари ноҳияи Ишкошим Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Ишкошим — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Ишкошим ба муддати 5 сол интихоб мешавад.


Эзоҳ

  1. 1.0 1.1 https://web.archive.org/web/20221010195817/https://stat.tj/storage//1.01.2022.pdf
  2. Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2015 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.
  3. Одинамамад М. Вахон дар саҳифаҳои таърих. С.3-5
  4. Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2015 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.
  5. Камалиддинов Ш.С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX - начала XIII вв.
  6. Постников А.В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. М.: Памятники исторической мысли, 2001. 416 стр., 8 л. карт. ISBN 5-88451-100-0
  7. Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — 332 с.

Манобеъ

  • Постников А.В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. М.: Памятники исторической мысли, 2001. 416 стр., 8 л. карт. ISBN 5-88451-100-0