Муҳаммадҷон Шодӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х Имло, replaced: Эчод → эҷод, шуҳрат → шӯҳрат using AWB
х clean up, replaced: |номи аслӣ → | номи аслӣ , |акс → | тасвир , |зодгоҳ → | зодгоҳ , |намуди фаъолият → |навъи фаъолият, |тавсифи using AWB
Сатри 1: Сатри 1:
{{Шахсият
{{Шахсият
|ном= Муҳаммадҷон Шодиев
|ном= Муҳаммадҷон Шодиев
|номи аслӣ=
| номи аслӣ =
|ном ҳангоми таваллуд =
|ном ҳангоми таваллуд =
|акс=Noimage.svg
| тасвир =Noimage.svg
|бар=
|бар=
|тавсифи акс=
|тавсифи тасвир=
|санаи таваллуд = [[5 январ]]и соли [[1954]]
|санаи таваллуд = [[5 январ]]и соли [[1954]]
|зодгоҳ= ҷамоати Понғози [[ноҳияи Ашт]]
| зодгоҳ = ҷамоати Понғози [[ноҳияи Ашт]]
|санаи марг =
|санаи марг =
|маҳалли марг=
|маҳалли марг=
Сатри 15: Сатри 15:
|ҳамсар=
|ҳамсар=
|фарзандон=
|фарзандон=
|намуди фаъолият = [[ҳунарпеша]] ([[актёр]])
|навъи фаъолият = [[ҳунарпеша]] ([[актёр]])
|ҷоизаҳо ва мукофотҳо =медали «Барои хизмати шоиста», Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
|мукофоту ҷоизаҳо =медали «Барои хизмати шоиста», Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
|соядаст=
|соядаст=
|викианбор=
|викианбор=
Сатри 44: Сатри 44:
<references/>
<references/>


[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо|*]]
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаи театр]]
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаи театр]]
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаҳои Тоҷикистон]]

Нусха 11:04, 28 июни 2017

Муҳаммадҷон Шодиев
Сурат
Таърихи таваллуд 5 январ 1954(1954-01-05) (70 сол)
Зодгоҳ ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт
Пеша ҳунарпешаи театр, ҳунарпешаи синамо, садогузор
Ҷоизаҳо

Муҳаммадҷон Шодиев - ҳунарпешаи театр ва кинои тоҷик, Ҳунарпешаи Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005)

Зиндагинома

Муҳаммадҷон Шодиев 5 январи соли 1954 дар деҳаи Сарои ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоиро дар мактаби зодгоҳаш гирифтааст. Соли 1979 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм мекунад. Алакай, дар замони донишҷӯӣ бо садои марғуладори хоси ровиёни мард шӯҳратманд гардида буд. Дар солҳои 1977-1978 ду навбат дар шаҳри Ленинград барандаи озмуни ровиён гардидааст. Фаъолияти кориашро дар театри мусиқӣ-драммавии шаҳри Конибодом ба номи Тӯҳфа Фозилова оғоз мекунад.Бо гузашти 60 соли умр, ки нисфи он дар рӯи саҳнаи ҳунар сипарӣ шудааст, дар дафтарчаи меҳнатии ӯ зиёд ҷойи корро намебинед. Соли 1984 Муҳаммадҷон Шодиев бо даъвати роҳбарияти ҳамонвақтаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба шаҳри Душанбе ба кор меояд. Аз он замон то ба имрӯз Муҳаммадҷон Шодиев дар театри Лоҳутӣ фаъолият дорад.

Эҷодиёт

Дар ин муддат ӯ дар театри академӣ-драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ барои ҳаводорони театр беш аз 50 нақш офаридааст. Тамошобини театри мазкур на як бору ду бор барои нақшҳои ӯ Борбад аз "Ғуруби Аҷам", Хизирхон аз "Фарёди ишқ", Азиз аз "Дуел", Балъамӣ аз "Шоҳ Исмоил", Гурдуй аз "Баҳроми Чӯбина", Қодирқул аз "Бой ва хизматгор", Шариф Исматӣ аз "Имтиҳон", Мавлавӣ аз "Офати нафс", Тибалт аз "Ромео ва Чулетто", Боҳуй аз «Куштори як саду чордаҳ шоҳзодаи Хахоманиш», Дералд аз «Бемори хаёлӣ»-и Малер, Виштосп аз «Зардушт», Сарлашкар аз «Искандар ва Спитамен», Ҳокими шаҳр аз «Сиёҳу сафед»- и Сартр, падари Куруш аз «Куруш ва Томирис», нақши соҳиби меҳмонхона аз «Хизматгори ду хоҷа», вазир Балъамӣ аз «Рудакӣ» ва дигарон каф кӯбидааст. Нақшҳои офаридааш дар саҳнаи театру кино бояд аз зовияи касбӣ аз ҷониби ҳунаршиносон баҳо дода шаванд. Нақшҳои саҳнавӣ қисмате аз эҷодиёти ҳунарии ӯ мебошанд. Дар ин баробар нақшҳои офаридааш дар синамо низ кам нестанд, ки на танҳо дар миқёси Тоҷикистон балки дар хориҷ аз маҳбуб гардидаанд. Анор аз "Парвози занбӯр"- и Ҷамшед Усмонов, Абдулло аз "Муҳоҷир"- и Собит Ал Валӣ, директори мактаб аз "Маҳдӣ", Устод аз "Шамсиддини Шоҳин", Озар аз "Муҳити 44-46", Нозимӣ аз силсилафилми "Дар орзуи падар" аз зумраи нақшҳои синамоии ӯ мебошанд. Силсилафилмҳои «Маҳдӣ» ва «Дар орзуи падар», ки Муҳаммадҷон Шодиев дар онҳо нақши асосиро бозидааст, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷумҳуриҳои ҳамзабонамон Афғонистону Эрон низ гарм истиқбол шудаанд. Дар ин миён кам нест, филму саҳнаҳое, ки дар он нақш офаридааст дар саҳнаҳову фестивалҳои ҷаҳонӣ ба намоиш нагузошта бошанд. Муҳаммадҷон Шодиев инчунин дар дубляжи даҳҳо филм ширкат намудааст. Зимнан, бо садои ӯ мероси адабии классикон ва осори адибони имрӯз дар Радиои Тоҷикистон сабт шудаву дар хазинаи тиллоии радио маҳфуз мебошад. Дар тирамоҳи соли 2013 дар саҳнаи театри Лоҳутӣ намоише бо номи «Муҳаббат» бо коргардонии Муҳаммадҷон Шодиев ба саҳна гузошта шуд. Коргардонӣ пахлӯи нави эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Феълан, бар иловаи корҳои эҷодӣ дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ба ҳайси дотсент фаъолият намуда, ба шогирдон маҳорати актиёрӣ ва нутқи саҳнавиро меомӯзад.

Дар як суҳбати расонаияш Муҳаммадҷон Шодиев ваъда намудааст, ки ҳаводоронаш аз ӯ моноспектакле аз руйи ашъори Лоиқ Шералӣро интизор бошанд. Муҳаммадҷон Шодиев, оиладор ва соҳиби панҷ фарзанд аст.[1],

Мукофот

  • Ҳунарпешаи Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005),
  • медали «Барои хизмати шоиста» ва як қатор мукофоти соҳавӣ мебошад.

Манобеъ

  1. Муҳаммадҷон Шодиев