Аслӣ Бурҳонов: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
таҳрир
х clean up, replaced: {{Зиндагинома → {{Шахсият, |Номи тоҷикӣ → | ном , |Номи аслӣ → | номи аслӣ , |Акс → | тасвир , |Зодрӯз → | санаи using AWB
Сатри 1: Сатри 1:
{{Шахсият
{{Зиндагинома
|Номи тоҷикӣ= Аслӣ Бурҳонов
| ном = Аслӣ Бурҳонов
|Номи аслӣ= Аслӣ Бурҳонов
| номи аслӣ = Аслӣ Бурҳонов
|Акс=Noimage.svg
| тасвир =Noimage.svg
|Зодрӯз= {{СанаиТаваллуд|8|1|1915|сол}}
| санаи таваллуд = {{СанаиТаваллуд|8|1|1915|сол}}
|Зодгоҳ= [[Бухоро]]
| зодгоҳ = [[Бухоро]]
|Даргузашт= соли [[1998]]
| санаи марг = соли [[1998]]
|Вазифа= Ҳунарпешаи театр ва кинои тоҷик
| навъи фаъолият = Ҳунарпешаи театр ва кинои тоҷик
}}
}}



'''Аслӣ Бурҳонов''' — ҳунарпешаи театр ва кинои тоҷик, коргардон, [[Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон]](1945). [[Ҳунарпешаи халқии СССР]] ([[1965]]), дорандаи [[Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ]]([[1970]]) аст.
'''Аслӣ Бурҳонов''' — ҳунарпешаи театр ва кинои тоҷик, коргардон, [[Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон]](1945). [[Ҳунарпешаи халқии СССР]] ([[1965]]), дорандаи [[Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ]]([[1970]]) аст.
Сатри 51: Сатри 50:
* [http://www.tojikfilm.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=500%3A2014-04-08-16-12-13&catid=56%3A2014-02-10-17-35-38&Itemid=218&lang=ru Асли Бурхонов , актёры «Таджикфильма»]
* [http://www.tojikfilm.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=500%3A2014-04-08-16-12-13&catid=56%3A2014-02-10-17-35-38&Itemid=218&lang=ru Асли Бурхонов , актёры «Таджикфильма»]
==Манобеъ==
==Манобеъ==
{{эзоҳ}}
<references/>


[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаи театр аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаи театр аз рӯи алифбо]]
Сатри 57: Сатри 56:
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаи театр]]
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаи театр]]
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Коргардонҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Коргардонҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаи театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ]]
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаи театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ]]
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаҳои киностудияи “Тоҷикфилм”]]
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаҳои киностудияи “Тоҷикфилм”]]

Нусха 11:44, 28 июни 2017

Аслӣ Бурҳонов
Аслӣ Бурҳонов
Сурат
Таърихи таваллуд 8 январ 1915(1915-01-08)
Зодгоҳ Бухоро
Таърихи даргузашт 26 декабр 1998(1998-12-26) (83 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша ҳунарпеша, ҳунарпешаи синамо, коргардони театр
Ҷоизаҳо
ордени Ленин ордени Дӯстии халқҳо ордени «Нишони Фахрӣ» Jubilee Medal "In Commemoration of the 100th Anniversary of the Birth of Vladimir Ilyich Lenin"
Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон

Аслӣ Бурҳонов — ҳунарпешаи театр ва кинои тоҷик, коргардон, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон(1945). Ҳунарпешаи халқии СССР (1965), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ(1970) аст.

Зиндагинома

Аз 13-солагиаш дар театрҳои ҳаваскори Бухоро ҳунарнамоӣ кардааст. Соли 1932 ҳамчун ҳунарпешаи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии Бухоро ҳунарнамоӣ кард, аз соли 1933 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ буд.

Эҷодиёт дар театр

Аслӣ Бурҳонов симоҳои мардони қавиирода, муборизони роҳи озодӣ, шахсони фидокору дурандешро офаридааст. Бурҳонов дорои истеъдоди намоён буда, нақшҳои чи фоҷиавӣ ва чи мазҳакавиро табиӣ, бомаҳорат ва таъсирбахш бозидааст. Нақшҳои иҷрокардаи Бурҳонов — Ризо («Мубориза»и А.Усмонов,1933), Фердинанд («Макр ва муҳаббат»-и Ф.Шиллер,1937), Хушвақт («Тўҳмат»-и С.Саидмуродов ва И.Исмоилов,1938), Салим,Сафар («Калтакдорони сурх»,1941; «Дар оташ»,1944,С.Улуғзода ), Ҳаҷир, Сӯҳроб («Рустам ва Сӯҳроб»-и А. Пирмуҳаммадзода ва В.Волкенштейн,1941-1945), Ҳоҷи («Арўсӣ панҷсўма »-и М.Ўдубодӣ,1943), Коба («Хонлар»-и С.Вурѓун,1951), Қорӣ Ишкамба («Марги судхўри»-и С.Айнӣ,1953), Рӯдакӣ («Рӯдакӣ»-и С.Улуғзода,1958) ва диг. Аслӣ Бурҳонов нахустин иҷрокунандаи нақши В.И.Ленин дар саҳнаи тоҷик (пиесаи Н.Погодин, «Одами милтиқдор»,1948). Баътар дар асарҳои саҳнавии «Соли 1919-и фаромӯшнашаванда-и В.Вишневский»(1951),Соати бурҷи Кремл-и Н.Погодин (1960), Тўфон»-и Ғанӣ Абдулло ва Шамсӣ Қиёмов (1957), Ҳуррият ва «Сарбозони инқилоб»-и Ғанӣ Абдулло (1964), Корвони бахт»-и М. Миршакар (1972) образи В.И.Ленинро офарид. Яго, Меркутсио, Кент, Труфальдино («Отелло »,1948; «Ромео ва Ҷулета»,1947; «Шоҳ Лир»,1957;) «Хизматгори ду хоҷа»,1947) - беҳтарин нақшҳои Аслӣ Бурҳонов аз осори драматургияи класикии Ғарб аст. Дар пиесаҳои солҳои охир:«Антигона»-и Софокл (1971),«Дасти дӯст»-и Меҳрубон Назаров (1974),«Фарёди ишқ»-и Ғанӣ Абдулло (1975) нақшҳои асосиро иҷро кардааст. Фаъолияти коргардониаш низ бой буда, асарҳои зиёдеро ба саҳна гузоштааст.

Филмшиносӣ

Аслӣ Бурҳонов инчунин дар филмҳои киностудияи “Тоҷикфильм”:

  • “Сарҳад дар куҳсор" - Абдурахмон (1953),
  • “Дохунда” – Абдулло (1956),
  • “Ман бо духтаре вохурдам” – Мухтор ака (1957)[2],
  • "Чароғ дар кӯҳсор" - (1958),
  • "Вазифаи баланд" - Ҷӯраев (1958),
  • “Одам пӯсташро иваз мекунад” – Ҳоҷиёров (1959),
  • "Вақти зангирии писар расид" - Карим ака (1959),
  • "Ҳикояҳои хурд дар бораи кӯдаконе, ки…" падари Ёрмат (1961),
  • “Зумрад” – (1961),
  • "Оромӣ намешавад" - Султонов (1962),
  • "Афсонаи шарқӣ" - !1972),
  • "Салом, одами хуб" - Қурбон (1973),
  • "Субҳи Ганг" - ясаул-боши (1975),
  • “Достони Сиёвуш” – (1976),

ва ғ.-ро бозидааст. Ӯ дар дубляжи бисёр филмҳо иштирок кардааст.

Мукофот

Пайвандҳои беруна

Манобеъ

  1. Энсиклопедияи советии тоҷик. – Душанбе. - Ҷ. 1. – 1978. - Саҳ. 551-552.
  2. Я явстретил девушку ru.wikipedia.