Зулфия Исроилова: Тафовут байни таҳрирҳо
х имло |
х clean up, replaced: {{Зиндагинома → {{Шахсият, |Номи тоҷикӣ → | ном , |Номи аслӣ → | номи аслӣ , |Акс → | тасвир , |Зодрӯз → | санаи using AWB |
||
Сатри 1: | Сатри 1: | ||
{{Шахсият |
|||
{{Зиндагинома |
|||
| |
| ном =Зулфия Исраилова |
||
| |
| номи аслӣ = Zulfiya |
||
| |
| тасвир =Зульфия.jpg |
||
| |
| санаи таваллуд =[[14 март]]и [[соли 1915]] |
||
| |
| зодгоҳ =[[Тошканд]] |
||
| |
| санаи марг = [[1996]], [[Тошкент]] |
||
| |
| навъи фаъолият =[[шоира]] |
||
}} |
}} |
||
Нусха 12:17, 28 июни 2017
Zulfiya | |
Сурат | |
Таърихи таваллуд | 1 (14) март 1915[1] |
Зодгоҳ | Тошканд |
Таърихи даргузашт | 1 август 1996[2] (81 сол) ё 23 август 1996 (81 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша | шоир, нависанда, сардабир |
Ҳамсар | Hamid Olimjon[d] |
Ҷоизаҳо |
Зулфия Исроилова (ӯзбакӣ: Zulfiya Isroilova; 1915 – 1996) – шоираи ӯзбак. Зулфия тахаллуси шоира аст.
Зиндагинома
Зулфия соли 1915 дар шаҳри Тошканд таваллуд шудааст. Падараш ба косибӣ машғул мешуд. Волидайни Зулфия бисёр мехостанд, ки ӯ босавод шавад. Баъд аз хатми мактаби миёна таҳсили Зулфия дар омӯзишгоҳи педагогӣ идома меёбад. Баъди хатми таҳсил Зулфия ба идораи рӯзномае ба кор медарояд ва аз ҳамон вақт ба шеъргӯӣ оғоз менамояд. Шеърҳои аввалинаш дар маҷмӯаи «Саҳифаҳои ҳаёт» (1932) ҷамъ омадааст.
Кори рӯзноманигорӣ қобилияти эҷодии шоираро сайқал медиҳад. Дар рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ кор карда, Зулфия асарҳои зиёди назмиву насриро офаридааст. Нашъунамои адабиёти асри 20-и ӯзбак бо номи ӯ пайвастааст. Истеъдоди баланди шоирӣ Зулфияро машҳур гардонида буд. Мардуми ӯзбак ва анъанаҳои бисёрасрааш дар шеъру достонҳои Зулфия тараннум ёфтааст. Якдилии халқҳои шӯравиро дар сатҳи баланди адабиёти бадеии ҷаҳонӣ инъикос карда, Зулфия ба наслҳои оянда мероси бои адабиро боқӣ гузоштааст ва ҳамчун муборизи шӯълавари сулҳ ба пойдории дӯстии байни халқҳо таъсири намоён расондааст. Асарҳои инсондӯстонааш аз санҷишу имтиҳонҳои таърихӣ гузашта, арзиши хешро то имрӯз гум накардаанд ва дар таърихи адабиёти халқи ӯзбак бо хатти заррин сабт ёфтаанд. Эҷодиёти Зулфия барои ривоҷу равнақи фарҳанги Ӯзбакистон боз барои он ёдгор мондааст, ки ин шоира асарҳои баландмазмунашро ба забони ӯзбакӣ менавишт ва аз ин сабаб обрӯи забони ватанаш баланд бардошт. Ба номи шоира Мукофоти давлатии Ӯзбекистон дар соҳаи адабиёту санъат таъсис гардидааст[3][4].
Зулфия, ки имрӯз мояи ифтихори халқ аст, дорандаи Ҷоизаи давлатии СССР (ИҶШС) ва унвони «Шоираи халқии Ӯзбекистон» буд. Ӯ соли 1996 вафот кард.
Адабиёт
- Мақолаи «Зульфия» дар Энсиклопедиаи бузурги советӣ, нашри сеюм, 1969–1978 (рус.)
Эзоҳот
- ↑ Герои страны (рус.) — 2000.
- ↑ Deutsche Nationalbibliothek Record #1030215448 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
- ↑ Государственная премия Зульфии
- ↑ Об учреждении Государственной премии имени Зульфии. Указ Президента РУз..
- Зодагони 14 март
- Зодагони соли 1915
- Даргузаштагони 1 август
- Даргузаштагони соли 1996
- Даргузаштагони 23 август
- Даргузаштагони Тошканд
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои меҳнати шоён»
- Сарфарозшудагон бо медали «Ветерани меҳнат»
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ИҶШС
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Шоирон
- Ҷоизаи давлатии СССР(ИҶШС)