Қудратуллоҳ Яҳёев: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Removing "Kydratyllo_Yachyaev.JPG", it has been deleted from Commons by Ellin Beltz because: Copyright violation; see Commons:Licensing - Using VisualFileChange..
х clean up, replaced: {{Зиндагинома → {{Шахсият, |Номи тоҷикӣ → | ном , |Номи аслӣ → | номи аслӣ , |Акс → | тасвир , |Зодрӯз → | санаи using AWB
Сатри 1: Сатри 1:
{{Шахсият
{{Зиндагинома
|Номи тоҷикӣ = Қудратуллоҳ Яҳёев
| ном = Қудратуллоҳ Яҳёев
|Номи аслӣ= Қудратуллоҳ Яҳёев
| номи аслӣ = Қудратуллоҳ Яҳёев
| тасвир =
|Акс=
|Зодрӯз= [[соли 1946]]
| санаи таваллуд = [[соли 1946]]
|Зодгоҳ= ш. [[Душанбе]]
| зодгоҳ = ш. [[Душанбе]]
|Даргузашт=
| санаи марг =
|Вазифа= оҳангосоз (композитор)
| навъи фаъолият = оҳангосоз (композитор)
}}
}}
'''Қудратуллоҳ Яҳёев''' - оҳангосоз (композитор)и тоҷик, [[профессор]]и [[Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов]], узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ([[1972]]), дорандаи Ҷоизаи ҷумҳуриявии ҷавонон ([[1987]]), Арбоби ҳунари Тоҷикистон (1991), Аълочии маориф ва фарҳанг ([[1996]]), дорандаи [[Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ|Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ]] ([[2004]]).

Сатри 15: Сатри 15:

== Эҷодиёт ==
== Эҷодиёт ==
Соли 1972 К. Яҳёев ба аъзогии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон қабул мешавад. Ин солҳо ӯ сюитаҳои чаҳорқисмаи «Тоҷикистони ман», «Зарбҳои кӯҳҳо» бо қисмҳои «Субҳи кӯҳистон», «Рақси чӯпон», «Хикояи мӯйсафед» ва «Ид», достони симфонии «Суруди ҳофиз»-ро бахшида ба Ҳофизи халқии Тоҷикистон [[Шариф Ҷӯраев]] ва «Идона»-ро барои оркестри симфонӣ менависад.

Соли 1977 дар [[ноҳияи Данғара]] комсомол [[Талбак Лолаев]] гандумро аз алангаи оташ ҳифз намуда қаҳрамонона ҳалок гардид. Ин ҳодиса тамоми мардуми мамлакатро ба изтироб овард. Композитор Қ. Яҳёев зери чунин таассурот дар асоси балладаи шоир Ҳабибулло Файзулло «Садди оташ» симфонияи якқисмаи «Хотираи Талбак Лолаев»-ро эҷод карда, онро ба ин ҷавонмарги ҷасур бахшида аст. Соли 1981 барои ин асараш Қ. Яҳёев бо медали умумииттифоқии ба номи А.Александров мукофотонида мешавад. Достони симфонии «Ёддоштҳо» ба 100-солагии [[Садриддин Айнӣ]] бахшида мешавад. Ин асар низ яке аз муваффақияти композитор дар жанри симфонӣ маҳсуб мешавад. Дар он ба ҳайси оҳанги асосӣ оҳанги «Гардуни Рост» аз мақоми Рост ([[Шашмақом]]) истифода бурда шудааст.

Асарҳои созӣ-камеравии Қ. Яҳёев аз Сюитаи фортепиано барои 4 даст, Квартети тории полифонӣ, Квартети омехта бо истифодаи ҳайати ғайриоддӣ, Дуэти полифонӣ, Элегия барои флейта ва фортепиано, «Хаёлот» ва «Обшорон» барои фортепиано ва асарҳои дигар иборат аст. Яке аз асарҳои бештар муваффақ гаштаи Қ. Яҳёев дар жанри созӣ-камеравӣ Сонатаи сеқисма барои валторна

Сатри 21: Сатри 21:
Сурудҳои «Ватан» (шеъри Ф. Ансорӣ), «Суруди деҳқон», «Дунёи модар» ва «Чиҳил кокул» (шеъри Лоиқ), «Модарам» ва «Оқил бишав» (шеъри Гулрухсор), «Тоҷикистон» (шеъри Б. Раҳимзода), «Душанбе» (шеъри А. Бохтарӣ), «Суруди Рӯдакӣ» (шеъри А. Рӯдакӣ), «Шукрона» (шеъри Ҳ. Қурбонова) ва ғ. дар байни халқ хеле маъмул гаштаанд.

Композитор Қ. Яҳёев бо театрҳои драмавӣ ва мусиқии Хуҷанд, Хоруғ, Конибодом, Курғонтеппа, Кӯлоб, театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов ҳамкорӣ мекунад. У дар кинои тоҷик низ таҷрибаи бой дорад. Ба филмҳои «Камони тиллоӣ» ва «Сурудҳои Вахш» мусиқӣ навиштааст.

Қ. Яҳёев барои бачагон мусиқии зиёде офаридааст. Ӯ муаллифи маҷмӯаҳои бачагонаи «Кабӯтарак» (1994), «Обаки ширин» (2003), «Булбулакон сароед» (2003) мураттиби китобҳои сурудҳои бачагонаи композиторони тоҷик «Кишвари азизам, Тоҷикистон» ва сурудҳои оҳангсозони Тоҷикистон таҳти унвони «Таронаи Ваҳдат» мебошад.

==Осори мунтахаб==
==Осори мунтахаб==
Сатри 84: Сатри 84:
* «Дили шоир», [[Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ|театри ба номи К. Хуҷандӣ]].
* «Дили шоир», [[Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ|театри ба номи К. Хуҷандӣ]].
* «Зебунисо», [[Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ|театри ба номи А. Лоҳутӣ]].
* «Зебунисо», [[Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ|театри ба номи А. Лоҳутӣ]].
* ва ғайра. <ref>Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011, - с. 279-282.</ref>
* ва ғайра.<ref>Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011, - с. 279-282.</ref>
==Ҷоизаҳо ва мукофотҳо==
==Ҷоизаҳо ва мукофотҳо==
ордени
ордени
Сатри 94: Сатри 94:
* Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (1996),
* Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (1996),
* Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ (2004)
* Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ (2004)
== Манбаъ ==
== Сарчашма ==
==Пайвандҳои беруна==
==Пайвандҳои беруна==
{{эзоҳ}}
<references/>

[[Гурӯҳ: Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ: Оҳангсозони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ: Омӯзгорони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Оҳангсозони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Ходимони санъати Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Омӯзгорони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Ходимони санъати Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Олимони Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода]]
[[Гурӯҳ:Олимони Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода]]
[[Гурӯҳ:Омӯзгорони Консерватрияи миллии Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Омӯзгорони Консерватрияи миллии Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ]]
[[Гурӯҳ:Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ]]
[[Гурӯҳ:Дар Душанбе таваллудшудагон]]
[[Гурӯҳ:Дар Душанбе таваллудшудагон]]

Нусха 13:20, 28 июни 2017

Қудратуллоҳ Яҳёев
Қудратуллоҳ Яҳёев
Таърихи таваллуд 19 ноябр 1946(1946-11-19) (77 сол)
Зодгоҳ ш. Душанбе
Кишвар
Пеша оҳангсоз, омӯзгори мусиқӣ
Ҷоизаҳо

Қудратуллоҳ Яҳёев - оҳангосоз (композитор)и тоҷик, профессори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (1972), дорандаи Ҷоизаи ҷумҳуриявии ҷавонон (1987), Арбоби ҳунари Тоҷикистон (1991), Аълочии маориф ва фарҳанг (1996), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ (2004).

Зиндагинома

Қудратуллоҳ Яҳёев соли 1946 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ханӯз дар синни 14-солагӣ нахустин иҷроиши асари ӯ дар озмуни шаҳрии ҳунармандони ҷавон баргузор гардид, ки он аз завқи бузурги Кудратуллоҳ ба мусиқӣ шаҳодат медод. Сониян Яҳёев ба Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе ба синфи М. Цветаев ва Г. Александров дохил мешавад. Баъди хатми он ӯ ба шаҳри Москва ба Институти давлатии мусиқӣ-педагогии ба номи Гнесинҳо (ҳоло – Академияи мусиқии ба номи Гнесинҳо) бо муваффақият имтиҳонҳоро супорида, дар ин таълимгоҳи олии мусиқӣ дар синфи омпозитори маъруф А.И. Хачатурян таҳсилашро давом медиҳад. Ба ҳайси кори дипломӣ композитори ҷавон асари сеқисмаи Консерт барои скрипка ва оркестри симфонӣ офарида онро ба устоди худ мебахшад. Ин асар ба баҳои баланд муваффақ гашт. Паҳлуи дигари фаъолияти композитор омӯзгорӣ мебошад. Солҳои гуногун ӯ дар Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе (имрӯз – Коллеҷи санъати ш.Душанбе ба номи А.Бобоқулов), Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Донишкадаи омӯзгорӣ (имрӯз – Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) кор карда, соли 1994 – дотсент ва соли 2006 – ба унвони профессор сазовор гардидааст. Солҳои гуногун Қ. Яҳёев дар вазифаҳои сармуҳаррири сарредаксияи мусиқии радио, роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев ва аз соли 1996 ҳамчун сармутахассиси раёсати санъати вазорати фарҳанг кор мекунад. Аз соли 2007 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов фаъолият менамояд.

Эҷодиёт

Соли 1972 К. Яҳёев ба аъзогии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон қабул мешавад. Ин солҳо ӯ сюитаҳои чаҳорқисмаи «Тоҷикистони ман», «Зарбҳои кӯҳҳо» бо қисмҳои «Субҳи кӯҳистон», «Рақси чӯпон», «Хикояи мӯйсафед» ва «Ид», достони симфонии «Суруди ҳофиз»-ро бахшида ба Ҳофизи халқии Тоҷикистон Шариф Ҷӯраев ва «Идона»-ро барои оркестри симфонӣ менависад. Соли 1977 дар ноҳияи Данғара комсомол Талбак Лолаев гандумро аз алангаи оташ ҳифз намуда қаҳрамонона ҳалок гардид. Ин ҳодиса тамоми мардуми мамлакатро ба изтироб овард. Композитор Қ. Яҳёев зери чунин таассурот дар асоси балладаи шоир Ҳабибулло Файзулло «Садди оташ» симфонияи якқисмаи «Хотираи Талбак Лолаев»-ро эҷод карда, онро ба ин ҷавонмарги ҷасур бахшида аст. Соли 1981 барои ин асараш Қ. Яҳёев бо медали умумииттифоқии ба номи А.Александров мукофотонида мешавад. Достони симфонии «Ёддоштҳо» ба 100-солагии Садриддин Айнӣ бахшида мешавад. Ин асар низ яке аз муваффақияти композитор дар жанри симфонӣ маҳсуб мешавад. Дар он ба ҳайси оҳанги асосӣ оҳанги «Гардуни Рост» аз мақоми Рост (Шашмақом) истифода бурда шудааст. Асарҳои созӣ-камеравии Қ. Яҳёев аз Сюитаи фортепиано барои 4 даст, Квартети тории полифонӣ, Квартети омехта бо истифодаи ҳайати ғайриоддӣ, Дуэти полифонӣ, Элегия барои флейта ва фортепиано, «Хаёлот» ва «Обшорон» барои фортепиано ва асарҳои дигар иборат аст. Яке аз асарҳои бештар муваффақ гаштаи Қ. Яҳёев дар жанри созӣ-камеравӣ Сонатаи сеқисма барои валторна ва фортепиано маҳсуб мешавад. Дар эҷодиёти композитор жанри суруд низ мавқеъи хосса пайдо кардааст. Дар ин жанр ӯ бо ансамбли эстрадии «Гулшан», оркестри созҳои миллӣ, оркестри симфонӣ, ҳамсароён ва дигар сарояндагони муосири тоҷик ҳамкорӣ менамояд. Сурудҳои «Ватан» (шеъри Ф. Ансорӣ), «Суруди деҳқон», «Дунёи модар» ва «Чиҳил кокул» (шеъри Лоиқ), «Модарам» ва «Оқил бишав» (шеъри Гулрухсор), «Тоҷикистон» (шеъри Б. Раҳимзода), «Душанбе» (шеъри А. Бохтарӣ), «Суруди Рӯдакӣ» (шеъри А. Рӯдакӣ), «Шукрона» (шеъри Ҳ. Қурбонова) ва ғ. дар байни халқ хеле маъмул гаштаанд. Композитор Қ. Яҳёев бо театрҳои драмавӣ ва мусиқии Хуҷанд, Хоруғ, Конибодом, Курғонтеппа, Кӯлоб, театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов ҳамкорӣ мекунад. У дар кинои тоҷик низ таҷрибаи бой дорад. Ба филмҳои «Камони тиллоӣ» ва «Сурудҳои Вахш» мусиқӣ навиштааст. Қ. Яҳёев барои бачагон мусиқии зиёде офаридааст. Ӯ муаллифи маҷмӯаҳои бачагонаи «Кабӯтарак» (1994), «Обаки ширин» (2003), «Булбулакон сароед» (2003) мураттиби китобҳои сурудҳои бачагонаи композиторони тоҷик «Кишвари азизам, Тоҷикистон» ва сурудҳои оҳангсозони Тоҷикистон таҳти унвони «Таронаи Ваҳдат» мебошад.

Осори мунтахаб

Асарҳои симфонӣ:

  • 1972 – Консерт барои скрипка ва оркестри симфонӣ дар 3 қисм.
  • Дастнавис.
  • 1972 – «Тоҷикистони ман», сюитаи чаҳорқисма барои оркестри
  • симфонӣ.
  • 1974 – «Зарбҳои кӯҳҳо», сюитаи чаҳорқисма барои оркестри
  • симфонӣ.
  • 1977 – Достони симфонӣ бахшида ба Талбак Лолаев. Дастнавис.
  • 1979 – «Суруди ҳофиз», достони симфонӣ бахшида ба Ш. Ҷӯраев.
  • 1981 – «Идона», сюитаи симфонӣ. Дастнавис.
  • 1987 – «Ёддоштҳо», достони симфонӣ.
  • 2011 – Увертюраи «Тантанаи Наврӯз» барои оркестри симфонӣ.

Асарҳои камеравӣ:

  • 1970 – Сонатина барои виолончел ва фортепиано. Дастнавис.
  • 1971 – Силсилаи рақсҳо барои созҳои яккаи гуногун бо форте-
  • пиано.
  • 1973 – Соната барои валторна ва фортепиано дар 3 қисм. Даст-
  • навис.
  • 1974 – Дуэти полифонӣ барои алт ва кларнет. Дастнавис.
  • 1975 – Квартети торӣ дар 4 қисм. Дастнавис.
  • 1977 – Квартети омехта барои рубоб, кларнет, фортепиано ва
  • созҳои зарбӣ.
  • 1984 – «Меҳри дил» барои флейта ва фортепиано.
  • 1990 – «Хаёлот» ва «Обшорон» барои фортепиано.

Сурудҳо:

  • «Ватан», шеъри М. Турсунзода.
  • «Баҳори бахт», шеъри А. Сидқӣ.
  • «Шукрона», шеъри Х. Қурбонова.
  • «Закоти чашм», ғазали Х. Деҳлавӣ.
  • «Занҳои Тоҷикистон», шеъри М. Фарҳат.
  • «Хайёмнома» бар рубоиёти Хайём.
  • «Чил кокул», шеъри Лоиқ.
  • «Гулбоғи Душанбе», шеъри С. Маъмур.
  • «Суруди Ваҳдат», шеъри А. Хуросонӣ.
  • «Хоби парешон», шеъри Абдураҳмони Ҷомӣ.
  • «Эй Ватан!», шеъри Н. Қосим.

Сурудҳо ва сюитаҳои вокалӣ-хореографии бачагона:

  • «Гулпаракҳо омаданд», шеъри С. Айюбӣ.
  • «Булбулакон сароед», шеъри С. Айюбӣ.
  • «Машъали ҷовидон», шеъри М. Қосим.
  • «Идат муборак», шеъри М. Бақозода.
  • «Кишвари тоҷикон», шеъри Ч. Ҳошим.
  • «Тоҷикам ман», шеъри Х. Ҷумъазода
  • «Офтоби ман», шеъри Г. Аҳмадзода
  • «Обаки ширин», шеъри Ч. Ҳошим

Мусиқӣ барои кино:

  • «Камони тиллоӣ» – филми ҳунарӣ.
  • «Суруди Вахш» – филми ҳуҷҷатӣ.

Мусиқӣ барои театр:

Ҷоизаҳо ва мукофотҳо

ордени

  • «Шараф» (2000),
  • Ордени «Дӯстӣ» (2005),
  • Ҷоизаи ҷумҳуриявии ҷавонон (1987),
  • Арбоби ҳунари Тоҷикистон (1991),
  • Аълочии маорифи Тоҷикистон (1996),
  • Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (1996),
  • Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ (2004)

Сарчашма

Пайвандҳои беруна

  1. Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011, - с. 279-282.