Дороӣ: Тафовут байни таҳрирҳо
Саҳифаи нав: '''Актив''' (лотинӣ activus – фаъол) — 1) дороӣ, пул, мол, даромад ва ашёи мавҷуда ва ё насиядодаи ягон... |
No edit summary |
||
Сатри 7: | Сатри 7: | ||
{{ЭМТ}} |
{{ЭМТ}} |
||
[[Гурӯҳ: |
[[Гурӯҳ: ]] |
Нусха 09:50, 18 июли 2017
Актив (лотинӣ activus – фаъол) — 1) дороӣ, пул, мол, даромад ва ашёи мавҷуда ва ё насиядодаи ягон муассиса; захираҳои аз фаъолияти пешинаи корхона ё ширкат ҳосилшуда, ки аз онҳо дар оянда ба даст овардани ягон манфиати иқтисодиро интизоранд; 2) яке аз ду тарафи тавозуни ҳисобдорӣ, ки дар он маблағу воситаҳои корхона (мувофиқи мавқеашон дар ҷараёни истеҳсол ё такрористеҳсол) нишон дода мешавад. Фаъолияти асосии корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар маблағгузориҳои ғайригардиширо низ актив меноманд. Мафҳуми актив инчунин дороии воситаҳои гардиши меъёрдор (захираҳои истеҳсолӣ, маҳсулоти тайёр ва ғайра) ё воситаҳои гардиши бемеъёр (пул, молҳои ба харидор фиристодашуда, қарзи дебиторӣ ва ғайра) ва ё навъҳои дигари хароҷот (масалан, хароҷоти як ферма нисбати саршумори умумии чорво)-ро ифода мекунад.
Эзоҳ
Сарчашма
Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.
[[Гурӯҳ: ]]