Фаттоҳ Одина: Тафовут байни таҳрирҳо
х clean up, replaced: {{Зиндагинома → {{Шахсият, |Номи тоҷикӣ → | ном , |Номи аслӣ → | номи аслӣ , |Акс → | тасвир , |Зодрӯз → | санаи using AWB |
No edit summary |
||
Сатри 1: | Сатри 1: | ||
{{Мусиқидон |
|||
{{Шахсият |
|||
| ном =Фаттоҳ Одина |
| ном = Фаттоҳ Одина |
||
| номи аслӣ =Фаттоҳ Одина |
| номи аслӣ = Фаттоҳ Одина |
||
| тасвир = |
| тасвир = |
||
| санаи таваллуд = |
| санаи таваллуд = 22.7.1938 |
||
| зодгоҳ =[[Кангурт]] |
| зодгоҳ = [[Кангурт]] |
||
| санаи марг = |
| санаи марг = 2.1.2010 |
||
| навъи фаъолият =[[оҳангсоз]] |
| навъи фаъолият =[[оҳангсоз]] |
||
}} |
}} |
Нусха 10:19, 21 июли 2017
Фаттоҳ Одина | |
Таърихи таваллуд | 22 июл 1938 |
Зодгоҳ | Кангурт |
Таърихи даргузашт | 2 январ 2010 (71 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Пеша(ҳо) | мусиқидон |
Фаттоҳ Одина - (22 июли 1938, Кангурт - 2 январи 2010, Душанбе) - оҳангсози маъруфи тоҷик, Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон, узви Иттифоқи оҳангсозон ва Иттифоқи синамогарону ходимони театрии Тоҷикистон, лауреати мукофоти ба номи А.В. Александров ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.
Зиндагинома
Фаттоҳ Одина (Абдулфаттоҳ Одинаев) 22 июли соли 1938 дар Кангурт таваллуд шудааст. Соли 1957 омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе, соли 1962 консерваторияи давлатии ба номи Чайковский ва соли 1966 аспирантураи Донишкадаи давлатии омӯзгории бо номи Гнесинро дар Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) хатм кардааст. Дар Вазорати маданияти Тоҷикистон (ҳозира фарҳанг) кор кардааст. Дар солҳои 1971-1978 роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон будааст. Мудирияти кафедраи факултаи санъати Донишкадаи омӯзгории Душанберо бар дӯш доштааст. Рӯзи 2 январи соли 2010 дар синни 72-солагӣ вафот кардааст.
Мукофоту ҷоизаҳо
- Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон,
- Лауреати мукофоти ба номи А.В. Александров
- ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.
Эҷодиёт
Операи аввалини оҳангсози марҳум бо номи «Парасту» дар соли 1966 аз рӯи достони шоира Жола офарида шуда, дар саҳнаи Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба саҳна гузошта шудааст. Достони «Аҳурамаздо» ва операи бачагонаи «Бузаки ҷингилапо» аз асарҳои маъруфи ӯ мебошанд.
Насли солҳои панҷоҳуми асри бист сурудҳои
- «Ватанро месароям»,
- «Иқболи баланд»,
- «Бақои дӯстӣ»,
- «Ману дарё»,
- «Тоҷикистон»,
- Арӯси 18-сола»,
- «Аспи саманд»,
- «Маъвои Роғун»,
- «Садбарги сафед»
- «Аскарбача»-и ӯро дар ёд доранд.
оҳанг барои филмҳои
- «Хиёнат»,
- «Хатти парвоз»,
- «Ашк ва шамшер»,
- «Вохӯрӣ дар дараи марг»
- оҳанг барои намоишномаҳои театрии
- «Рустам ва Сӯҳроб»,
- «Шоҳ Лир»,
- «Роҳзанҳо»,
- «Кабки қафас» ва ғ. оҳанг офаридааст.
асарҳои камеравии
- «Фалак»,
- «Лолаи ёлаҳо»,
- «Ироқи дарвозӣ»,
офаридаҳои симфонии
- «Увертюраи ҷавонӣ»,
- «Дар Помир»,
- «Ҳисори ман»,
- Мавригӣ»,
- «Падарамро набаред» ва ғ. ба хазинаи санъаи мусиқии тоҷик ворид шудаанд.
Пайвандҳои беруна
- Зодагони 22 июл
- Зодагони соли 1938
- Даргузаштагони 2 январ
- Даргузаштагони соли 2010
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи мусиқидонон
- Оҳангсозони Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон
- Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
- Узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон
- Олимони Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода
- Омӯзгорони Консерватрияи миллии Тоҷикистон