Фаттоҳ Одина: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 80: Сатри 80:


== Пайвандҳо ==
== Пайвандҳо ==
*<ref>{{Cite web|url=http://www.millat.tj/farhangvaadab/1639-fattoh_odina_darguza_944.html|title=ФАТТОҲ ОДИНА ДАРГУЗАШТ|author=|website=Рӯзномаи Миллат|date=|publisher=www.millat.tj|lang=tg|accessdate=2017-07-21}}</ref>
*{{Cite web|url=http://www.millat.tj/farhangvaadab/1639-fattoh_odina_darguza_944.html|title=ФАТТОҲ ОДИНА ДАРГУЗАШТ|author=|website=Рӯзномаи Миллат|date=|publisher=www.millat.tj|lang=tg|accessdate=2017-07-21}}
*<ref>{{Cite web|url=https://www.ozodi.org/a/1922520.html|title="Ояндасоз-мюзик": Охирин оҳанги Фаттоҳ Одина|publisher=Радиои Озодӣ|accessdate=2017-07-21}}</ref>
*{{Cite web|url=https://www.ozodi.org/a/1922520.html|title="Ояндасоз-мюзик": Охирин оҳанги Фаттоҳ Одина|publisher=Радиои Озодӣ|accessdate=2017-07-21}}
*<ref>{{Cite web|url=http://www.bbc.co.uk/tajik/lg/news/2010/01/100104_zkh_death_fattahadina.shtml|title=BBC Тоҷикӣ - Ахбор - Офарандаи оҳанги “Духтари сеторӣ” даргузашт|lang=tg|accessdate=2017-07-21}}</ref>
*{{Cite web|url=http://www.bbc.co.uk/tajik/lg/news/2010/01/100104_zkh_death_fattahadina.shtml|title=BBC Тоҷикӣ - Ахбор - Офарандаи оҳанги “Духтари сеторӣ” даргузашт|lang=tg|accessdate=2017-07-21}}


[[Гурӯҳ:Оҳангсозони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Оҳангсозони Тоҷикистон]]

Нусха 10:39, 21 июли 2017

Фаттоҳ Одина
Таърихи таваллуд 22 июл 1938(1938-07-22)
Зодгоҳ Кангурт,
Таърихи даргузашт 2 январ 2010(2010-01-02) (71 сол)
Маҳалли даргузашт
Пеша(ҳо) оҳангсоз

Фаттоҳ Одина (Абдулфаттоҳ Одинаев; 22 июли 1938, Кангуртноҳияи Совет2 январи 2010, Душанбе, Тоҷикистон) — оҳангсози маъруфи тоҷик, Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон, узви Иттифоқи оҳангсозон ва Иттифоқи синамогарону ходимони театрии Тоҷикистон, лауреати мукофоти ба номи А. В. Александров ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.

Зиндагинома

Фаттоҳ Одина (Абдулфаттоҳ Одинаев) 22 июли соли 1938 дар Кангурт таваллуд шудааст. Соли 1957 омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе, соли 1962 консерваторияи давлатии ба номи Чайковский ва соли 1966 аспирантураи Донишкадаи давлатии омӯзгории бо номи Гнесинро дар Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) хатм кардааст. Дар Вазорати маданияти Тоҷикистон (ҳозира фарҳанг) кор кардааст. Дар солҳои 1971—1978 роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон будааст. Мудирияти кафедраи факултаи санъати Донишкадаи омӯзгории Душанберо бар дӯш доштааст. Рӯзи 2 январи соли 2010 дар синни 72-солагӣ вафот кардааст[1].

Мукофоту ҷоизаҳо

Эҷодиёт

Операи аввалини оҳангсози марҳум бо номи «Парасту» дар соли 1966 аз рӯи достони шоира Жола офарида шуда, дар саҳнаи Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба саҳна гузошта шудааст. Достони «Аҳурамаздо» ва операи бачагонаи «Бузаки ҷингилапо» аз асарҳои маъруфи ӯ мебошанд.

Сурудҳо

  • «Ватанро месароям»,
  • «Иқболи баланд»,
  • «Бақои дӯстӣ»,
  • «Ману дарё»,
  • «Тоҷикистон»,
  • Арӯси 18-сола",
  • «Аспи саманд»,
  • «Маъвои Роғун»,
  • «Садбарги сафед»,
  • «Аскарбача».

Оҳанг барои филмҳо

  • «Хиёнат»,
  • «Хатти парвоз»,
  • «Ашк ва шамшер»,
  • «Вохӯрӣ дар дараи марг»

Оҳанг барои намоишномаҳои театрӣ

  • «Рустам ва Сӯҳроб»,
  • «Шоҳ Лир»,
  • «Роҳзанҳо»,
  • «Кабки қафас» ва ғ.

Асарҳои камеравӣ

  • «Фалак»,
  • «Лолаи ёлаҳо»,
  • «Ироқи дарвозӣ»

Офаридаҳои симфонӣ

  • «Увертюраи ҷавонӣ»,
  • «Дар Помир»,
  • «Ҳисори ман»,
  • Мавригӣ",
  • «Падарамро набаред» ва ғ.

Эзоҳ

  1. Фаттоҳ Одина даргузашт. Радиои Озодӣ. 21 июли 2017 санҷида шуд.

Пайвандҳо