Қаюм Азизив: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
No edit summary
(бе тафовут)

Нусха 11:12, 24 августи 2017

Қаюм Азизив
Зодрӯз 5 январ 1924(1924-01-05) (100 сол)
Мансубият  Тоҷикистон
Рутба генерал-майор
Ҷоизаҳо Медали «Барои меҳнати шоён»
Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон

Қаюм Азизивов (5 январи соли 1924, деҳаи Маҳрами ноҳияи Конибодом – 8 январи 2000, Душанбе) — генерал-майори адлия (1967), Ҳуқуқшиноси хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1972).

Зиндагинома

Хатмкардаи Омӯзишгоҳи омӯзгории Конибодом (1941) ва факултети ҳуқуқшиносии УДТ (1961). Солҳои 1941 – 1942 муаллими мактаб дар Конибодом, 1943 – 1944 котиби суди халқӣ, ёвари прокурори ноҳияҳои Данғара ва Шӯрообод, 1944 – 1947 муфаттиши прокуратураи ноҳияҳои Кӯлоб ва Мӯъминобод, 1948 – 1949 муфаттиши прокуратураи ноҳияи Қизилмазор, 1949 – 1953 прокурори ноҳияи Колхозобод, 1953 – 61 прокурори шаҳри Кӯлоб, 1961 – 1969 прокурори ВМКБ, 1969 – 1973 прокурори шаҳри Душанбе, 1973 – 1979 прокурори ноҳияи Турсунзода буд. Бо медали «Барои меҳнати шоён», Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Эзоҳ

Сарчашма

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.