Абдурраҳмони III: Тафовут байни таҳрирҳо

Jump to navigation Jump to search
no edit summary
No edit summary
No edit summary
'''Абдурраҳмони III''' ([[891]]— [[961]], [[Қурта]]) — амир (912) ва баъд халифаи Куртуба аз соли [[929]].
== Зиндагинома ==
Ба Абдурраҳмони III лақаби «Ғолиб» (ан-Носир) гузошта буданд. Аморатро, ки аз тарафи собиқадоронаш суст ва пароканда шуда буд, барқарор кард. Соли 931 Сеута, 932 Толедоро забт намуд. Аз соли 955 Леон ва Наварра ба Абдурраҳмони III. хироҷ месупориданд. Бо [[Византия]] ва императори «Империяи Рими муқаддас» [[Оттони I]] муносиботи дипломатӣ дошт. Гвардияи устувору пурқуввате аз ҳайати ғуломони европоӣ ташкил дод, ки онҳоро «сақалиба» меномиданд. Флоти пуриқтидортарин дар Баҳри Миёназамин таъсис дода, сохтмонро низ хуб ба роҳ монд. Замони Абдурраҳмони III қароргоҳи берун аз шаҳрӣ бо номи «Заҳра» сохта шуд, сохтмони масҷиди Кордова оғоз гардид. Ҳокимияти Абдурраҳмони III, қуллаи баландтарини ҳокимияти [[Хилофати Умавиён|Умавиёни]] Куртуба ҳисоб меёбад.
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}

Менюи гаштан