Фарқият байни намунаҳои "Офтоб"

Jump to navigation Jump to search
no edit summary
'''Офтоб''' (аз оф — ҷирм ва тоб тобанда, тобоӣ), '''Шамс''', '''Меҳр''', '''Xуршед''' ([[Аломатҳои астрономӣ|астр.]] ☉) — наздиктарин ситораест, ки дар маркази [[системаи Офтоб]] воқеъ буда, аз плазмаи тафсон таркиб ёфтааст. Аломати астрономиаш 0фтоб. Массам Офтоб 1,990*10<sup>30</sup> килограмм буда, аз массам Замин 332958 маротиба зиёд аст ва 99,866 % -и массаи ҷирмҳои Системаи Офтобро ташкил медиҳад. Масофаи байни Офтоб ва Замни дар давоми сол аз 147,1 миллион километр (январ)  то 152,1 миллион километр (июл) тағйир меёбад. Қимати миёнааш 149,6 миллион километр аст, ки онро чун воҳиди астрономӣ қабул кардаанд. Зичии миёнаи моддаи Офтоб 1,41-10® килограмм/метр<sup>э</sup>. Тезшавии қувваи вазнинӣ дар сатҳи Офтоб 273,98 м/ооп<sup>2</sup>. Ҳарорати сатди Офтоб, ки аз рӯи афканиши пурраи он мувофиқи қонуни афканишоти Стефану Болс­ман муайян карда мешавад, ба 57ТО К баробар аст.
 
Баъд аз ихтирои телескоп мушоҳидаи Офтоб характери илмӣ пайдо кард. [[Доғи Офтоб|Доғҳои Офтоб]] кашф ва даври чархзании он дар атрофи меҳвараш муайян карда шуд. Соли 1843 астрономи немис Г. Швабе даврияти хурӯҷи Офтобро ошкор кард. Соли 1814 Й. Фра­унгофер дар спектри Офтоб хатҳои тираи фурӯбурдро дарёфт. Аз соли 1836 ин ҷониб гирифти Офтобро мунтазам мушоҳида мекунанд. Дар натиҷа дар Офтоб тоҷ, хромосфера, инчунин протӯберансҳо ошкор гарди­данд. Соли 1913 астрономи америкоӣ Ҷ. Ҳенл спектри доғдои Офтобро омӯхта дар Офтоб мавҷуд будани майдони магнитиро исбот кард. Дар ибтидои солҳои 40 асри 20 радиоафканишоти Офтобро кашф карданд. Дар нимаи дуюми асри 20 инкишофи гидродинамика ва физикаи плазма боиси пешравии физикаи Офтоб шуд. Ҳоло бо ёрии му- шакҳомушакҳо, расадхонаҳои автоматии маҳорӣ, лабораторияҳои кайҳонии пилотдор афканишоти ултрабунафш ва рентгении Офтобро тадқиқ мекунанд.
 
== Тавсифоти умумӣ ==
Офтоб аз ҷумлаи резаситораҳои зард буда, тақрибан 5 миллион сол ин ҷониб вуҷуд дорад. Қадри фотовизуалии ситоравиаш ба — 26,74, қадри мутлақи ситоравиаш ба +4,83 баробар аст. Офтоб нисбат ба маҷмӯи ситораҳои наздиктарин бо суръати 19,7 * 10<sup>s</sup> метр/сония ҳаракат мекунад. Офтоб андаруни яке аз шохаҳои Галактикаи мо аз маркази он дар масофаи тақрибан 10 кпк воқест. Атрофи Галактикаро Офтоб дар давоми тақрибан 200 миллион сол як маротиба давр зада мебарояд. 70%-и массаи Офтобро гидроген, 27%-ашро гелий ва тақрибан 2,5%-ро миқдори ҳама гуна элемент­ҳои боқимонда ташкил медиҳанд. Дараҷаи ҳарорат дар маркази Офтоб 10— 15 • 10<sup>е</sup> К, зичи тақрибан 1,5 • 10<sup>5</sup>– килограмм/метр<sup>3</sup>, фишор З<sub>т</sub>4’10<sup>,в</sup> Н/м<sup>а</sup> (тақр. 3 • 40′<sup>1</sup> ат.) мебошанд. Чунин мепиндоранд, ки манбаи энергияе, ки ҷои энергияи парокандашударо пур ва ҳарорати баландро таъмин карда меистад, реаксияҳои ядроӣ (дар ҷараёни онҳо гидроген ба гелий табдил меёбад) мебошанд, ки дар қаъри Офтоб ба амал меоянд.
 

Менюи гаштан