Амрикои Ҷанубӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 19: Сатри 19:
}}
}}


'''Америкаи Ҷанубӣ''' — [[материк]] дар қисми ҷанубии [[Нимкураи Ғарбӣ]] якҷоя бо [[Америкаи Шимолӣ]] қитъаи [[Америка|Америкаро]] ташкил медиҳад.


Америкаи Ҷанубиро аз Шимол [[Баҳри Кариб]], аз Шарқи [[Уқёнуси Атлантик]], аз Ғарби [[Уқёнуси Ором]], аз Ҷануб гулӯгоҳ Магеллан иҳота карда, онро гарданаи [[Панама]] бо Америкаи Шимолӣ мепайвандад. Нуқтаҳои интиҳоии материк: дар [[Шимол]] — димоғаи Галйинас (12°25′ а. ш.), дар [[Ҷануб]] — димоғаи Фровард (53°54′ а. ҷ.), димоғаи Горн дар ҷазира Горн (55°59′ а. ҷ.), дар [[Шарқ]] — димоғаи Кабу Бранку (34°46′ т. ғ.), дар [[Ғарб]] — димоғаи Париняс (81°20′ т. ғ.). Тӯлаш аз Шимол ба Ҷануб 7150 км, аз Шарқ ба Ғарб то 5150 км. Масоҳаташ Америкаи Ҷанубӣ якҷоя бо ҷазираҳо 17,83 млн км², бе ҷазираҳо 17,68 млн км². Ҷазираҳои калонтаринаш: Чилоэ, Галапагос, Фолкленд ва ғайра.
'''Америкаи Ҷанубӣ''' — материк дар қисми ҷанубии Нимкураи Ғарбӣ якҷоя бо Америкаи Шимолӣ қитъаи Америкаро ташкил медиҳад.
Америкаи Ҷанубиро аз Шимол Баҳри Кариб, аз Шарқи Уқёнуси Атлантик, аз Ғарби Уқёнуси Ором, аз Ҷануб гулӯгоҳ Магеллан иҳота карда, онро гарданаи Панама бо Америкаи Шимолӣ мепайвандад. Нуқтаҳои интиҳоии материк: дар Шимол — димоғаи Галйинас (12°25′ а. ш.), дар Ҷануб — димоғаи Фровард (53°54′ а. ҷ.), димоғаи Горн дар ҷазира Горн (55°59′ а. ҷ.), дар Ш. — димоғаи Кабу Бранку (34°46′ т. ғ.), дар Ғарб — димоғаи Париняс (81°20′ т. ғ.). Тӯлаш аз Шимол ба Ҷануб 7150 км, аз Шарқ ба Ғарб то 5150 км. Масоҳаташ Америкаи Ҷанубӣ якҷоя бо ҷазираҳо 17,83 млн км², бе ҷазираҳо 17,68 млн км². Ҷазираҳои калонтаринаш: Чилоэ, Галапагос, Фолкленд ва ғайра.

== Мавқеи ҷуғрофӣ ==
Онро уқёнусҳои Атлантику Ҳинд ва Баҳри Миёназамину Баҳри Сурх иҳота кардаанд. Африқоро гарданаи борики Суэтс (120 км) ва канали Суэтс бо Осиё мепайвандад ва гулугоҳи Гибралтар (бараш 14-44 км) аз Аврупо ҷудо мекунад. Хатти истиво қариб аз байни Африқо мегузарад. Димоғаи шимолтарини Африқо — Алабёз дар 37020′ а. ш., димоғаи ҷанубтаринаш — Сузан дар 340 52′ а. ҷ. воқеанд. Африқо аз Шимол ба Ҷануб 8000 км ва аз Ғарб ба Шимол то 7500 км тӯл кашидааст. Ҷазираҳои назди Африқо дар Шарқ — Мадагаскар, Комор, Маскарен, Амирант, Сейшел, Пемба, Мафия, Занзибар, Сокотра (дар Уқёнуси Ҳинд); дар Ғарб — Канар, Димоғаи Сабз, Аннобон, Сан-Томе, Принсипи, Фернандо-По (Биоко), Мадейра, ҷазираҳои дур — Вознесение, Еленаи Муқаддас, Тристанда — Куня (дар Уқёнуси Атлантик). Соҳилҳои Африқо каме каҷу ноҳамворанд. Халиҷҳои калонтарин: дар Ғарб — Гвинея, дар Шимол — Сидра, дар Шимол — Суэтс ва Адан. Нимҷазираи калонтарини Африқо — Сомалӣ.


== Релйеф ==
== Релйеф ==
Сатри 49: Сатри 46:
== Тақсимоти сиёсӣ ==
== Тақсимоти сиёсӣ ==
Дар ҳудуди Америкаи Ҷанубӣ давлатҳои зерин ҷой гирифтаанд: Аргентина, Боливия, Бразилия, Венесуэла, Гайана, Колумбия, Парагвай, Перу, Суринам, Уругвай, Чилӣ, Эквадор ва ду ҳудуди вобаста — Гвианаи Франсавӣ (мулки Франсия, аз соли 1946 расман «Департаменти хориҷӣ»), Ҷазираҳои Фолкленд (мулки Британияи Кабир дар Атлантикаи Ҷанубӣ). Таҳқиқотчии аввалини Америкаи Ҷанубӣ Гумболдт А. буд, ки дар ҳудуди асрҳои 18 — 19 якҷоя бо ботаники франсавӣ Э. Бонплан табиати материкро омӯхта, нахустин харитаи геологии онро тартиб дод. Олимони рус Г. Лангсдорф ва Н. Рубсов табиат ва ҳайати аҳолии Бразилия, селексионери бузург Н. Вавилов ноҳияҳои қадимтарини зироаткорӣ ва намуди растаниҳои эндемикиро омӯхтаанд. Маводи гирдовардаи ин экспедитсияҳо то ҳол мавриди таваҷҷӯҳи илми ҷаҳонист.
Дар ҳудуди Америкаи Ҷанубӣ давлатҳои зерин ҷой гирифтаанд: Аргентина, Боливия, Бразилия, Венесуэла, Гайана, Колумбия, Парагвай, Перу, Суринам, Уругвай, Чилӣ, Эквадор ва ду ҳудуди вобаста — Гвианаи Франсавӣ (мулки Франсия, аз соли 1946 расман «Департаменти хориҷӣ»), Ҷазираҳои Фолкленд (мулки Британияи Кабир дар Атлантикаи Ҷанубӣ). Таҳқиқотчии аввалини Америкаи Ҷанубӣ Гумболдт А. буд, ки дар ҳудуди асрҳои 18 — 19 якҷоя бо ботаники франсавӣ Э. Бонплан табиати материкро омӯхта, нахустин харитаи геологии онро тартиб дод. Олимони рус Г. Лангсдорф ва Н. Рубсов табиат ва ҳайати аҳолии Бразилия, селексионери бузург Н. Вавилов ноҳияҳои қадимтарини зироаткорӣ ва намуди растаниҳои эндемикиро омӯхтаанд. Маводи гирдовардаи ин экспедитсияҳо то ҳол мавриди таваҷҷӯҳи илми ҷаҳонист.


== Эзоҳ ==
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
{{эзоҳ}}


Адабиёт

== Адабиёт ==
* Алисов В. П., Климатические облас- ти зарубежных стран, М., 1950;
* Алисов В. П., Климатические облас- ти зарубежных стран, М., 1950;
* Лукашова Е. Н., Южная Америка, М., 1958;
* Лукашова Е. Н., Южная Америка, М., 1958;

Нусха 06:46, 6 Декабри 2017

Амрикои Ҷанубӣ
?
Парвандаҳо дар Викианбор

Америкаи Ҷанубӣ — материк дар қисми ҷанубии Нимкураи Ғарбӣ якҷоя бо Америкаи Шимолӣ қитъаи Америкаро ташкил медиҳад.

Америкаи Ҷанубиро аз Шимол Баҳри Кариб, аз Шарқи Уқёнуси Атлантик, аз Ғарби Уқёнуси Ором, аз Ҷануб гулӯгоҳ Магеллан иҳота карда, онро гарданаи Панама бо Америкаи Шимолӣ мепайвандад. Нуқтаҳои интиҳоии материк: дар Шимол — димоғаи Галйинас (12°25′ а. ш.), дар Ҷануб — димоғаи Фровард (53°54′ а. ҷ.), димоғаи Горн дар ҷазира Горн (55°59′ а. ҷ.), дар Шарқ — димоғаи Кабу Бранку (34°46′ т. ғ.), дар Ғарб — димоғаи Париняс (81°20′ т. ғ.). Тӯлаш аз Шимол ба Ҷануб 7150 км, аз Шарқ ба Ғарб то 5150 км. Масоҳаташ Америкаи Ҷанубӣ якҷоя бо ҷазираҳо 17,83 млн км², бе ҷазираҳо 17,68 млн км². Ҷазираҳои калонтаринаш: Чилоэ, Галапагос, Фолкленд ва ғайра.

Релйеф

Шарқи Америкаи Ҷанубӣ асосан аз паҳнкӯҳҳои баландиашон миёна, ҳамвориҳои баланд ва пастиҳо иборат аст. Шимол ва Ғарбии материкро системаи кӯҳии Кордилйераи Анд, ё худ кӯҳҳои Анд иҳота кардаанд, ки ба масофаи 9000 км тӯл мекашанд, баландтарин нуқтаи он 6960 м (кӯҳи Аконкагуа). Дар шиму шарқ ва Шарқи материк паҳнкӯҳҳои Гвиана (кӯҳи Неблина, 3014 м) ва Бразил (кӯҳи Бандейра, 2890 м) қад кашида (ин ҷо заминҷунбӣ кам ва вулқонҳои амалкунанда нестанд), онҳоро пастии Амазонка (Амазония) аз ҳам ҷудо мекунад; дар Ҷануб ҳамвориҳои Пампа ва пуштакӯҳи Патагония (баландиаш дар Ғарб то 2200 м) воқеанд. Ин паҳнкӯҳҳо ба барҷастагиҳои калони платформаҳои Америкаи Ҷанубӣ ва Патагония, пастии Амазония бошад, ба фурӯхамидаи васеи платформаҳо — синеклиза мувофиқат мекунанд. Дар фурӯхамидаҳои канорӣ ва наздикӯҳии байни кӯҳҳои Анд ва паҳнкӯҳҳо пастии Ориноко ва ҳамвориҳои дохилӣ (Пантанал, Гран-Чако ва Пампа) ҷой гирифтаанд. Ин ҳамвориҳо барои киштукор, сохтани роҳҳо, ҷой додани қасабаҳо хеле мувофиқанд.

Сохти геологӣ ва сарватҳои зеризаминӣ

Аз ҷиҳати тектоникӣ тамоми ҳудуди Америкаи Ҷанубӣ ба 2 сохти асосӣ ҷудо мешавад: дар Ғарб геосинклиналӣ, дар Шарқ платформагӣ. Оғози ташаккулёбии сохти геосинклиналӣ — кӯҳҳои Анд ба охирҳои палеозой ва аввалҳои мезозой рост меояд. Раванди кӯҳпайдошавӣ то ҳол давом дорад, ки дар ин бора зуд-зуд рӯй додани зилзилаю (зилзилаҳои шадиди солҳои 1960, 1970 ва 1985) оташфишонии вулқонҳо шаҳодат медиҳанд. Дар кӯҳҳо ҳодисаи сангрезӣ ва фуромадани тармаҳои бузург (дар Андҳои Перу як шаҳри тамом бо 25 ҳазор нафар аҳолӣ зери тарма монда нобуд шудааст) рух медиҳанд. Дар Шарқ структураи платформагӣ аз платформаҳои Америкаи Ҷанубӣ ва Патагония иборат аст. Таҳкурсии қадими эраи архей дар сипарҳои Гвиана, Бразили Ғарбӣ ва Бразили Шарқӣ ба рӯ баромадааст. Ноҳияҳои платформагие, ки аз ҳудуди ин сипарҳо берунанд, асосан бо таҳнишастҳои континентӣ пӯшида шудаанд. Байни ноҳияҳои платформагию геосинклиналӣ пастхамиҳои тектоникии Ориноко, Гран-Чако, Ла-Плата; байни кӯҳҳои Анду сипарҳои Гвиана ва Бразили Ғарбӣ пастхамии Амазонка воқеанд. Ин пастхамиҳо бо таҳнишастҳои баҳрӣ ва ҷинсҳои обовард пур шудаанд. Ташаккулёбии платформаҳо дар давраи токембрий сар шуда, дар кембрий низ давом дошт ва чиндоршавии Байкал (Бразил) боиси ба ҳам пайвастани платформаҳо гардид. Дар давраи триас дар ҳавзаи Парана қишри замин кафида, тафтафишонии базалтӣ ба амал омад. Америкаи Ҷанубӣ аз сарватҳои зеризаминӣ бой аст. Нефту газ дар фурӯхамидаҳои байникӯҳӣ ва назди кӯҳҳо, инчунин фурӯхамидаҳои платформаҳо маҳфузанд. Захираҳои фаровони онҳо дар шим. Венесуэла, Эквадор, Колумбия, инчунин Перу, Бразилия ва Аргентина ҳастанд. Конҳои калони мис дар Чилӣ ва Перу, оҳан дар Бразилия, Венесуэла ва Чилӣ, манган дар Бразилия, боксит дар Гайана, Суринам ва Венесуэла, металлҳои нодиру ашёи хоми оптикӣ, инчунин тилло, платина, нуқра, висмут, волфрам, симоб, кобалт, алмос, сулфур, селитра, йод ва ғайра дар аксар ҷойҳо мавҷуданд. Бузургтарин дар ҷаҳон конҳои мис дар кӯҳҳои Анд буда, номи ин кӯҳҳо аз калимаи «анта» (дар забони инкҳо маънои «мис»-ро дорад) гирифта шудааст.

Иқлими қисми зиёди Америкаи Ҷанубӣ

субэкваторӣ ва тропикӣ буда, мавсимҳои беборишу сербориш дорад (дар Амазония боронгариҳои беист), иқлими Ҷанубӣ — субтропикӣ ва мӯътадил. Ҳарор. моҳонаи ҳамвориҳои қисми шимолии материк то тропики ҷанубӣ ба ҳисоби миёна 20 — 28°С. Тобистон дар Нимкураи Ҷанубӣ (моҳи июл) ҳарораташ рӯ ба Ҷануб паст шудан мегирад (дар Патагония аз 20° то 10°С). Зимистон (моҳи январ) дар паҳнкӯҳи Бразил ҳарор. миёнаи моҳона то 12 — 16°С, дар Пампа то 6 — 10°С, дар пуштакӯҳҳои Патагония то 0°С ва аз ин паст мешавад. Бо вуруди ҳавои сарди Ҷануб ҳатто дар ҷанубӣ Гран-Чако ва паҳнкӯҳи Бразил аёс сар мезанад. Миқдори боришоти солона дар нишебаҳои ғарбии кӯҳҳои Анд, дар ғарби Колумбия ва ҷананубӣ Чилӣ аз ҳама бештар — 5000 — 8000 мм, дар Амазонияи Ғарбӣ ва нишебаҳои шарқии паҳнкӯҳҳои Гвианаю Бразил 2000 — 3000 мм мебошад. Дар қисми боқимондаи шарқи материк (то 35° а. ҷ.) боришоти солона 1000—2000 мм аст. Иқлими Патагония, минтақаи назди Уқёнуси Ором (аз 5° то 27° а. ҷ.) ва қисми ҷанубии паҳнкӯҳҳои Анди Марказӣ хеле хушк (боришоти солонааш 150—200 мм). Америкаи Ҷанубӣ сернамтарин материки кураи замин аст. Иқлими он барои нашви растаниҳо (тамоми сол) хеле мусоид мебошад. Дар он тамоми намуди растаниҳои тропикиро парвариш кардан ва соле чанд ҳосил рӯёндан мумкин аст.

Хок ва наботот

Дар ноҳияи иқлимаш экватории сернам, ки хоки он латеритии зарди сурхтоб аст, бешаҳои анбӯҳи ҳамешасабз — селвасҳо паҳн гаштаанд. Дар минтақаҳои иқлими субэкваторӣ бешаҳои гуногуни баргрезу ҳамешасабз (дар шарқи Амазония, паҳнкӯҳи Гвиана, шим. паҳнкӯҳи Бразил ва ғайра) ва саваннаҳои сералаф — ляносҳо (дар пастии Ориноко), саваннаҳои сербутта — кампос-серрадос (дар маркази паҳнкӯҳи Бразил) ё бешазорҳои хушки камдарахт — каатинга (дар шимолӣ шарқии паҳнкӯҳи Бразил) дучор меоянд; хокашон асосан сурхи ҷигарӣ ва тира. Бешаҳои сернами хокашон сурхи латеритии минтақаи тропикии паҳнкӯҳи Бразил дар Ғарб, дар Гран-Чако ба бешазори хушки камдарахти хокаш сурхи ҷигарӣ табдил меёбанд. Хоку набототи пуштакӯҳҳои Анди Марказӣ ва назди соҳили ғарбӣ биёбонианд, дар субтропикҳои ҷануби паҳнкӯҳи Бразил бешаҳои сӯзанбарги сурххок, дар ҷанубтари он саваннаи сералафи сиёҳхоки сурхтоб паҳн гаштаанд; дар Пампа дашти сабзу хуррами сиёҳхок рӯ ба самти Ғарб ба дашти хушки хокаш ҷигарӣ ва нимбиёбон тибдил меёбад. Дар Ғарб, дар Чилии Миёна байни 28° — 38° а. ҷ., бешаҳои дуруштбарг ва буттазори хокаш ҷигарӣ, байни 38° — 42° а. ҷ. бошад, бешаҳои сернами ҳамешасабзи паҳнбаргу сӯзанбарги тирахок мавҷуданд. Дар Патагония нимбиёбони сербуттаи тирахок, дар кӯҳҳои Анди Ҷанубӣ бешаҳои омехтаи анбӯҳи тирахоки кӯҳӣ бештаранд. Америкаи Ҷанубӣ макони бисёр растаниҳои қиматбаҳо: гевея, дарахти хина, дарахти сурх, какао ва ғайра мебошад. Фаъолияти инсон ба муҳит таъсири манфӣ расонда бойгариҳои табиӣ бераҳмона ғорат мешаванд. Бешаҳои Амазония қариб ба нестӣ расида, дар ҷойи ҷангалзорҳои тропикӣ ва саваннаҳо плантатсияҳои дарахтони қаҳва, какао ва ғайра нумӯ доранд. Сохтмони роҳи трансамазонӣ (5000 км) ба селваҳо, (бешаҳои намноки тропикӣ, ҷангалзорҳои касногузар) роҳ кушода, ин ғоратро бештар кард.

Олами ҳайвонот

Америкаи Ҷанубӣ олами ҳайвоноти ба худ хос дорад. Дар бешаҳои анбӯҳи назди экватор ҳайвоноти гуногун, аз ҷумла маймуни паҳнбинӣ, коҳилак, мӯрчахӯр, ҷайраи дарахтгард, опоссумҳо ва ғайра вомехӯранд. Аз ҳайвоноти рӯи-заминӣ кашафпушти азимҷусса, паланг, гурги ёлдор ва хуки обии капибара бисёр аст. Дар дарёҳо қариб 2000 хел моҳӣ, аз ҷумла анчоуси нурбарор, пираня ва ғайра вомехӯранд. Америкаи Ҷанубӣ аз орнитофауна — олами парандагон (тӯтӣ, парандаи хурдтарин — колибрӣ, чилмангӯштак, лошахӯр ва ғайра), хазандаҳо (морҳои заҳрдору безаҳр, аз ҷумла калонтарин мор — анакондаи обӣ, сангпушту кайманҳо), ҳашарот (шабпаракҳо, гамбускҳо, мӯрчаҳои калони 3-сантиметра) бой аст. Дар дашту нимбиёбонҳои ҳамвор пума, гавазни пампагӣ, саги магелланӣ, шутурмурғи дарвинӣ ва парандаи калонтарини замин — кондор (қаноти кушодааш 3 м) ҳастанд.

Ноҳияҳои табиӣ

Америкаи Ҷанубӣ аз рӯи хусусиятҳои табиӣ ба 2 қисми калон ҷудо мешавад: Дар Ш. ҳамворию паҳнкӯҳҳои материк (ба ғайр аз кӯҳҳои Анд) ва дар Ғарб кӯҳсори Анд. Қисми аввал ноҳияҳои зеринро дар бар мегирад: Лянос — Ориноко, Амазония, кӯҳсори Гвиана ва кӯҳсори Бразил, Ноҳияҳои Дохилӣ, доманаи кӯҳҳои Кордилйера ва Сйерра-Пампа, Патагония; қисми дуюм аз Анди Шимолӣ, Анди Марказӣ, Анди субтропикӣ ва Анди Патагония иборат аст. Масъалаи ҳифзи муҳити зист танҳо дар асри 20 бардошта шуда, вақтҳои охир амалӣ мегардад. Майдони ҳудудҳои ҳифзшавандаи материк ҳамагӣ 1%-ро ташкил медиҳад. Паркҳои миллӣ ва мамнӯъгоҳҳо ҳамзамон марказҳои туризм мебошанд.

Аҳолӣ

Америкаи Ҷанубӣ қариб 385,7 млн нафар аҳолӣ дорад (2010). Сокинони таҳҷоии Америкаи Ҷанубӣ — ҳиндиҳо (ҳиндиҳои америкоӣ). Тахмин мекунанд, ки 30 — 20 ҳазор сол аз ин муқаддам аҷдоди онҳо аз шимолӣ шарқи Осиё ба Америкаи Шимолӣ омада, аз он ҷо ба Америкаи Ҷанубӣ гузаштаанд. Дар минтақаи кӯҳҳои Анд ҳанӯз 7 ҳазор сол муқаддам кишоварзӣ тараққӣ карда буд. Ҷуворимакка, картошка, каду, помидорро, ки ҳоло дар тамоми дунё истеъмол мекунанд, аввалин шуда ҳиндиҳои Америка кишт кардаанд. Тамаддунҳои азбайнрафтаи мардумони таҳҷоии ин ҷо ва боқимондаҳои он — харобаи шаҳрҳо, қасру маъбадҳои мӯҳташам, муҷассамаҳои бузурги маҳфузмонда, роҳу пулҳо, каналҳо ва системаи обёрии қадимтарин олимони замонро ба ҳайрат мегузоранд. Дар Америкаи Марказӣ ва Америкаи Ҷанубиӣ пеш аз Колумб аввалин ҷамъиятҳои синфии халқҳои ҳиндӣ: майя, астекҳо, чибчаҳо (муискаҳо) ва инкҳо ташаккул ёфтанд. Машғулияти асосиашон деҳқонӣ буд. Дар ибтидои асри 16 Америкаи Ҷанубӣ аз тарафи европоиён забт гардида, ба Бразилия португалиҳо ва ба қисмҳои дигари он испаниҳо омаданд. Ҳиндуёни ноҳияҳои назди Атлантик ғулом ва ё қир карда шуданд. Мустамликадорон барои пур кардани қувваи корӣ аз Африка ҳабашҳоро меоварданд. Ҳамин тариқ раванди ба ҳам даромехтани нажоду қавмҳо, забону урфу одатҳои гуногун авҷ гирифт. Ҳайати аҳолӣ аҷоиб шуд: ҳиндиҳои бо сафедпӯстон даромехтаро «метис», бо ҳабашҳо даромехтаро «самбо», даромехтагони ҳабашҳою сафедпӯстонро «мулат» меноманд. Мардуми Америкаи Ҷанубӣ ба забонҳои романии оилаи ҳиндуевропоӣ — испанӣ (аксарият), португалӣ (дар Бразилия) ва франсавӣ гуфтугӯ мекунанд. Дар давоми асри 19 ва ибтидои асри 20 ба Америкаи Ҷанубӣ аз мамлакатҳои гуногуни Европаю Осиё чандин миллион одамон кӯчида омаданд.

Тақсимоти сиёсӣ

Дар ҳудуди Америкаи Ҷанубӣ давлатҳои зерин ҷой гирифтаанд: Аргентина, Боливия, Бразилия, Венесуэла, Гайана, Колумбия, Парагвай, Перу, Суринам, Уругвай, Чилӣ, Эквадор ва ду ҳудуди вобаста — Гвианаи Франсавӣ (мулки Франсия, аз соли 1946 расман «Департаменти хориҷӣ»), Ҷазираҳои Фолкленд (мулки Британияи Кабир дар Атлантикаи Ҷанубӣ). Таҳқиқотчии аввалини Америкаи Ҷанубӣ Гумболдт А. буд, ки дар ҳудуди асрҳои 18 — 19 якҷоя бо ботаники франсавӣ Э. Бонплан табиати материкро омӯхта, нахустин харитаи геологии онро тартиб дод. Олимони рус Г. Лангсдорф ва Н. Рубсов табиат ва ҳайати аҳолии Бразилия, селексионери бузург Н. Вавилов ноҳияҳои қадимтарини зироаткорӣ ва намуди растаниҳои эндемикиро омӯхтаанд. Маводи гирдовардаи ин экспедитсияҳо то ҳол мавриди таваҷҷӯҳи илми ҷаҳонист.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Алисов В. П., Климатические облас- ти зарубежных стран, М., 1950;
  • Лукашова Е. Н., Южная Америка, М., 1958;
  • Магидович И. П., Очерки по истории географических открытий, М., 1957;
  • Очерки по геологии Южной Америки, (тарҷ. аз англ.), М., 1959;
  • Хаин В. Е., Региональная геотектоника, т. 1, М., 1971;
  • Карасик Г. Я., Водный баланс Южной Америки, М., 1974.
  • Новая Российская Энциклопедия, т. 2, М., 2005.

Сарчашма

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.