Аминӣ Баҳманёр Арабзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 12: Сатри 12:
|маҳалли марг =
|маҳалли марг =
|шаҳрвандӣ = {{Парчам|Тоҷикистон}}
|шаҳрвандӣ = {{Парчам|Тоҷикистон}}
|навъи фаъолият = {{нависанда/гурӯҳ|Тоҷикистон|ИҶШС|асри XX|асри XXI}}
|навъи фаъолият = {{нависанда|Тоҷикистон|ИҶШС|асри XX|асри XXI}}
|самт =
|самт =
|жанр = [[ҳикоя]], [[қисса]]
|жанр = [[ҳикоя]], [[қисса]]

Нусха 04:56, 27 Декабри 2017

Аминӣ Баҳманёр Арабзода
Наҷмиддин Арабзода
Тахаллусҳо: Баҳманёр
Таърихи таваллуд: 1954
Зодгоҳ: Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият:
Жанр: ҳикоя, қисса
Забони осор: тоҷикӣ

Баҳманёр (Наҷмиддин Арабзода) — нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садридин Айнӣ.

Зиндагинома

Нависандаи истеъдодманд, Баҳманёр (Наҷмиддин Арабзода) 15 июли соли 1954 дар шаҳри Панҷакент дида ба ҷаҳон кушодааст. Фориғуттаҳсили шӯъбаи арабии забонҳои шарқи Университети давлатии Тоҷикистон (1977) аст. Дар идораи киносозии тоҷик, нашрияҳои «Маданияти Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», маҷаллаи «Садои Шарқ» фаъолият доштааст.

Насри бадеии Баҳманёр

Баҳманёр аз зумраи нависандагони навҷӯю хушсалиқаест, ки бо нигоштаҳои нахустинаш миёни хонандагон ва муҳити адабӣ маҳбубият пайдо кард, мутобиқ ба шароити рӯзгор ва гузашти вақт маҳорату малакаи татствир дар асарҳояш такмил ёфтаю сербор шудааст. Қудрати офаринишаш марзу ҳадде намешиносад ва дар ҳама чиз нуктае, розеву карашмае меҷӯяд. Забони пуртавонаш ҳампайванд бо татствирҳои тозаест, аз нӯги хомааш бӯи сидқу сафо меояд, ҳар чӣ ба ҳиссу ақли хеш дармеёбад, бепарда, бидуни биму ҳарос ва бе ҳеҷ рӯю риё баён медорад. Нигоштаҳои Баҳманёр рангу бӯи зодбумро медиҳанд, вале дорои паёмҳои инсонӣ ва башарии фаромаконӣ ва фарози маонианд. Бо ин ҳам реша дар жарфои фарҳангу забони тоҷикӣ — форсӣ доранд, ойинаи тамомнамои зиндагии худаш мебошанд. Барояш нависандагӣ саргармӣ, ҳавас ва шӯҳрату худнамоӣ нест, балки ниёзи сӯзонест, ки оромаш намегузорад. Бинои татствирсозе дар ҳама осораш бар тавсифи хаёлангези муҳит побарҷой аст, тахайюлу воқеятро ба ҳам омезиш медиҳад. Бардоштҳо аз падида моли худашанд ва баҳри хонанда оромиши дилпазире ба армуғон меоварад, дар ҳолати шӯридагию шигифтӣ наъраи шайдо ва бонги эътироз баланд ба садо меояд.

Мукофот

  • Ҷойизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садридин Айнӣ.


Осор

  • Ишқи сайед: Ҳикояҳо. — Душанбе, 1984. — 173 с.
  • Аспи обӣ: Ҳикояҳо. — Душанбе, 1988, — 224 с.
  • Время цветения ромашки: Рассказы. — Москва, 1988. — 144 с.
  • Дуди хисрат: Қиссаю ҳикоёт. — Душанбе, 1993. — 337 с.
  • Зарринаи Зарнигор: Қиссаю ҳикоёт. — Душанбе, 1997. — 167 с.
  • Песен идущего в петлю: Рассказы. — Душанбе, 1998. — 164 с.
  • Сармаддеҳ: Роман.- Душанбе, 2002. — 403 с.
  • Шоҳаншоҳ: Роман. Душанбе, 2003. — 396 с.

Адабиёт доир ба адиб

  • Баҳманёр // Адибони Тоҷикистон. — Душанбе,2003. — С. 117
  • Солеҳов, Ш. Баҳманёр (Аминӣ Баҳманёр Арабзода) // Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик [Матн]. — Душанбе, 2004.- Ҷ.3.- С.506.
  • Абдухолиқи Набавӣ. Намунаи шоистаи насри ҷадид. // Адабиёт ва санъат.- 2004.- 21 май.
  • Мисбоҳиддин Нарзиқул. Баррасӣ ва нақди роман: Оди романи «Шоҳаншоҳ»-и Баҳманёр //Садои Шарқ.- 2012.- № 12.- С.77-110..[1]

Сарчашма

Пайвандҳо