Апорт (навъи себ): Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Саҳифаи нав: '''Апорт''' — як навъ себи қадимии тирамоҳӣ. Мевааш калон (аз 200 – 400 г то 1 кг), нордон, сурхи рахш....
 
х Najibullo Safaraliev moved page Апорт to Апорт (навъи себ)
(бе тафовут)

Нусха 03:47, 3 Январ 2018

Апорт — як навъ себи қадимии тирамоҳӣ. Мевааш калон (аз 200 – 400 г то 1 кг), нордон, сурхи рахш. Навъи сармобардор ва серҳосил аст; ҳар бехаш то 200 – 400 кг самар медиҳад. Апорт дар тамоми мамлакатҳои боғдории ҷаҳон паҳн шудааст. Бештар хелҳои машҳури серҳосили Апорти сурхак, олмаатоӣ, кубанӣ парвариш карда мешаванд. Дар Тоҷикистон (водии Ҳисор ва ноҳияи Рашт) фақат апорти олмаатоиро мепарваранд.

Эзоҳ

Сарчашма

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.