Мураккабгулҳо: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 32: Сатри 32:
* {{btname|Senecionaceae|[[Bercht.]] & [[J.Presl]]}}
* {{btname|Senecionaceae|[[Bercht.]] & [[J.Presl]]}}
* {{btname|Vernoniaceae|[[Burmeist.]]}}
* {{btname|Vernoniaceae|[[Burmeist.]]}}
{{Hidden end}}
{{Конец скрытого блока}}
| typus = {{bt-latrus|Aster|aut=[[L.]]|txt=|Астра}}
| typus = {{bt-latrus|Aster|aut=[[L.]]|txt=|Астра}}
| children name =
| children name =

Нусха 09:24, 9 Январ 2018

Мураккабгулҳо
Тасвири 12 хӯшагули мураккабгулҳо
Тасвири 12 хӯшагули мураккабгулҳо
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Asteraceae Bercht. & J.Presl (1820), nom. cons.
Мутародифот
  • Compositae Giseke — Сложноцветные
Номенклатурный тип
Таксонҳои хоҳар

Мураккабгулҳо (лот. Compósitae) ё Косниҳо (лот. Asteráceae) — оилаи растаниҳои дупалларо гӯянд.

Намудҳо

Дар тамоми кураи Замин қариб 25 ҳазор намудашон мавҷуд аст. Аксарияти мураккабгулҳо растаниҳои алафианд. Дар арзҳои мӯътадил мураккабгулҳои нимбуттаю бутта ва дар тропи­кӣ буттаю дарахт бештар мерӯянд. Мураккабгулҳои обӣ, ботлоқӣ ва лиана каманд.

Тавсифоти биологӣ

Мураккабгулҳо баргҳои паи ҳам, баъзан рӯ ба рӯ ҷойгиршуда, хӯшагули сабатак доранд. Гули мураккабгулҳо бекосабарг, гардбаргаш 5-то, ғӯракаш поёнии якхонагӣ буда, гинесеяш аз 2 мевабарг иборат аст. Дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ қариб 225 ҷинс ва зиёда аз 3,5 ҳазор намуди мураккабгулҳо маълуманд. Дар Тоҷикистон қариб 105 ҷинс ва 600 намуди мураккабгулҳо аз кӯҳҳои паст то ноҳияҳои абадӣ бо барф пӯшидашуда месабзанд. Дар байни онҳо намудҳои ҷинси хоралаф (зиё­да аз 115 намуд), шибоғ (қариб 60 намуд), юринея (зиёда аз 30 намуд) бештар паҳн шудаанд. Намудҳои ҷинси Gerbera, Acroptilon, Echinopa, Polytaxis ва ғайра (дар кадоме 1 намуд дорад) кам мерӯянд. Як қатор мураккабгулҳо решаи ғафси лӯндамонанд доранд. Ба онҳо намудҳои ҷинси Scorzonera, Helianthus ва ғайра мансубанд.

Рустаниҳои доруӣ

Дар бай­ни мураккабгулҳо растаниҳои доруӣ хеле бисёранд. Macалан, бобуна, дарманаи румӣ, коснӣ, тархун ва ғайра.

Бисёр намудҳои мураккабгулҳо растаниҳои асаловар ва хӯроки чорво мебошанд. Намудҳои ҷинси шибоғ дар чарогоҳҳои тирамоҳию зимистона хӯроки асосии бузу гӯсфанд ба шумор мераванд.

Дар байни мураккабгулҳо растаниҳои ороишӣ низ хеле бисёранд. Macалан, аббосӣ, бахмалгул, довудӣ, картошкагул, киквош, мино ва ғайра.

Як қатор растаниҳои муҳими хоҷагии қишоқ, ба монанди офтобпараст, маъсар, қоқу, коснӣ, анганор, гвайюла ва ғайра низ ба Мураккабгулҳо мансубанд. Баъзе Мураккабгулҳо (талха, хори морак, шири харак) алафҳои бегонаи зироатанд.

Эзоҳ

  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».
  2. См. ссылку GRIN в карточке растения.

Адабиёт

  • Цветоводство в городах и посёл­ках Таджикистана, Душанбе, 1965;
  • Поля­ков П. П., Систематика и происхожде­ние сложноцветных, Алма-Ата, 1967.

Сарчашма

Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.