Ноҳияи Нуробод: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Сатри 107: Сатри 107:
|-
|-
! width=30% | Ҷамоат
! width=30% | Ҷамоат
! width=30% | Аҳолӣ ([[2017]])<ref name=":0">Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — {{Д.}}: [[СИЭМТ]], 2017. — С. 289. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2</ref><ref name=":0" />
! width=30% | Аҳолӣ ([[2017]])<ref name="тақсимот">Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — {{Д.}}: [[СИЭМТ]], 2017. — С. 289. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2</ref>
|-
|-
|[[Дарбанд]] || 1849
|[[Дарбанд]] || 1849

Нусха 09:19, 22 Январ 2018

Ноҳияи Нуробод
русӣ: Нурабадский район
Кишвар  [[|]]
Шомили 1 шаҳрак, 6 ҷамоат
Маркази маъмурӣ Дарбанд
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 19 январи соли 1936
Масоҳат 928 км²
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 74 200 нафар[1] нафар (2016)
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Сарвожа DA
Рамзи ISO 3166-2 TJ.RR.DA
Коди телефон +992 3133
Нишонаи почта 737450
Ноҳияи Нуробод дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ноҳияи Нуробод (форсӣ: ناحیۀ نورآباد‎) — яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст ва дар дараи рӯди Сурхоб ҷой дорад.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Нуробод аст, ки 135 км шарқтар аз шаҳри Душанбе дар каронаи рӯди Сурхоб ҷой дорад.

Ин ноҳия 19 январи соли 1936 бо номи ноҳияи Дарбанд дар таркиби вилояти Ғарми ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта ва то соли 1991 ноҳияи Комсомолобод ном дошт. Бар асоси Қарори Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз соли 1991 дубора ноҳияи Дарбанд номида шуд. Бар асоси Қарори № 390 Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 2003 ноҳияи Нуробод номида шуд.

Ҷойгоҳ

Ноҳияи Нуробод дар водии Рашт ҷой дорад. Дар Шимол бо ноҳияи Рашт, дар Ғарб - бо ноҳияи Ваҳдат ва ноҳияи Роғун, дар Шарқ — бо ноҳияи Тавилдара ва дар Ҷануб — бо ноҳияи Балҷувон аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳаммарз аст.

Паҳноварии ноҳияи Нуробод 7127,8 км² аст. Дар маркази ноҳияи Нуробод рӯдҳои Сурхоб ва Хингоб якҷо шуда рӯди Вахшро падид меоваранд, ки ба рӯди Панҷ мерезад.

Мардум

Бино бар саршумори соли 2016 аҳолии ноҳияи Нуробод 74 200 ҳазор нафар будааст. [1] Мардуми ноҳияи Нуробод ба забони тоҷикӣ сухан мегӯянд.

Ҳукумат

Сарвари ноҳияи Нуробод Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Нуробод - Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Нуробод барои 5 сол интихоб мешавад.

Бахшҳои идорӣ

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Нуробод 1 шаҳрак ва 6 ҷамоат дорад[2]:

Ҷамоатҳои ноҳияи Нуробод
Ҷамоат Аҳолӣ (2017)[3]
Дарбанд 1849
Деҳоти Изатулло Ҳалимов 8 208
Деҳоти Комсомолобод 15 670
Деҳоти Муҷихарф 17 559
Деҳоти Сафедчашма 8 015
Деҳоти Хумдон 11 631
Деҳоти Ҳакимӣ 13 666

Эзоҳ

  1. 1.0 1.1 Маҷмӯаи омории «Шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2016». Агентии омори назди Президенти ҶТ.
  2. List of Jamoats. UN Coordination, Tajikistan. 27 май 2010 санҷида шуд.
  3. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — С. 289. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2

Сарчашма