Мӯсо Каримов: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мӯсо Бобишоевич Каримов
 
х Шухрат Саъдиев moved page Мӯсо Каримов to Каримов Мӯсо Бобишоевич: ивази номгузорӣ
(бе тафовут)

Нусха 03:36, 2 феврали 2018

Мӯсо Бобишоевич Каримов (тав. 20. 11. 1966, деҳаи Дашти Мирзои ноҳияи Файзобод), номзади илмҳои педагогӣ (1998), дотсент (2010). Солҳои 1987–1992 дар факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ.Ҷӯраев таҳсил намудааст. Солҳои

1992–1994 муаллими фанни таърих ва ҷомеашиносии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №19 ноҳияи Фирдавсии ш. Душанбе, 1994–1998 аспирант, 1998–2002 ассистенти кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Аз соли 2002 то имрӯз ҳамчун мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ кор мекунад. Муаллифи зиёда аз 35 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ мебошад. Мавзӯи тадқиқоти ӯро масъалаҳои инкишофи низоми маорифи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди низоми маориф дар замони соҳибистиқлолӣ ташкил медиҳанд. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2009) қадр карда шудааст. Ас.: Аз таърихи инкишофи системаи маориф дар ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Д., 1996; Вазъи таъминкунии кадрҳои баландихтисос дар ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 80-ум, Д., 1998.

Пайвандҳои беруна