Changes

Jump to navigation Jump to search
 
==Маориф==
Тоҷикон яке аз мардумони қадими [[Осиёи Марказӣ]] мебошанд, ки фарҳанги бостонӣ ва муассисаҳои таълиму тарбияи дар замони қадим ва ибтидои асрҳои миёна ташаккулёфта (дабистон, дабиристон ва ғайра) доштанд. Дар асрҳои миёна ин низоми таълиму тарбия дар шакли мактабу мадрасаҳо, ки барои омӯзонидани шариати ислом ва дигар улуми мутадовилаи вақт роиҷ буд, амал менамуданд. Дар мактабҳо таълими ибтидоӣ ва дар мадрасаҳо таълими миёна ва олӣ марсум буд<ref name=":0" />.
 
=== Даврони шӯравӣ ===
Пас аз истиқрори Ҳокимияти Шӯравӣ масоили маориф, омӯзишу парвариш, сохтмони мактабҳо, муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар мадди аввал қарор гирифтанд. 15 марти 1921 дар Душанбе Нозироти вилоятӣ (Шуъбаи маорифи халқи Бухорои Шарқӣ) таъсис ёфт. Бо ташаббуси ин Шуъба июли 1921 Анҷумани вилоятии кормандони маориф давъат шуд. Дар ин Анҷуман камбудҳои кори мактабу маориф мавриди муҳокима қарор гирифтанд ва роҳҳои бартараф намудани онҳо муайян гардиданд<ref name=":0" />.
 
Баъди таъсиси [[ҶМШС Тоҷикистон]] инкишофи маорифи халқ тибқи нақшаҳои муайян оғоз ёфт, шумораи мактабҳо ва шогирдон зиёд шуд<ref name=":0" />. 14 декабри 1924 дар Душанбе ба ҷойи Шуъбаи маорифи халқи Бухорои Шарқӣ Комиссариати маорифи халқ созмон дода шуд, ки сарварии онро [[Аббос Алиев]] ба уҳда дошт. Дар назди Комиссариат Шӯрои илмии давлатӣ бо сарварии шоири тавоно Абулқосим Лоҳутӣ амал мекард. Ташкили мактабҳои нави шӯравӣ, маҳви бесаводӣ, ба мактаб овардан ва бо таълим фаро гирифтани кӯдакони ятим вазифаҳои асосии Комиссариат гардиданд. Яке аз нахустин иқдомот дар кори маҳви бесаводӣ ҷорӣ намудани таълими ҳамагонии ҳатмӣ буд. Барои тайёр намудани муаллимон соли 1926 дар Душанбе техникуми омӯзгорӣ таъсис ёфт. Барои мактабҳо барномаҳои таълим, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ мураттаб мегаштанд<ref name=":0">[[Донишномаи Душанбе]]. — {{Д.}}: [[Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|СИЭМТ]], 2016. — С. 70. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7</ref>.
 
Соли 1926 дар Душанбе Анҷумани умумитоҷикии Шӯроҳо барпо шуд. Дар ин Анҷуман оид ба ҷорӣ намудани таҳсилоти ҳамагонии ҳатмӣ Декларатсия қабул карда шуд. Дар Декларатсияи мазкур оид ба фаро гирифтани меҳнаткашони ҶМШС Тоҷикистон ба таҳсилоти пурра, гуногунҷабҳа ва ройгон сухан мерафт. Кумитаҳои фавқулодаи маҳви бесаводӣ ва ҷамъияти ихтиёрии «Нест бод бесаводӣ» ташкил гардиданд. Аҳли ҷомеаи ҷумҳурӣ шиор – даъвати «Босавод, биомӯз бесаводро» дастгирӣ карданд. Чорабиниҳо бо номи «Ду ҳафта», «Моҳ»-и маорифи халқ, маъракаҳои маданӣ-маърифатӣ, ҷамъоварии маблағ барои маорифи халқ ва ғайра баргузор мешуданд. Сокинони Душанбе дар ҳашари сохтмони мактабҳо, синфхонаҳо, марказҳои маҳви бесаводӣ фаъолона ширкат мекарданд. Дар муддати кӯтоҳ гурӯҳҳои махсуси таълимӣ баҳри таълими меҳнаткашон ва маҳви бесаводӣ ба кор сар карданд. Пас аз ташкил ёфтани [[ҶШС Тоҷикистон]] дар рушду инкишофи маорифи халқ давраи нав оғоз ёфт<ref name=":1">[[Донишномаи Душанбе]]. — {{Д.}}: [[Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|СИЭМТ]], 2016. — С. 71. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7</ref>.
 
==== Мактабҳои таҳсилоти умумӣ ====
Соли хониши 1930–1931дар ҷумҳурӣ таҳсилоти умумии ибтидоӣ ҷорӣ карда шуд. Дар баробари ин шабакаи мактабҳои ҳафтсола ва миёна низ афзоиш ёфт. Ба кори сохтмон ва инкишофи мактабҳо қарорҳои Ҳизби коммунист ва Ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи ҷорӣ намудани таълими умумии ҳатмии ибтидоии бачаҳои 8–9–10-сола» (25 июли 1930; 14 августи 1930), «Дар бораи рафти таълими ибтидоии умумӣ» (21 феврали 1931), «Дар бораи мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар СССР» (16 майи 1934), «Дар бораи сохтмони мактаб дар шаҳрҳо» (28 феврали 1935) ва ғайра такони ҷиддие шуданд. Дар миёнаи солҳои 30 асри 20 масъалаи маҳви бесаводӣ дар шаҳрҳо ба таври умумӣ ҳал гардид<ref name=":1" />.
 
Ба сохтмон ва рушду такомули мактабҳо Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–45) халал расонд.
 
==== Таҳсилоти миёнаи махсус ====
Солҳои 40 асри 20 дар Душанбе техникумҳои индустриалӣ, гидромелиоративӣ, тарбияи ҷисмонӣ, омӯзишгоҳи роҳи оҳан ва ғайра ифтитоҳ шуданд<ref name=":2" />.
 
==== Муассисаҳои олии таълимӣ ====
Нахустин мактаби олии Тоҷикистон [[Институти давлатии педагогии Душанбе]] мебошад, ки соли 1931 таъсис ёфтааст. Дар ибтидо он се шуъба – забон ва адабиёт, педагогӣ, агробиологӣ дошт. Баъдан, солҳои 1935–1940 факултетҳои нав таъсис ёфтанд<ref name=":2">[[Донишномаи Душанбе]]. — {{Д.}}: [[Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|СИЭМТ]], 2016. — С. 72. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7</ref>.
 
==== Тарбияи томактабӣ ====
Аз рӯзҳои аввали таъсиси ҶМШС Тоҷикистон ва баъдан ҶШС Тоҷикистон Ҳукумат ба масоили тарбияи томактабӣ таваҷҷуҳ менамуд. Нахустин боғча барои 25 нафар кӯдак ифтитоҳ шуд. Минбаъд шумораи муассисаҳои томактабӣ ва тарбиятгирандагони онҳо афзоиш ёфт. Аз соли 1955 бунёди боғчаҳои бачагон дар назди корхонаҳои шаҳри Душанбе оғоз гардид. Соли 1955 дар назди корхонаҳо 20 боғчаи бачагон фаъолият мекард<ref name=":3" />.
 
==== Такмили ихтисос ====
Бо мақсади самарабахш гардидани ҷараёни таълиму тарбия, таъмини омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ, дастурҳои илмию педагогӣ ва методӣ 21 августи 1930 дар Душанбе Институти илмӣ-таҳқиқотии илмҳои педагогӣ таъсис ёфт. 20 январи 1935 Институти такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи педагогика (омӯзгорӣ) ба кор шурӯъ кард. Соли 1962 он номи Институти марказии такмили ихтисоси муаллимонро гирифт. Ҳоло ин муассиса чун Институти марказии такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф фаъолият менамояд<ref name=":3">[[Донишномаи Душанбе]]. — {{Д.}}: [[Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|СИЭМТ]], 2016. — С. 73. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7</ref>.
 
=== Омори кунунии маориф ===
* Миқдори мактабҳои маълумоти олӣ – 20;
 

Менюи гаштан