Фарқият байни намунаҳои "Носири Хусрав"

Jump to navigation Jump to search
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Носири Хусрав молу мулкашро ба бечорагон тақсим карда, соли [[1045]] бо бародараш Абусаид ба сафар баромад. Ин сафараш 7 сол давом карда, ӯ аз Эрони Ғарбӣ, [[Ироқ]] ва [[Арабистони Саудӣ|Арабистону]] [[Миср]] дидан кард. Дар ин муддат Носири Хисрав ҷараёни исмоилияро бештар омӯхта, худ тарғибгари ин ҷараён шуд. Соли [[1052]] Носири Хусрав ба [[Хуросон]] баргашт. Вай боз кори деҳқониашро ба роҳ монда, акнун пайваста дар байни мардум мазҳаби исмоилияро ташвиқу тарғиб мекард, ки ин қаҳру ғазаби суннипарастонро ба амал овард. Носири Хусрав ба таъқиб дучор шуд ва дар Хуросон зистани ӯ хавфнок гардид. Вай дар чанд ҷойгоҳ паноҳ бурда ва оқибат ба кӯҳистони дурдасти Бадахшон, дараи Юмгон, дар паноҳи мардуми олиҳиммати Бадахшон боқимондаи умрашро гузаронид. Носири Хусрав дар ғарибӣ ва дур аз ватани аҷдодӣ худро нороҳат ҳис мекард, мулки Хуросонро ёд мекард, бар замми он дар ин ҷо имконияти шуғли деҳқонӣ ҳам набуд. Носири Хусрав дигар ба Хуросон баргашта натавонист. Вай қариб ҳамаи асарҳояшро дар ҳамин ҷо навишта, онҳоро ба мулкҳои дигар равон кардааст. Соли [[1088]] Носири Хусрав дар Юмгон аз олам чашм пӯшид.
[[File:SafarNamehNaserKhosrou.jpg|thumb|300px|Харита аз Сафарномаи({{lang-fa|سفرنامه}})-e Носири Хусрав]]
 
== Эҷодиёт ==
Китоби [[Сафарнома]] мушоҳидаҳои нависандаро аз сафари ҳафтсола бо насри равону сода инъикос кардааст. Ин асар аҳамияти бадеию таърихӣ дорад, ҳодисаҳои он вокеӣ мебошанд. Нависанда ҳар он чизеро, ки дар сафар дидааст ва таассуроте, ки ҳосил кардааст, ҳамон хел айнан баён намудааст. Масалан, дар сифати шаҳри Байтулмуқаддас (Иерусалим) менависад: «Шаҳрест бар сари кӯҳе ниҳода ва об нест, магар аз борон ва дар рустоҳо об аст, аммо ба шаҳр нест. Ин шаҳр бар сари санг ниҳодааст ва шаҳри бузург аст, он вақт ки дидам, бист ҳазор мардум дар вай буданд. Ва бозорҳои неку ва биноҳои олӣ дорад ва ҳама замини шаҳр бар тахтасангҳое фарш андохта ва ҳар куҷо кӯҳ будааст ва баландӣ буридаанд ва ҳамвор карда чунон ки борон борад , хама замин покиза шуста шавад».
Anonymous user

Менюи гаштан