Википедиа:Мақолаҳои хуб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
↱ ВП:МХ

Мақолаҳои хуби ба наздикӣ интихобшуда[вироиши манбаъ]

Тасвири Абунасри Форобӣ дар маркаи Эрон
Тасвири Абунасри Форобӣ дар маркаи Эрон

Абунаср Муҳаммад ибни Муҳаммади Форобӣ (форсӣ: ابونصر محمد بن محمد فارابی‎), маъруф ба — Ал-Форобӣ (ар. الفارابي‎, дар шакли лотинишуда — Alpharabius; 870 ё 872, Фороб, Қазоқистони кунунӣ — мобайни 14 декабри 950 и 12 январи 951, Димишқ, Сурияи кунунӣ) — файласуф, риёзидон, мусиқишинос ва донишманди машриқзамин. Яке аз бузургтарин намояндагони фалсафаи шарқи асримиёнагӣ. Абӯнаср Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Тархон ибни Узлағи Форобӣ дар ҳудуди соли 257 ҳиҷрии қамарӣ (870 милодӣ) дар Фороби Хуросон (Қазоқистони кунунӣ) ба дунё омадааст. Дар ҷавонӣ барои таҳсил ба Бағдод рафт ва назди Матто ибни Юнус ба фаро гирифтани мантиқ ва фалсафа пардохт. Сипас ба Ҳаррони Сурия сафар кард ва ба шогирдии Юҳанно ибни Ҳилон даромад. Аз оғози кор, ҳуши саршор ва илмомӯзии вай сабаб шуд, ки ҳамаи мавзӯъҳоеро, ки тадрис мешуд, ба хубӣ фаро бигирад. Ба зудӣ номи ӯ ба унвони файласуф ва донишманд шӯҳрат ёфт. Ва чун ба Бағдод бозгашт, гурӯҳе аз шогирдон гирди ӯ ҷамъ омаданд, ки Яҳё ибни Адий, файласуфи масеҳӣ яке аз онон буд. Дар соли 330 ҳиҷрии қамарӣ (941 милодӣ) ба Димишқ рафт ва ба Сайфуддавлаи Ҳамадонӣ, ҳокими Ҳалаб пайваст ва дар зумраи уламои дарбори ӯ даромад.

Форобӣ аз рӯи маълумоти Ибни Халлиқон дар соли 950 - 951 дар Димишқ дар синни 80-солагӣ  дунёро падруд ва дар қабристони «Бобу-с-сағир» дар даврони салтанати Сайфуддавла бо шукӯҳу қадрдонӣ ба хок супорида шудааст.


Нуриддин Абдураҳмон ибни Аҳмади Ҷомӣ (Маъмул ба Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷомӣ, форсӣ: جامی‎) — шоири барҷастаи адабиёти классикии форсу тоҷик. Номи асосии ӯ Абдураҳмон, бо тахаллуси Ҷомӣ дар тамоми дунё машҳур гардидааст. Абдурахмони Ҷомӣ 7 ноябри соли 1414 дар деҳаи Харгарди вилояти Ҷом, наздикии шаҳри Нишопур ба дунё омадааст. Падар ва бобои Ҷомӣ мардони бофазлу дониш буданд.То ин дам Абдураҳмон дар Ҷом, дар назди падараш Низомиддин Аҳмад хату саводи пурра бароварда, инчунин сарфу наҳви забони арабиро низ то андозае аз худ карда буд. Баъд аз ин Абдураҳмон дар Ҳирот, дар мадрасаи Низомия таҳсили илмро давом медиҳад. Ӯ дар назди Мавлоно Ҷунайдӣ усули забони арабӣ, асарҳои «Мухтасарулмаонӣ», «Алмутаввал»-и Саъдиддини Тафтазониро, ки оид ба илми баён буданд, омӯхта доир ба илмҳои ҳикмат ва мантиқ аз олимони машҳури замон Хоҷа Алии Самарқандӣ ва Шаҳобиддин Муҳаммади Чочармӣ сабақ мегирад. Абдураҳмони Ҷомӣ қариб 50-соли ҳаёти худро ба офаридани асарҳои илмӣ ва сурудани ашъори дилангезу достонҳои барҷаста сарф кардааст. Шогирдон ва ҳамзамонони Ҷомӣ микдори асарҳои ӯро аз 46 адад зиёд медонанд. Соли 1503 куллиёти Ҷомӣ аз тарафи дӯстонаш тартиб дода мешавад, ки он нусҳа то замони мо омада расидааст. Асарҳое, ки дар куллиёти адиб ҷамъ оварда шудаанд, илмҳои гуногун: нуҷум, фалсафа, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, тафсир, ҳадис, фикх, ахлоқ, мусиқӣ ва ғайраро дар бар мегиранд. Аз Ҷомӣ се девон, «Ҳафт авранг» (иборат аз ҳафт маснавӣ), «Баҳористон» ва «Чиҳил ҳадис» ба мо омадааст, ки ҳар кадоми онҳо дорои аҳамияти калони адабиву эстетики мебошанд. Абдураҳмони Ҷомӣ фаъолияти адабии худро аз сурудани ашъори лирики — ғазал, қасида, рубоӣ, қитъа ва ғайра сар кардааст ва то охири умр онро давом додааст. Дар эҷодиёти шоир ғазал мавқеи асосӣ дорад. Масалан, дар девони аввал — «Фотиҳат-уш-шубоб» 1016 ғазал, дар девони дуюм — «Воситат-ул-икд» 493 ва дар девони сеюм — «Хотимат-ул-ҳаёт» 296 ғазал омадааст, ки миқдори умуми онҳо 1805 ғазалро ташкил медиҳад. Абдураҳмони Ҷомӣ 19 ноябри соли 1492 дар Ҳирот аз олам чашм пӯшид. Дар ҳамин ҷо ба хок супорида шудааст.


Маҷассамаи Мавлоно дар Измир
Маҷассамаи Мавлоно дар Измир

Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ (форсӣ: محمد ابن محمد ابن حسین حسینی خطیبی بکری بلخی‎; маъруф ба Румӣ, Мавлоно ва Мавлавӣ — ориф ва адиби форс-тоҷик. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) тахминан соли 1207 дар дар шаҳри Балх ё дар Вахши Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ном Аҳмад Ҷалолуддин тахаллусаш ба Мавлавӣ машҳур аст. Падараш аз олимони Балх буд. Дар ибтидои ҳуҷуми муғулҳо ӯ бо волидайни худ аз Вахш ба Балху Самарқанд ва Нишопур сафар кардааст. Баъдан оилаи онҳо аз Нишопур ба Ҳиҷоз мекӯчанд. Соли 1232 дар Қуния, назди Сайид Бурҳонуддин Муҳаққиқи Тирмизӣ илми тасаввуфро азхуд мекунад. Ҷалолуддини Балхӣ яке аз сермаҳсултарин адибони тоҷик аст. Ӯ бо мероси адабии худ ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст. * «Девони Шамс» * «Маҷолиси сабъа» * «Мактубот» * «Фиҳи мо фиҳ» * «Маснавии маънавӣ» Бузургтарин асари ӯ «Маснавии Мавлавӣ», ки соли 1259 ба навиштан ин асар сар кардааст ва зиёда аз 10-сол ба эҷоди ин асар машғул гаштааст. Мавзӯи асосии ин асар масъалаҳои тасаввуф мебошад. «Маснавии маънавӣ»-ро бори нахуст олими англис Р. А. Николсон (Николсон) аз забони форсӣ ба забони англисӣ гардонидааст (солҳои 1925—1937), ки аз 25632 байт иборат аст. Дар Пажӯҳишгоҳи илмии шарқшиносии АИ Тоҷикистон маҳфуз аст, ки соли 1459 нашр шудааст. «Маснавии Маънавӣ» аз шаш дафтар буда, чунончи: Замин-Осмон, Шарқ-Ғарб, Шимолу-Ҷануб. Мазмун ва мундариҷаи «Маснавии Маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ ҳаёти фалсафӣ ва динӣ дар ислом аст. Ба ақидаи олимон чунин бармеояд, ки Мавлоно Балхӣ шаш дафтари «Маснавии Маънавӣ»-ро ба шаш пайғамбари мурсал ташбеҳ додааст. Одам (с), Нуҳ (н) Иброҳим (х) Мусо (к) Исо (р) Муҳаммад (с). Ҷалолуддин бо Ҳисомуддин, ки марди Ҳақ буд аз ин лиҳоз ба Ҷалолиддини Балхӣ бағоят наздик ва дусти хақиқӣ мешаванд. Бо маслиҳати Ҳисомуддин дар мудати 10-сол «Маснавии Маънавӣ»-ро менависад. Аз шоир ба мо 50-ҳазор байт, 1600 рубоӣ боқӣ мондааст. Мавлоно Балхӣ соли 1273 дар Қунияи Рум вафот кардааст.


С. Айнӣ ва Б. Ғафуров
С. Айнӣ ва Б. Ғафуров

Бобоҷон Ғафуров (ба форсӣ: باباجان غفورف‎, ба русӣ: Бободжан Гафуров, ба англ. Bobojon Ghafurov; — каҳрамони Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатӣ, муаррихи барҷаста, шарқшиноси машҳури тоҷик, доктори илми таърих, профессор, узви пайвастаи АИ Тоҷикистон (1951), узви пайвастаи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ (1968), Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1967). Бобоҷон Ғафуров 31 декабри соли 1908 дар рустои Исфисор, ҳоло шаҳри Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омад. Солҳои 1928-1930 шунавандаи курсҳои олии ҳуқуқшиносии шаҳри Самарқанд ва cолҳои 1931-1935 Институти умумииттифоқии рӯзноманигории шаҳри Москва буд. 1930-1931 дар Комисариати халқии адлияи ҷумҳурӣ, рӯзномаи «Қизил Тожикистон». Солҳои 1935-1938 ҷонишини муҳаррир, муҳаррири «Қизил Тожикистон» кор кардааст. Солҳои 1938-1941 аспиранти институти таърихи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил намуда соли 1941 рисолаи номзади илмро дифоъ намудааст. Аз соли 1941 то 1944 котиби КМ ҲК (б) Тоҷикистон оид ба пропаганда ва агитатcия (ташвиқ ва тарғиб), Аз 1944 то 1946 вай дар вазифаи дабири дуввум ва аз соли 1946 то 24 майи соли 1956 дар вазифаи нахустин дабири Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон буд. Дар баробари кори ҳизбӣ Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ машғул шудааст.Ӯ ба омӯхтани таърихи халқи тоҷик шурӯъ намуда, соли 1941 рисолаи номзадӣ ва 25 феврали соли 1952 рисолаи докториро аз Муассисаи Таърихи Фарҳангистони Улуми Иттиҳоди Шӯравӣ (АИ Иттиҳоди Шӯравӣ, Москва) ба даст овард. Аз соли 1956 то поёни зиндагиаш (12.07.1977) Б. Ғафуров вазифаи вазифаи директори Пажуҳишгоҳи шарқшиносии (Фарҳангистони Улуми Иттиҳоди Шӯравӣ) ва сармуҳаррири маҷаллаи "Осиё ва Африка" - ро бар уҳда дошт. Дар соли 1958 аъзо-корреспонденти АИ СССР интихоб шудааст. Академик Бобоҷон Ғафуров муаллифи қариб 400 асару мақолаҳо оид ба таърихи халқи тоҷик ва таърихи умумиҷаҳонӣ мебошад, ки дар нашрияҳои гуногуни дунё чоп шудаанд. Дар байни осори вай китобҳои бисёрҷилдаи чун "Таърихи халқи тоҷик" ва «Тоҷикон» ҷо мегиранд, ки ба тоҷикӣ ва русӣ мунташир шудаанд. Соли 1997 Бобоҷон Ғафуров бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз шудааст. Шаҳраки Ғафуров ва Ноҳияи Ғафуров дар Вилояти Суғд номи ӯро доранд.


Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Мирзо Турсунзода (2 майи 1911, Қаратоғ, Бекигарии Ҳисор, Аморати Бухоро24 сентябри 1977, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — шоир, арбоби ҷамъиятиву сиёсӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон (1961), академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1951), Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ (1967) Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Неҳру, Ҷоизаи давлатии СССР (ИҶШС) ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Қаҳрамони Тоҷикистон (2001). Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи хушманзараи Қаратоғ водии Ҳисор ба дунё омадааст. Дар солҳои 1925-1926 дар интернати Душанбе таҳсили худро давом медиҳад. Дар солҳои 1926-1927 дар Донишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил мекунад. Мирзо Турсунзода дар солҳои 1927-1930 дар Дорулмуаллимони тоҷикии шаҳри Тошкент хонда, соҳиби маълумоти пурра мегардад. Ба сифати роҳбари шуъбаи умумӣ ва котиби масъули рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» кор карда, баъдтар бахши адабии Театри мусиқӣ-драмавии ба номи А. С. Пушкини вилояти Ленинободро роҳбарӣ намудааст. Соли 1935 ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари шуъбаи ташкилотӣ-оммавӣ ба кор омад ва роҳбарии бахши драматургияро бар уҳда дошт. Соли 1939 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Аз соли 1943 сардори Раёсати санъати назди Шӯрои Кумитаи халқии ҶШС Тоҷикистон. Аз соли 19461977 то охири ҳаёти худ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Вай намояндаи Шӯрои Олии ИҶШС, аъзои Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, раиси Комитаи советии ҳамраъии мамлакатҳои Осиё ва Африко, аъзои ҳақиқии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Котиби раёсати Иттифоқи нависандагони ИҶШС буд. Ӯ сазовори унвонҳои: Ҷоизаи давлатии СССР (ИҶШС) (1948, Академики Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1951), Шоири халқии Тоҷикистон (1961), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1963) Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ (1967) шудааст. Соҳиби ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон (Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ), Ҷоизаи байналмилалии ба номи Неҳру мебошад. Соли 2001 бо унвони олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардидааст.


Нусратулло Махсум
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум — яке аз асосгузорони Тоҷикистони Шӯравӣ ҶШС Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатии Тоҷикистон, сиёсатмадор, дорандаи унвони олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Қаҳрамони Тоҷикистон (соли 2006). Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) – соли 1881 дар деҳаи Чашмаи Қозии бекигарии Қаротегин (Аморати Бухоро) дар оилаи камбағал таваллуд ёфтааст. Дар оғози ҷавонӣ ба шаҳрҳои Қуқанд ва Фарғонаи кишвари Туркистон сафар карда, чун ҳаммол кор кардааст. Дар давраи инқилоби якуми Русия, солҳои 1905-1907 Нусратулло Махсум дар корпартоиҳо ва намоишҳои коргарони шаҳри Қуқанд ширкат варзидааст. Соли 1920 баъди инқилоби халқӣ - демократии Бухоро ва аз тахт афтодани амири Бухоро ба қатори муборизони роҳи таҳкими Ҳокимияти Шӯроӣ дар Бухорои Шарқӣ дохил мешавад. Соли 1921 то 1923 чун ваколатдори кумитаи озуқаи ҶХС Бухоро дар таъмини аскарони сурх ширкат карда, ҳамчунин дар муборизаи зидди босмачигарӣ дар Ғарм ва Душанбе иштирок кардааст. Сипас ба ҳайси раиси коммисиюни фавқулодаи мутаадиди Бухорои Шарқӣ, раиси КИМ-и Бухорои Шарқ ва раиси кумитаи инқилоби ҶМШС Тоҷикистон кор кардааст. 1 декабри соли 1926 дар анҷумани якуми муассисони Шӯроҳҳои умумитоҷикии коргарон, деҳқонон ва аскарони сурх, Нусратулло Махсум, якдилона ба вазифаи раиси мақоми олии давлатӣ – Комитети Иҷроияи Марказии ҶМШС Тоҷикистон интихоб гардид. Соли 1929 баъди таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон раиси КИМ-и ҶШС Тоҷикистон интихоб гардида, то декабри соли 1933 дар ин вазифа кор кардааст. Сипас ба ихтиёри КМ ВКП (б) фиристода шуда, дар академияи ба плангирии Москва таҳсил намудааст. Солҳои 1926-1930 аъзои КМ ҲК (б) Ӯзбекистон, 1930-1933 аъзои бюрои КМ ҲК (б) Тоҷикистон, 1927-1934 аъзои КИМ ИҶШС буд.Ӯ бо як қатор мукофотҳои Ҷумҳурии Бухоро, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ордени "Байрақи Сурх", мукофонида шудааст. Соли 1937 ба гирдбоди «душмантарошӣ» афтода, 1 ноябри соли 1937 ба қатл расонида шудааст.