Википедиа:Номзадҳо ба мақолаҳои хуб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Номзадҳои ҷорӣ[вироиши манбаъ]

Номзадҳо ба мақолаҳои хуб

Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (форсӣ: زکریای رازی‎) (англ. Abu Bakr Muhammad ibn Zakariya ar-Raziy) — олим, кимиёгар, файласуф, табиб табиатшиноси машҳури асрҳои VIII – IX – и аҳли форсу тоҷик. Арабҳо ӯро «табибу-л-муслимин» ва ба муносибати ба забони арабӣ будани китобҳояш ӯро «Ҷолинусу-л-араб» номидаанд.

Зиндагинома[вироиши манбаъ]

Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ дар шаҳри Рай 28 августи соли 865 мелодӣ (соли 251 ҳиҷрӣ) дар оилаи косиб таваллуд шудааст. Солҳои тифлию айёми ҷавонии ӯ дар зодгоҳаш мегузарад. Аз маълумоте, ки дар «Китоб-ут-тиб – ул – Мансурӣ» мавҷуд аст, бармеояд, ки донишманд дар аввалҳои умр бо касби заргариву саррофӣ шуғл варзида, дар як давраи муайян ба ҳаваси кимиёгарӣ дар пайи омӯхтани илми кимиё мегардад. Абӯрайҳони Берунӣ (973 -1048) дар «Феҳрасти майлу рағбат доштани Закариёи Розӣ» ном асараш дар бобати ба илми кимиё шавқу ҳавас доштани Закариёи Розӣ чунин гуфтааст: «Наздикӣ ба оташ ва бӯйҳои тунд чашми ӯро маъюб сохт ва ӯ ба сӯи муолиҷа ва мудово ва сипас ба илми пизишкӣ кашонид». Розӣ аз овони ҷавонӣ бо омӯхтани илму адаб ба василаи китобу навиштаҷот, маҳфилҳо ва баҳсу мунозирот дилбастагии махсусе доштааст. Ҳисси кунҷковию кӯшиши донишандӯзии ӯро дақиқае тарк нанамуданд. Тазаккур бояд дод, ки Муҳаммад Закариёи Розӣ дар овони ҷавонӣ монанди дигар кимиёгарон аз пайи орзуи ёфтани иксир шуда буд, ки ба воситаи он маъданҳоро ба тилло баргардонад, валекин баъдтар аз ин амал даст кашид ва ҷилави истеъдоди донишро бар сӯйи майдони илми тиб, ҳикмат, риёзиёт, фалакиёт ва адабиёт баргардонид. Закариёи Розӣ аввал ба хидмати ҳокими Рай – Мансур ибни Исҳоқ ибни Аҳмад ибни Асад, ки солҳои 290 – 296 ҳиҷрӣ (902-908) ҳукуматдорӣ кардааст, ба вазифаи сарвари бемористон адои вазифа намуда, баъд аз чанд соли хидмат ин мутафаккири барҷаставу табиби ҳозиқро ҳокими Бағдод ба дарбори худ даъват мекунад. Дар сарчашмаҳо оид ба сарвари бемористони Бағдод таъин шудани Закариёи Розӣ ривоятҳои зиёд оварда шудаанд. Закариёи Розӣ баъд аз солҳои зиёд дар бемористони Бағдод хидмат намудан ва соҳиби тахаллуси «табиби мористонӣ» шудан ба зодгоҳаш бармегардад. Ӯ як қисми умрашро дар Мовароуннаҳр гузаронида ва бо доираҳои илмии ин кишвар робитаҳо дошта аст. Дар охири умри худ нобино шуда, дасташ аз кор монда будааст.Файласуф ва табиби мушкилкушо, кимиёгари маъруф Закариёи Розӣ дар байни солҳои 320 ҳиҷрӣ (25 октябри соли 925 мелодӣ) аз олам чашм пӯшидааст. Аз оғози ҷавонӣ ва таҳсилоти ӯ иттилое дақиқ ҷуз он чӣ тазкиранависон навиштаанд, дар даст нест. Дар бархе аз сарчашмаҳои асримиёнагӣ омадааст, ки Закариёи Розӣ гӯё Мансур ибни Нӯҳ ибни Насрро (ҳукмрониаш с-ҳои 961 – 976) табобат кардааст. Бархе гуфтаанд, ки ӯ дар айёми ҷавонӣ заргарӣ мекардааст ва баъзе навиштаанд, ки ӯ дар оғоз сарроф будааст. Пешаи заргарӣ ва саррофӣ таваҷҷӯҳи ӯро ба самти илми кимиё равона кардааст, то ки битавонад гавҳари филизотро дигаргун созад. Дар натиҷаи шуғли пайвастааш бо ин фан, наздикӣ ба оташ ва бӯйҳои тунд чашмҳои ӯ дучори беморӣ гардиданд ва ӯ аввал ба муолиҷа пардохта, сипас ба тиб рӯй овардааст.[1] (бештар...)

  1. З.Акрамӣ, Б. Қурбонов, Ҳ. Мақсадов. Ҳаёт ва фаъолияти Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ // Муаррих. (маҷаллаи илмӣ) № 2 (6) 2016 С. 3-9

Муҳокима[вироиши манбаъ]

Номзадҳои ҷорӣ[вироиши манбаъ]

Камоли Хуҷандӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд: Камолиддин
Тахаллусҳо: Камоли Хуҷандӣ, Камолиддини Табрезӣ, Шайх Камол
Номи пурра Камолиддин Масъуд
Поэзия Худжанди

Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ (порсӣ: کمال‌الدین مسعود خُجندی ) — маъруф ба Шайх Камол аз орифон ва шоирони порсигӯи садаи XIV милодӣ аст.

Зиндагинома[вироиши манбаъ]

Камоли Хуҷандӣ дар соли 1321 дар шаҳри Хуҷанд дида ба ҷаҳон кушодааст. Ҷавонияш дар зодгоҳаш гузашта ва маълумоти ибтидоиро низ дар он ҷо омӯхтааст. Сипас таҳсили улумро дар шаҳрҳои Самарқанду Шош давом додааст. Вай дар ҳузури устодон аз китоби машҳури Саккокӣ «Мифтоҳ», ки дар он айём асоси таълими забон ва адабиёт ба шумор мерафт, «Алкашшоф»-и Замахшарӣ, «Матолеъ», «Мисбоҳ» ва ғайра дарс омӯхтааст. Камол яке аз донишмандони бузурги замони худ буд.

Камоли Хуҷандӣ пас аз сафари ҳаҷ ба Макка, дар шаҳри Табрез монд ва дигар ба зодгоҳаш барнагашт. Вай дар Табрез зиндагии ороме ёфта ва вопасин рӯзҳояшро низ дар ин шаҳр гузарондааст. Ба дастури султон Увайс барои шоир дар доманаи хушбоду ҳавои Волиёнкӯҳ хона ва боғ сохта шуд ва хонагоҳи Камоли Хуҷандӣ маҷлисгоҳи шоирону орифон шуд.

Шайх Камоли Хуҷандӣ ҳангоми тохтутози Тӯхтамишхон ба Табрез ҳамроҳ бо дигар асирону ғаниматҳо ба шаҳри Сарой бурда шуд ва чаҳор (ё ёздаҳ) сол дар он шаҳр монд. Асорату ғурбатро бо ёди Табрезу дӯстони табрезияш ба сар бурд ва ниҳоят дубора ба Табрез баргашт.

Камоли Хуҷандӣ соли 1401 дар Табрез даргузашт ва дар боғаш ба хок супорда шуд. Дар канори оромгоҳаш нигоргарон Камолиддин Беҳзод ва Султон Муҳаммад Наққош ва шоирон Машрабии Шервонӣ ва Тусӣ низ хобидаанд.

Хоҷа Абдураҳими Хилватӣ таърихи вафоти Шайх Камолро дар қитъаи зерин чунин ба назм меоварад:

Орифи ҳакшинос Шайх Камол,
Ки ҷаҳонро ба шеъри тар бигирифт.
То суханро сухан бурун афтод,
К-аз сухан ҳамчу он бузург нагуфт.
Ҳаштсаду се гузашт, к-он хуршед
Ҳамчу маҳ дар саҳоби ғайб бихуфт.

Леонард Луизoн дар бораи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ[вироиши манбаъ]

Эзоҳот:Леонард Луизон (соли тав. 1953) исломшиноси амрикоӣ, мавлонопажӯҳ ва пажӯҳишгари адабиёти форсӣ буда, узви бунёди мероси Эрон дар бахши адабиёти классики форсӣ ва сӯфия дар депортамони мутолеоти исломӣ ва арабии Донишгоҳи Эксетеи Ингилистон ва сардабири маҷаллаи «Мавлоно Ревив» аст.(бештар...)

Муҳокима[вироиши манбаъ]