Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Роҳнамо:Викиматн

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Википедиа:Викиматн)

Виматн (Wikitext) чист?

[вироиш | вироиши манбаъ]

Виматн забони нишонагузории оддӣ (markup) мебошад, ки барои вироиш (таҳрир)ва навиштани мақолаҳо дар Википедиа истифода мешавад. Он имконият медиҳад, ки матнро қолиб баста, сарлавҳа, рӯйхат, адабиёт пайванд, ва шаблонҳо илова кунед.

Сарлавҳабандии бахшҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нишонагузории = то ====== барои сохтани сарлавҳаҳои бахшҳое истифода мешавад, ки бо ҳам вобаста мебошанд.

  • Як = танҳо барои сарлавҳаи мақола истифода мешавад ва набояд дар дохили матни мақола истифода гардад.
  • Бо сарлавҳабандӣ, сарлавҳаҳо тавассути CSS шакл дода мешаванд ва дар паҳлӯи онҳо пайванди [вироиш] худкор илова мешаванд.
  • Истифодаи чор сатҳ ё бештар аз он, феҳристи мундариҷаро (TOC) ба таври худкор эҷод мекунад.
  • Баъд аз анҷоми нишонагузории сарлавҳа ҳеч гуна аломат илова накунед — ин метавонад сарлавҳаро вайрон кунад ё боис шавад, ки он дар хулосаи вироиш дуруст инъикос нашавад.
Нишонагузорӣ Ташкилёбӣ
= Сарлавҳаи 1 =
== Сарлавҳаи 2 ==
=== Сарлавҳаи 3 ===
==== Сарлавҳаи 4====
===== Сарлавҳаи 4 =====
====== Сарлавҳаи 6 ======
 
Сарлавҳаи 1
Сарлавҳаи 2
Сарлавҳаи 3
Сарлавҳаи 4
Сарлавҳаи 5
Сарлавҳаи 6

Намунаҳои дигар ки барои викинависӣ ва викисозӣ лозиманд:

Эзоҳ: Шаблонҳо ва аломатҳои дар зер овардашуда ба хотири омӯзиш аз ҳам дур карда шудаанд ва дар сурати наздик кардан онҳо дар шакли викикод дар википедиа хонда мешаванд.

Пайвандҳои дохилӣ:

[ [Тоҷикистон]]

Пайвандҳои берунӣ:

[ https://example.com Сомона]

Матни ғафс:

' матни ғафс'

Матни майлнок:

' 'матни майлнок

Рӯйхати тире:

* аломат

Рӯйхати шуморадор:

# шуморагузорӣ ё тартиби он

Аломати пайвандҳо:

< ref>Манбаъ < /ref>

Рӯйхати манбаъҳо:

{ {Манобеъ}}

2. Викисозӣ чист?

[вироиш | вироиши манбаъ]

Викисозӣ — равандест, ки матни оддӣ ба мақолаи муназзами энсиклопедӣ табдил дода мешавад. Ин равандаҳо барои викисозӣ муҳиманд: иловаи пайвандҳои дохилӣ (викибандҳо) сохтор додани матн бо сарлавҳаҳо дуруст кардани имло ва услуби он иловаи манбаъҳо ва пайвандҳо истифодаи шаблонҳои стандартӣ санҷиши маънои дурусти пайвандҳо (ибҳомзудоӣ)

3. Қадамҳои асосии викисозӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

3.1. Сохтори мақоларо дуруст кунед

Сарлавҳаҳои тавсияшуда чунин аст:

Муқаддима
Зиндагинома / Таърих
Фаъолият / Тавсиф
Осор / Маҳсулот
сарчашмаҳо
Пайвандҳои беруна

3.2. Пайвандҳои дохилӣ илова кунед

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қоидаҳо:

  • Танҳо ба истилоҳҳои муҳим пайванд диҳед
  • Дар як бахш як маротиба пайванд кардан кофист
  • Ба мақолаи дуруст пайванд диҳед, на ба саҳифаҳои ибҳомзудоӣ
  • Калимаҳои умумӣ (масалан "китоб", "шахс") одатан пайванд намешаванд
[ [Абдуррауф Фитрат]] яке аз нависандагони маъруфи асри XX мебошад. Он чунин тасвир меёбад: Абдуррауф Фитрат яке аз нависандагони маъруфи асри XX мебошад.

3.3. Манбаъҳоро илова кунед

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Манбаъҳо бо <ref> гузошта мешаванд
  • Дар охир кушодан пушидани ин ду қавс ба ҳам наздик { { Манобеъ }} илова карда мешавад
  • Танҳо аз сарчашмаҳои боэътимод истифода мешаванд


3.4. Истифодаи шаблонҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шаблонҳо ба мақола маълумоти техникӣ ва стандартӣ илова мекунанд:

  • { {шахс}} — барои одамон
  • { {Infobox}} — барои мавзуъҳои мухталиф
  • { { Commons}} — пайванд ба Викианбор
  • { {Reflist}} ё { {Манобеъ}} — рӯйхати манбаъҳо

3.5. Забон ва услуб

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Бетараф, бе эҳсосот ва бе таблиғ нависед. Бештар дар ин бора ба Википедиа:Дидгоҳи бетараф муроҷиат кунед
  2. Ҷумлаҳои кӯтоҳ ва равшанро истифода баред
  3. Қоидаҳои имло ва грамматикаро риоя кунед
  4. Нагуфтани фикри шахсӣ ("Ман фикр мекунам...", "Ба назар чунин мерасад...") хело муҳим аст, аз чуни шеваи тарзи баён худдорӣ кунед.