Википедиа:Лоиҳа:Тоҷикистон/Пур кадани таёра

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Деҳаи Вогат[вироиши манбаъ]

Деҳаи Вогат яке аз қадимтарин деҳаҳо дар Истаравшан буда пайдоиши он бо пайдо шудани ин шаҳр баробар аст. Номи ин деҳа дар таърих бо номи "Вағнкат" ёдовари мешавад, ки ба тоҷикӣ Вогат мебошад. Аҳолии ин деҳа аҳолии он шаҳриёни шаҳри қадимаи Вағнкат буда дар он ҷо муқимӣ зиндагони мекарданд. Ҳоло дар деҳаи Вогат як муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №37 ба номи Раҳим Раҳмонов фаъолият бурда истодааст. Ин мактаб дар солҳои пеш сохта шудааст,ки то ҳол ба мардум хидмат намуда истодааст. Бо як дидан ин мактаб кӯҳнаву фарсуда намоядҳам, лек хеле бузургу ободу тоза аст.То ин солҳо чанд ҳазорҳо одамон ин даргоҳи муқаддасро хатм намудаанд. Ин мактаб дорои синфхонаҳои калону барҳаво, лабараторияи химия ва физика, синфхонаҳои фаннӣ, ошхонаю китобхонаи дорои китобҳои бадейиву дарсӣ, ду зали машқкунӣ, як варзишгоҳи калон, ду варзишгоҳи хурд барои вадиболу баскетбол, як боғи калоне дорои дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ, устохонаи омӯзишӣ ва ғайра иборат аст. Боз ин деҳа чор масчиди намози панҷвақта, як тӯйхона, як беморхонаи замонавӣ, як зали машқкунӣ ду, нонвойхона ду сартарошхона, панҷ чойхонаи гапхурӣ, даҳ мағозаи озуқаворӣ иборат аст. Кишоварзони ин деҳа асосан бо токпарварӣ ва ғаллакорӣ шуҳрат пайдо кардаанд.

       Dehai Vogat

Муаллиф: Зиёдулло Ҷумъаев ziyodullo.jumaev@mail.ru