Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Википедиа:Мақолаи пешниҳоди ҳафта/2016/19

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Нусратулло Махсум -- Қаҳрамони Тоҷикистон, яке аз асосгузорони Тоҷикистони Шӯравӣ, арбоби сиёсию давлатии Тоҷикистон Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) – соли 1881 дар деҳаи Чашмаи Кузи нохияи Ғарм дар оилаи камбағал таваллуд ёфтааст. Дар оғози чавонӣ ба шаҳрҳои Қуқанд ва Фарғонаи кишвари Туркистон сафар карда, чун ҳаммол кор кардааст. Дар давраи инқилоби якуми солҳои 1905-07 Нусратулло Махсум дар корпартоиҳо ва намоишҳои коргарони шаҳри Қуқанд ширкат варзидааст. Соли 1920 баъди инқилоби халқӣ - демократии Бухоро ва аз тахт афтодани амири Бухоро ба қатори муборизони роҳи таҳкими Ҳокимияти Шӯроӣ дар Бухорои Шарқӣ дохил мешавад. Соли 1921 то 1923 чун ваколатдори кумитаи озуқаи ҶХСБ дар таъмини аскарони сурх ширкат карда, ҳамчунин дар муборизаи зидди босмачигарӣ дар Ғарм ва Душанбе иштирок кардааст. Сипас ба ҳайси раиси коммисиюни фавқулодаи мутаадиди Бухорои Шарқӣ, раиси КИМ-и Бухорои Шарқ ва раиси кумитаи инқилоби ҶМШС Тоҷикистон кор кардааст.(Нусратулло Махсум |бештар...)