Википедиа:Мақолаи пешниҳоди ҳафта/2016/6
Қурғонтеппа (форсӣ: قرغانتپه) - маркази маъмурии вилояти Хатлон аст ва дар ҷанубу ғарбии Тоҷикистон дар соҳили дарёи Вахш, баландии 428 м. аз сатҳи баҳр ҷой дорад. Қурғонтеппа дар 100 километрии шаҳри Душанбе, дар водии Вахш, ҷойгир аст. Ин шаҳр бо 102 ҳазор нафар ҷамъият севумин шаҳри Тоҷикистон аст. Қурғонтеппа маркази кишоварзӣ, асосан пахтакорӣ, дар Тоҷикистон аст. Дар ин шаҳр, ба ҷуз аз тоҷикон, аққалияте аз ӯзбекҳо ва русҳо низ зиндагонӣ мекунад. Шаҳри Қурғонтеппа дар солҳои 1944 - 1992 маркази вилояти Қурғонтеппа буд ва аз соли 1993 маркази вилояти Хатлон аст. Дар авохири садаи VII – оғози садаи VIII ин шаҳрро мусулмонон гирифтанд ва аз он пас дар таърихномаҳо ва осори ҷуғрофидонони исломӣ ин шаҳр ба номи Ловаканд ва Леваканд ёд шудааст. (бештар...)