Википедиа:Мақолаи пешниҳоди ҳафта/2017/21

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Мирзо Турсунзода (2 май 1911 - 24 сентябри 1977) — Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири халқӣ, арбоби ҷамъиятиву сиёсӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон (1961), академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1951), Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ (1967). Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Неҳру, Ҷоизаи давлатии СССР (ИҶШС) ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.

Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи хушманзараи Қаратоғ водии Ҳисор ба дунё омадааст. Падараш, усто Турсун яке аз ҳунармандони гулдасти ин води (деҳа) буд. Бо вуҷуди ин зиндагонии аҳли оилаи у қашоқона мегузашт. Ба ин нигоҳ накарда, усто Турсун мехост, ки писараш Мирзо соҳиби хату савод шавад. Мирзои хурдсол чанде дар назди муллои деҳа таҳсил кард. Баъди ғалабаи Инқилоби Октябри Кабир, ба рӯи мардуми камбағал дари бахту саодат ва илму маърифат кушод. Дере нагузашта дар Қаратоғ мактаби нави советӣ ташкил ёфт ва Мирзо аз ҷумлаи аввалин талабагони он гардид. Дар солҳои 1925-1926 дар интернати Душанбе таҳсили худро давом медиҳад. Дар солҳои 1926-1927 дар Донишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил мекунад. Мирзо Турсунзода дар солҳои 1927-1930 дар Дорулмуаллимони тоҷикии шаҳри Тошкент хонда, соҳиби маълумоти пурра мегардад. (бештар...)