Википедиа:Мақолаҳои хуб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ин мақола тарҷума шуда истодааст. Агар хоҳиши бо тарҷума ёри расонидан доред, тарҷума кунед.

This article is in the process of translation. You are welcome to translate it into Tajik!

Эта статья находится в процессе перевода. Вы можете перевести её на таджикский язык!

Ба навкорон · Ҷамоат · Порталҳо · Мукофотҳо · Лоиҳаҳо · Дархостҳо · Баҳодиҳӣ
↱ ВП:МХ

Мақолаҳои хуби ба наздикӣ интихобшуда[вироиш]

Манзараи умумии шаҳри Ваҳдат

Ваҳдат — яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 17 сентябри соли 1927 таъсис ёфтааст; то апрели 1936 Янгибозор, то 25.12.1991 Орҷоникидзеобод, то 07.04.2003 Кофарниҳон ном дошт. 07.04.2003 бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваҳдат номгузорӣ шуд.

Ваҳдат дорои 10 ҷамоати деҳот (Баҳор, ба номи Абдулло Абдулвосиев (собиқ Кофарниҳон), ба номи Раҷаб Исмоилов (собиқ Худойқул), ба номи Карим Исмоилов (собиқ Эскигузар ва Дӯстӣ), ба номи Бозорбой Бурунов (собиқ Янгибозор), Ромит, Симиганҷ, Чорсӯ (собиқ Туғмазор), Чӯянгарон, Гулистон (собиқ Қаросу) ва ҷамоати шаҳрак (ба номи Нуъмон Розиқ) мебошад.

Кофарниҳон (ҳозира Ваҳдат) таърихи 1500-сола дошта, ба ҳайати давлати Чағониён тааллуқ доштааст. Дар асрҳои 6–7 водии Кофарниҳон, ки Ваҳдат низ вобастаи он буд, дар ҳайати давлати Кушониён ва Ҳайтолиён буд. Дар асрҳои 9–10 ин мавзеъ ба ихтиёри давлати Сомониён гузашт. Зимни ҳафриёти бостоншиносӣ дар деҳаҳои Ваҳдат Қалъаи Шодмон (Симиганҷ), Қалъаи Ромит (Ромит), Чилтан (Чиртак), Андигон, марқади Холбойқара, Дашти Бед (ҷамоати деҳоти Абдулвосиев), Кӯҳи Ширбибӣ ва Қалъаи Тоҳир (ҷамоати деҳоти Карим Исмоилов) кашф шудаанд. Дар маъхазҳои таърихӣ («Авесто»,«Ҳудуду-л-олам») оид ба шаҳрҳои Андигон ва Кофиёни водии Кофарниҳон, ки мавҷудияташон ба асрҳои 3–7 рост меояд, маълумот дода шудааст.

(Бештар…)


Дилшод Назаров - Қаҳрамони Бозиҳои Рио-2016

Дилшод Назаров (Назаров Дилшод Ҷамолиддинович; 6 майи 1982, Душанбе) — гурзпартои тоҷик, чемпиони олимпӣ дар бозиҳои Рио-де-Жанейро, барандаи медали нуқраи мусобиқаи қарамонии ҷаҳон дар соли 2015 (Пекин, Чин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006, 2010 ва 2014, қаҳрамони секаратаи Осиё (2009, 2013, 2015), қаҳрамони дукаратаи Осиё байни наврасон (1999 ва 2001), Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон.

Мураббиёнаш - модараш Зайтуна Назарова, баъдан Юрий Александрович Пискунов, феълан Владимир Машко.

Иштирок дар Бозиҳои олимпии Рио-2016 барои Назаров бори чорум буд. Бори нахуст ӯ дар Бозиҳои олимпии тобистонаи Афина-2004, бори дуюм дар Бозиҳои олимпии тобистонаи Пекин-2008 (ҷойи 11 дар гурзандозӣ) ва бори сеюм дар Бозиҳои олимпии тобистонаи Лондон-2012 ширкат варзида соҳиби ҷойи 10 дар гурзандозӣ гардидааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 2016 Дилшод Назаров барои саҳми намоён дар рушди варзиш ва дастоварди бузурги варзишӣ дар Бозиҳои ХХХI – тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро -2016 бо мукофоти давлатӣ Ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардонида шудааст.

(Бештар…)


8 ҷилди ЭСТ ва 3 ҷилди нашршудаи ЭМТ

Энсиклопедия (аз юн.-қад. ἐγκύκλιος παιδεία — «омӯзиши фарогир» аз κύκλος — доира + παιδεία — омӯзиш, пайдейя) — донишнома (аз порсӣ: دانشنامه), нашрияи илмӣ ё илмию оммавӣ, ки аз тамоми соҳаҳои илм ё соҳаи ҷудогонаи он дониш медиҳад.

Эсиклопедияи алифбоӣ, мураттаб ва вобаста ба адади ҷилдҳо калон (даҳҳе ҷилд), хурд (10–12 ҷилд), мухтасар (4–6 ҷилд) ва 1–3-ҷилда (луғати энсиклопедӣ) мешавад. Ҳар эсиклопедия плану мақолаҳои муайян ва луғатнома дорад. Мақолаҳои эсиклопедияи тахлисӣ, маълумотдиҳанда, тафсирӣ ва ҳавола мешаванд. Дар эсиклопедия харита, нақша, тарҳ, тасвир, нусхаи лавҳаю сурат, нақши тангаю муҳру байрақ ва ғайра низ мавҷуд аст. Энсиклопедияҳои бисёрҷилда аксар феҳристи ёридиҳанда дорад. Дар миёнаҳо асри 20 анъанаи тартиб додани эсиклопедияи универсалӣ ба миён омад. Эсиклопедияро барои оммаи васеи хонандагон пешбинӣ мекунанд.

Чун китобҳои энсиклопедиявӣ тамоми соҳаҳо ва ҷузвитарин ҷанбаҳои зиндагиро дар бар мегиранд, мавриди ниёзи ҳамешагии мардум буда, ба ҳар муносибату зарурат аз онҳо истифода бурда мешавад. Ҳамчунин барои огоҳии комил доштан аз таърихи воқеии гузаштаи миллат, хабардор будан аз сарнавишти пуршебу фарози халқи хеш, ошноии бештар пайдо кардан бо мероси бойи фарҳангӣ ва расму ойини пешгузаштагон, воқиф гардидан аз кору пайкор ва зиндагиномаи фарзонафарзандҳои миллати худ энсиклопедияҳои бисёрҷилда навишта мешаванд.

(Бештар…)


Ширкати Эмомоалӣ Раҳмон дар ҷаласаи СААД

Эмомалӣ Раҳмон (порсӣ: امام‌علی رحمان; то 21 марти соли 2007 — Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов; тав. 5 октябри соли 1952, Данғара, Вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, СССР) — сиёсатмадори тоҷик, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992—1994), аз соли 1994 — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат (аз 25 декабри соли 2015).

Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он эътироф гардидаанд. Барои саҳми бебаҳо дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ ӯ ба гирифтани Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии Профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сазовор дониста шудааст. Ӯ дар ҷаҳон аввалин сиёсатмадорест, ки ин мукофоти олиро соҳиб гардидааст.

20 марти соли 2014 Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти наврӯзӣ бо зиёиёни кишвар гуфт:

Имрӯзҳо аз ҷониби ҷавонони ватанпараст «Википедияи тоҷикӣ» пайдо шудааст ва ин ташаббуси нек аз ҷониби давлат дастгирӣ хоҳад ёфт.

ва дар давоми суханрониаш гуфт:

Аз ин рӯ, ба Сарредаксияи энсиклопедияи миллии тоҷик супориш дода мешавад, ки манбаи бузурги иттилооти илмиву оммавии худро ба ин қомуси ҷаҳонии электронӣ ворид намояд ва сомонаи хосаи худро низ таъсис диҳад

(Бештар…)


Коллажи Афғонистон

Афғонистон (дарӣ: أفغانستان), номи пурраи расмӣ Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (пушту: د افغانستان اسلامي جمهوریت‎, дари: جمهوری اسلامی افغانستان) — давлатест, ки дар қисми ҷанубу ғарбии Осиёи Марказӣ ҷой гирифтааст.

Дар самти шимол бо Туркманистон (744 км), Ӯзбекистон (137 км) ва Тоҷикистон (1344 км), дар ғарб бо Эрон (945 км), дар ҷануб ва шаҳри бо Покистон (430 км) ва Ҳиндустон (120 км), дар шимолу шарқ бо Хитой (76 км) ҳамсарҳад мебошад.

Дарозии умумии ҳудуди сарҳад 5529 км аст (ин сарҳад тақрибан сад сол пеш бо мудохилаи Россияи подшоҳӣ ва Британияи Кабир муайян гардидааст). Аз шимол ба ҷануб 1350 км ва аз шарқ ба ғарб 900 км тӯл кашидааст. Масоҳаташ 655 ҳазор км², аҳолиаш 28,4 млн нафар (мутобиқи маълу­моти дигарон – 31 млн нафар); пойтахти Афғонистон шаҳри – Кобул (аҳолӣ 1,5 млн нафар). Афғонистон 34 вилоят, 354 вулусволӣ ва 31440 деҳа дорад. Забонҳои давлатӣ – паштун ва дарӣ.

Афғонистон кишвари куҳсор аст ва аз чаҳор се ҳиссаи сарзамини онро силсилакуҳҳо ташкил медиҳанд, ки аз шаҳри ба тарафи ғарб тӯл кашида дар ҳавзаи Ҳарирӯд ба ҳамворӣ мепайванданд. Баландии ин силсилакуҳҳо дар шаҳри (дар баландиҳои Помир) то ба 6–7 ҳазор метр аз сатҳи баҳр мерасад.

(Бештар…)


Аҳмадшоҳи Масъуд

Аҳмадшоҳи Масъуд (порсӣ: احمد شاه مسعودAhmad Šāh-e Mas'ūd, 2 сентябри 19539 сентябри 2001) — абармарди сиёсат ва сипоҳсолори маъруфи Афғонистон, вазири мудофиаи Афғонистон (19921996). Қаҳрамони миллии Афғонистон (2002). Миллаташ тоҷик. Машҳур бо лақаби Шери Панҷшер (порсӣ: شیر پنجشیرŠēr-e Panjšēr). Масъуд — тахаллусаш, ки дар забони арабӣ маънои «Хушбахт»-ро дорад ва онро соли 1975 дар вақти аввалин шӯриш дар водии Панҷшер – якумин баромади силоҳии опозитсионии исломӣ дар Афғонистон гирифта буд.

Бо ҳамроҳхи Раббонӣ ба ҳизби исломии аҳли Афғонистон сарварӣ кардааст, дар аввалҳои соли 1990 барои сохтани давлати алоҳидаи зиддипаштунӣ бо сарварии тоҷикон дар Шимолии Афғонистон баромад кардааст. Орзуе дошт, ки давлати мустақили тоҷиконро аз сарҳади ҳозираи Ҷумҳурии Исломии Эрон то Самарқанду Бухоро таъсис диҳад.

Баъд аз баровардани аскарони шуравӣ аз Афғонистон дар соли 1989, бар аҳолии истиқлоли тоҷикон, ки шумораи 7,5 миллион нафар дошт ва ҳамчун худуди зисти худ Шимолу Шарқии Афғонистонро ташкил мекард ( маҳалҳои Парвон, Таҳор, Бағлон, Бадахшон ва ҳоказо) бо пойтахташ дар Толуқон, «Масъудистон» номидаанд дорои ҳукумати шахсӣ, пул ва силоҳи хуб бо 60 ҳазор нафар сарбоз бунёд карда сарварӣ кардаст.

(Бештар…)


P countries-blue.png