Википедиа:Шаблонҳо/Мақолаҳои хурд
НОМУ КУНИЯ ВА ТАХАЛЛУСИ ФИРДАВСЇ Зебарниё Муллоањмадшоњ
Омўзгори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоњи аграрии Тољикистон ба номи Шириншоњ Шоњтемур Дар тањќиќи рўзгору осори Фирдавсї бењтарин маъхаз «Шоњнома» - и безаволи ў ба њисоб меравад. Ин њамосасарои бузург зимни сурудани абёти беназираш борњо ривоятро ќатъ карда, чанд сатреро дар бораи сину соли хеш ќайд менамояд. Аммо дар асари мазкур номи шоир ба назар намерасад. Танњо ў дар ду байти зерин тахалусашро чунин овардааст: Зи Фирдавсї акнун сухан ёд гир, Суханњои покизаву дилпазир. Ва ё Ба Фирдавсї овоз доди, ки май, Махўр љуз ба оини Ковуси кай.[8 - С. 1049 ] Њарчанд ки шоир вожаи Фирдавсиро дар «Шоњнома» оварда аст, аммо сабаби баргузидани ин калимаро њамчун тахаллуси шоирии худ, дар ин шоњасар зикр накардааст. Илова бар ин маъхазњои дигар низ кунияи шоир, яъне Абулќосим ва унвон ё тахаллуси шоирии ўро Фирдавсї ба ќалам додаанд . Аз љумла Асадии Тусї дар асараш «Гаршоспнома” овардааст Ки Фирдавсии Тусии покмаѓз, Бидодаст доди суханњои наѓз. Ба «Шањнома» гетї биёростаст, Ба-дон нома номи накў сохтаст. Ту њамшањри ўрову њампешаї, Њам андар сухан чобукандешаї. Ба «Шањнома» Фирдавсии наѓзгўй, Ки аз пеши гўяндагон бурд гўй. Басе ёди разми ялон карда буд. Аз ин достон ёд новарда буд. [1- С. 19-20] Лозим ба таъкид аст, ки куния ва тахаллуси шоир мавриди ќабули аксари донишмандони ватаниву хориљї гардида, аз дербоз шинохта шудааст ва имрўз ба љойи номи шоир ба кор меравад. Њарчанд, ки шоир сабаби баргузидани тахаллуси шоирии худро дар шоњасараш дарљ накардааст, аммо тазкиранигорон дар ин бора андешањои гуногун иброз намудаанд. Давлатшоњи Самарќандї дар «Тазкират-уш-шуаро» навиштааст, ки падари Фирдавсї боѓбон будааст ва «муроќибат аз боѓе ба номи Фирдавсро ба ўњда доштааст, ки мутаалиќ буд ба амири мањаллї бо номи Саврї писари Муътаз (ва ё Муъаз) ва бинобар ин писараш ин тахаллусро ихтиёр кард.» [2 - С. 55] Бархилофи ин аќида Фасењи Хавофї дар асараш «Маљма-ул-фасењї» ќайд кардааст, ки Султон Мањмуд мањорати шеъргўии Фирдавсиро тањсин кард ва гуфт «Офарин бар ту дарбори маро боѓи бињишт кардї» ва ин тахаллуси шоир шуд.[5 -С. 129] Аммо андешањои тазкиранигорони мазкурро аксари фирдавсишиносони муосир рад кардаанд. Ба њар сурат тибќи фарњангномањои муътамад вожаи фирдавсї форсї буда, маънояш бињиштї мебошад. Њамчунин дигар маъхазњое, ки перомуни ањвол ва ашъори Фирдавсї маълумот додаанд, номи ўро Мансур, Њасан, Ањмад ва Муњаммад ќайд карда, номи падарашро Њасан, Ањмад, Алї, Исњоќ, Фахриддин ва номи бобояшро Шарафшоњ ва ё Фаррух навиштаанд. Аз љумла Њамдуллоњи Муставфї дар «Таърихи гузида» номи шоирро Њасан ибни Алии Тусї ва Давлатшоњ дар «Тазкират-уш-шуаро» Њасан ибни Исњоќ ибни Шарафшоњ зикр менамояд. Нависандагони муќаддимаи Бойсунѓурї зимни маълумоти муфассале дар бораи Фирдавсї номи ўро Мансур ибни Фахруддин Ањмад ибни Фаррух ба ќалам додаанд. Тазкиранависони баъдї ному насаби Фирдавсї ва аљдодонашро пайињам ќайд кардаанд. Аз љумла Ризоќулихони Њидоят шоирро Њасан ибни Исњоќ ибни Шарафшоњ Муњаммад ибни Мансур ибни Фахруддин ибни Њаким Мавлоно Фаррух номидааст. Аз миёни ин гуфтањо сухани Фатњ Алии Бундорї, ки «Шоњнома»-ро дар соли 620 ќамарї ба арабї баргардонида аст ва аз шоир ба номи «Амири њаким маликулкалом сайидушшуаро Абулќосим Мансур бинил Њасан-ул- Фирдавсиюттуси» ёд кардааст, ба њаќиќат наздиктар аст. «Ба вижа ин ки дар кўњантарин дастнависи мављуди «Шоњнома», яъне дар дастнависи музеи Флоренс муваррахи 614 ќамарї дар ду лавњаи тазйини дар поении ду сафњаи нахустин матни аслии «Шоњнома» низ шоирро айнан монанди Бундорї Абулќосим Мансур бинил Њасан-ул-Фирдавсиюттуси» номида аст». [ 6 - С. 133] Ба њар сурат эњтимоли ќавї меравад, ки номи шоир Мансур писари Њасан бошад, зеро чунон ки дар боло зикр шуд њам дар кўњантарин дастнависи мављуди «Шоњнома», яъне дар дастнависи музеи Флоренс муваррахи 614 ќамарї ва њам Бундории Исфањонї ки «Шоњнома»-ро таќрибан ду аср пас аз суруда шудан ба арабї тарљума кардааст ба субут расонидаанд. Илова бар ин дар аксари манобеи таърихиву адабї, пеш аз куния ва тахаллус ба шоир унвони «њаким»-ро низ њамроњ кардаанд ва муњаќќиќон дар ин бора аќидањои гуногун иброз намудаанд.Аз љумла адабиётшиноси маъруфи тољик Муллоањмад М дар китоби “Биё то љаҳонро ба бад наспарем” вожаи мазкурро њарљониба баррасї намуда ба натиљае мерасад, ки “..... ҳаким дар унвони Фирдавсї пеш аз ҳама ба маънии васеи донишманд ба кор рафтааст донишманде, ки аз илмҳои гуногуни замона, бахусус фалсафа, фиқҳ ва ҳикмати амалї огоҳ аст.” [3 – С. 43] Њамчунин тибќи фарњангномањои муътамади форсї тољикї вожаи «њаким» бештар маънои «файласуф» ва «пизишк»-ро дошта, дар баъзе маврид мафњумњои «фарзона» ва «фарњехта»-ро низ ифода мекунад. Дар “Шоњнома” ёздањ маротиба аз шањри Тус ба муносибати рўйдодњое, ки дар ин шањристон ба вуќўъ пайваста дарљ гардидааст, вале њаким Абулќосими Фирдавсї дар ягон љойи ин шоњасараш, дар мавриди дар њамин макон таваллуд шуданаш ишорае накардааст. Муаллифони тазкирањо дар ин бора андешањои гуногун иброз намудаанд. Низомии Арўзї навиштааст, ки “Устод Абулќосими Фирдавсї аз дањоќини Тус буд, аз дење, ки он дењро Бож хонанд ва аз ноњияи Табарон аст . Бузургдење аст ва аз вай њазор мард берун ояд. Фирдавсї дар он дењ шавкати тамом дошт, чунон ки ба дахли он зиёъ аз амсоли худ бениёз буд». [ 4 - С.75] Муаллифи “Тазкират – уш- шуаро” Давлатшоњи Самарќандї зодгоњи шоирро ќарияи «Разон» аз аъмоли Тус ќаламдод кардааст. Бархе аз нависандагони дигар аз љумла нависандаи маъруфи тољик Сотим Улуѓзода зодгоњи шоирро ќарияи Шодоб нигоштааст. Аксари фирдавсишиносон ќавли Низомии Арўзиро њамчун ќадимтарин воќеанависи зиндагии ин шоири номвар пазируфта бо далелњои муътамад ба субут расонидаанд, ки шоир мањз дар рустои Бож ё Пож (имрўза Фоз) дар наздикии шањри Тус, (шањри мазкур ќариб 15- клометр дар шимоли шањри Машњади кунуни љойгир шудааст) дар оилаи дењќон чашм ба олами њастї кушудааст. Зеро чунон ки аз матолиби “Чањор маќола” бармеояд Низомии Арўзї “ ...дар санаи ъашру хамсамоия”(пансаду дањ) оромгоњи Фирдавсиро, ки дар яке аз мавзеъњои ќадимии рустои Бож ќарор дорад, зиёрат кардааст. Аксари муаллифони сарчашмањо ва осори тадќиќотие, ки дар бораи Абулќосим Фирдавсї маълумот додаанд, дењќонзода будани ин шоири бузургро ќайд кардаанд. Калимаи дењќон њарчанд ба маънои кишоварз ба кор равад њам, аз даврони Сосониён то замони Фирдавсї њамчун унвон ба яке аз гурўњњои иљтимої мансуб буд. Дењќонон аз нигоњи иќтисодї заминдорони миёнањол буданд. Онњо ба њайси молики русто ё раиси шањр фаъолият доштанд. Ин табаќа зиёдтар аз табаќањои дигар расму анъанањои ќадимии эронї, китобњо,санадњо ва ёдгорињои деринаи ниёгонро њифз менамуданд. Бинобар ин вожаи дењќон маљозан ба љойи эронї (дар баробари турку тозї ) низ ба кор мерафт. Фирдавсї низ дар корбурдиин мафњуми маљозї эронро дар назар доштааст. Аз эрону турку зи тозиён, Нажоде падид ояд андар миён. На дењќон на турку на тозї бувад,
Суханњо ба кирдори бозї бувад. [7 – С. 21]
Ба њар сурат аз тадќиќоти фирдавсишиносон бармеояд, ки шоир дар хонаводаи дењќон зода шудааст ва ин табаќаи иљтимоиро фарњехтагону нухбагони эронї ташкил медоданд, ки барои њарљониба дониш андўхтани фарзандонашон кўшишњои фаровон ба харљ медоданд. Шояд мањз самараи кўшишу талошњои хастанопазири волидайни Фирдавсї буд, ки номи фарзандашон њамчун як њамосасарої бузурги љањон бо њарфњои зарин дар авроќи таърих сабт гардид.
Адабиёт: 1. Асадии Тусї. Гаршоспнома. Тасњењи Њабиб Яѓмої. -Тењрон, 1354 шамсї. 2. Давлатшоњи Самарќандї. Тазкират-уш-шуаро. Бо тасњењи Эдвар Браун. - Лондон, 1305. 3. Мирзо Муллоањмад. Биё, то љањонро ба бад наспарем. - Душанбе, 2011. Сањ 43 4. Низомии Арўзии Самарќандї. Чањор маќола. Бо тасњењи Аллома Муњаммад Ќазвинї ва дуктур Муњаммад Муъин. - Тењрон, 1333 шамсї.с.45 5. Фасењи Хавофї. Маљма-ул-фасењї. Бо кўшиши Мањмуди Фаррух. - Машњад, 1341 шамсї, љил. 2. С. 129 6. Фирдавсї ва шоњномасаройї (гузидае аз маќолоти донишномаи забон ва адабиёти форсї). Ба муносибати њамоиши байналмилалии њазораи «Шоњнома»-и Фирдавсї. - Тењрон, 1390. С. 133 7. Љалили Дўстхоњ. Шинохтномаи Фирдавсї ва «Шоњнома». - Тењрон, 1384. 8. Шоњномаи Фирдавсї. Бар асоси нусхаи нўњљилдаи чопи Москва (љилди шашум). Зери назари А.Нушин. - Тењрон, 1380.