Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Википедиа:Эҷоди мақола/Муҳтаво

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
5. Муҳтаво
6. Поён
Ҳуқуқи муаллиф
Муҳим!
Муҳим!
Аз дигар сомонаҳо нусхабардорӣ накунед. Ин қонун чанд истиснои кӯчак дорад[1][2], албатта нусхабардории чанд калима аз он ба таври иқтибос мушкиле надорад.

Мақолаи шумо набояд ҳуқуқи муаллифро поймол созад.

Матнро аз сомонаҳои дигар нусхабардорӣ ва гузориш надиҳед, агар он дар асоси сарчашмаи мӯътабар дуруст ҳуҷҷатнокшуда набошад. Мақолаҳое, ки ҳуқуқи муаллифро поймол мекунанд, ҳатман дар фурсатҳои наздик ҳазф карда мешаванд[1]. Мақолаҳоро худатон ва бо забони худ нависед[2]. Агар матни шумо комил набошад — ин ҳеч мушкиле надорад — онро дертар метавон ислоҳ кард. Ҳангоми боргузории тасвирҳо низ бояд ҳуқуқи муаллифро дар хотир дошт[3].


Бояд дар назар дошт

Қадами қаблӣ меъёрҳоеро баррасӣ кард, ки объект бояд ба он мувофиқат кунад, то, ки барои хонанда аҳамиятнок бошад. Боварӣ ҳосил кунед, ки хонанда пас аз мутолиаи мақолаи шумо дарк кунад, ки чаро объект барои таълиф муҳим аст.

Мақолаи шумо бояд дидгоҳи бетарафӣ дошта бошад

Мақолаҳои Википедия бояд нуқтаи назари бетарафро инъикос кунанд. Дар ҳоле ки танқид ё тасдиқи мавзӯи мақола комилан қобили қабул аст, мақолаи шумо бояд ба мавзӯъ аз нуқтаи назари бетараф муносибат кунад. Танҳо дар бораи далелҳо нависед - беҳтар аст, ки фикри шахси сеюмро дар бораи объект, ки аллакай нашр шудааст, дохил кунед. Мақола бояд ҳама ақидаҳои дахлдорро одилона ва мутаносиб тавсиф кунад. Мақолаҳои комилан танқидии як объектро хориҷ кардан мумкин аст, дар ҳоле ки мақолаҳое, ки онро ситоиш мекунанд, метавонанд аз ҷониби дигарон комилан аз нав навишта шаванд.


Мақолаи шумо ба меъёрҳои муҳтаво ҷавобгӯ ҳаст??

  1. 1.0 1.1 Баъзе сомонаҳо (ва дигар манбаъҳо) ҳастанд, ки иттилооти онҳо метавонад нусхабардорӣ шавад, агар матн дар моликияти умум бошад ё тибқи иҷозатномаи мувофиқ бо Википедия паҳн гардад (дар чунин ҳолат манбаъдиҳии дуруст зарур аст).
  2. 2.0 2.1 Агар шумо соҳиби маводи қаблан нашршуда бошед ё ҳақи истифодаи онро дошта бошед, иҷозат бояд тасдиқ карда шавад.
  3. Тасвирҳо хубанд, аммо агар онҳо сохтаи шумо набошанд, мумкин аст мушкилоти ҳуқуқи муаллиф пеш оянд. Шумо инчунин метавонед тасвири мувофиқро дар Википедиа ё дар Викисанбор пайдо кунед.