Википедиа:Эҷоди мақола/Саршиносии ашхос

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
3. Саршиносӣ
4. Манобеъ
5. Муҳтаво
6. Поён
Саршиносӣ

Агар дар бораи шахс бисёре аз манобеи муътабар ва мустақил навиштаанд, пас мумкин аст, он ҷавобгӯйи талаботи саршиносӣ барои эҷоди мақолаи алоҳида бошад.

Меъёрҳои саршиносии афрод

Шумораи хеле ками шахсон барои дар Википедия сабт гардидан лоиқи вироишу таълиф мебошанд. Мисли ҳама Донишномаҳо (энсиклопедияҳо), Википедия тарҷумаи шахсиятҳои мӯътабари таърихӣ ва муосиронро дарбар мегирад.

Талаботи умумӣ: мавҷудияти миқдори кофии маълумоти мӯътамад аз манбаҳои мустақили дуввум, ки аҳамияти ҷамъиятии шахсро нишон медиҳад. Фардҳое, ки ҳадди аққал яке аз меъёрҳои зеринро доранд, барои эҷоди мақолаи алоҳида, иттилооти кофӣ мебошад. Ин рӯихат нопурра аст, аммо дар маҷмӯъ сатҳи муҳимияти шахсиятро инъикос мекунад:

  • Ин шахс саҳми арзандае гузоштааст, ва аз ҷониби коршиносони соҳа эътироф шудааст
  • Сарварони ҳозира (номиналӣ) ва қонунии ҳамаи давлатҳо, аз ҷумла эътирофнашуда
  • Намояндагони шоу-бизнес (аз ҷумла бизнеси моделсозӣ ва индустрияи мӯд) ва санъати оммавӣ (синамо, мусиқии эстрадӣ (поп ва диг), адабиёти оммавӣ ва ғайра), ки байни оммаи васеъ машҳуранд
  • Ғолибони Бозиҳои олимпӣ ва параолимпӣ, чемпионатҳои ҷаҳон ва кубокҳои ҷаҳон, Аврупо ё дигар қитъаҳо, Тоҷикистон ё дигар кишварҳо дар ҳама намуди варзиш
  • Ғолибони Ҷоизаи Нобел, озмунҳои маъруфи байналмилалӣ ва умумиҷумҳуриявӣ, дар соҳаи гуногун, ки соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд
  • Муаллифони асарҳои инфиродӣ (шеърҳо, сурудҳо, наққошҳо, лоиҳаҳои меъморӣ ва ғайра), ки бо ин ё он сабаб, падида ё рӯйдоди арзишманде дар ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ва ҷаҳон шудаанд

Нукта: Агар шахс танҳо аз сабаби нақши худ дар як падида назаррас бошад, аммо на ҳамчун нақши фарди саршинос, беҳтар аст, ки ба эҷоди мақола дар бораи ин падида, назар ба ин фард, диққат дода шавад.

Нуктаи муҳим: Ба Википедия изҳороти бардурӯғ, дар бораи афроди (одамони) дар ҳаёт буда, илова накунед!



Мақолаи шумо ҷавобгӯи талаботи саршиносӣ аст?