Википедияи Тоҷикӣ
![]() | |
---|---|
![]() | |
URL: | tg.wikipedia.org(тоҷ.) |
Намуди лоиҳа: | хайриявӣ |
Навъи сайт: | донишномаи шабакавӣ |
Сабти ном: | ғайриҳатмӣ |
Забон: | тоҷикӣ |
Молик: | Бунёди Викимедиа |
Оғоз: | 27 январ 2004 |
Шумораи мақолот: | 102 151 (68-ум ҷой) |
Шумораи парвандаҳо: | 447 |
Шумораи саҳифаҳо: | 249 879 |
Шумораи вироишот: | 1 229 567 |
Корбарони сабтиномшуда: | 30 684 |
Корбарони фаъол: | 71 |
Мудирон: | 6 |
Жарфо: | 10,3 |
![]() |
Википедияи Тоҷикӣ (форсӣ-тоҷикӣ) — нусхаи забони тоҷикии вебгоҳи Википедия аст, ки бо забони тоҷикӣ то 22 майи соли 2011 бо беш аз 9 300 мақола дар раддаи саду дуюми Википедияҳои забонӣ қарор дошт. Дар 19 майи соли 2012 ҳамроҳ бо Википедияи Галикӣ Скотландӣ аз марзи 10 000 мақола гузашт ва дар раддаи саду даҳуми Википедияҳо қарор гирифт.
Таърих[вироиш]
Википедияи Тоҷикӣ — қисмати Википедия ба забони тоҷикӣ мебошад, ки энсиклопедияи (донишномаи) зудкори онлайнии ройгон ва таҳрираш озод аст. Донишнома 27 январи соли 2004 таъсис ёфтааст. Декабри соли 2006 шумораи мақолаҳои он аз 3 500 номгўй, корбаронаш 200 нафар ва 2 нафар мудирро ташкил медод. 11 августи соли 2011 Википедияи Тоҷикӣ дорои 9 373 мақолаҳо (дар ҷойи 78) буд. Дар 19 майи соли 2012 шумораи мақолаҳои он аз 10 000 гузашт. Дар Донишномаи тоҷикӣ бештари мақолаҳо дар гурӯҳҳои «Ҷуғрофия», «Таърих» ва «Забонӣ» вироиш шуда буданд. Дар боқимонда гурӯҳҳои Википедияи Тоҷикӣ мақолаҳои нопурра вироишшуда ба назар мерасиданд ва шаблонҳои википедӣ камшумор буданд. 17 декабри соли 2015 шумораи мақолаҳои Википедияи Тоҷикӣ зиёда аз 40 000 ташкил медод.
Дар байни википедияҳои забонии кишварҳои Осиёи Марказӣ википедияи тоҷикӣ дар ҷойи сеюм, баъд аз википедияҳои қазоқӣ ва ӯзбекӣ қарор гирифтааст.
Байни википедияҳои форсизабон бошад, википедияи тоҷикӣ ҷойи дуюмро ишғол мекунад.
20 декабри соли 2019 корбарони Википедияи тоҷикӣ шумораи 100 000 мақоларо азбар намуданд.[1]
Омори эҷод[вироиш]
Омори эҷоди корбарон нисбати таълифи мақолаҳо, шаблонҳои нав вироиши мақолаҳои гуногуни Википедия пайваста меафзояд.
Имрӯз, вазъи Википедияи Тоҷикӣ чунин аст:
- Шумораи мақолот: 102 151 (66-ум ҷой)
- * Шумораи парвандаҳо: 419
- * Шумораи саҳифаҳо: 249 879
- * Шумораи вироишот: 1 229 567
- * Корбарони сабтиномшуда: 30 684
- * Корбарони фаъол: 71
- * Мудирон: 6
- * Жарфо: 10,3[2].
Шумораи корбарони Википедияи Тоҷикӣ гарчанде пайваста зиёд шуда бошанд ҳам (нигаред: шумораи корбарон — 30 684), фаъолнокии аксари кулли онҳо дар таҳриру вироиши мақолаҳо хотима ёфтааст.
Вазъи Википедияи Тоҷикӣ нисбати дигар забонҳои ҷаҳонӣ дар ҷадвали зерин чунин аст:
Вазъи Википедияи Тоҷикӣ нисбати дигар забонҳои ҷаҳонӣ | ||||||||||
Рӯз | Сол | Ҷой | Мақолаҳо | Саҳифаҳо | Вироишот | Жарфо | Корбарон | Фаъол | Мудирон | Парвандаҳо |
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
19 май | 2012 | 110 | 10 001 | 4 | 354 | |||||
10 апрел | 2013 | 115 | 10 834 | 20 134 | 342 075 | 12,5 | 8 795 | 37 | 4 | 379 |
9 декабр | 2013 | 96 | 23 004 | 34 635 | 375 560 | 2,8 | 9 884 | 41 | 5 | 459 |
25 декабр | 2013 | 90 | 25 251 | 39 128 | 382 575 | 3,0 | 9 973 | 41 | 5 | 505 |
20 январ | 2014 | 85 | 29 005 | 48 992 | 397 992 | 3,8 | 10 090 | 48 | 6 | 547 |
20 январ | 2015 | 85 | 30 750 | 3,8 | 6 | 547 | ||||
20 январ | 2016 | 84 | 40 143 | 89 693 | 740 286 | 12,6 | 14 012 | 63 | 4 | 559 |
24 октябр | 2017 | 62 | 87 496 | 160 179 | 1 000 437 | 4 | 17 939 | 70 | 4 | 344 |
1 феврал | 2018 | 61 | 93 096 | 165 927 | 1 017 272 | 3,8 | 20 977 | 66 | 4 | 358 |
15 январ | 2019 | 64 | 96 103 | 179 908 | 1 022 061 | 4,3 | 24 548 | 61 | 4 | 404 |
20 декабр | 2019 | 63 | 99 999 | 187 612 | 1 053 232 | 4,3 | 27347 | 66 | 6 | 419 |
3 ноябр | 2020 | 66 | 101 627 | 246 269 | 1 209 987 | 10 | 30 047 | 58 | 6 | 445 |
Ҳоло | 18 январ 2021 | 66 | 102 151 | 249 879 | 1 229 567 | 10,3 | 30 684 | 71 | 6 | 447 |
Бурду бохти Википедия[вироиш]
Дар саҳифаҳои Википедияи Тоҷикӣ солҳои охир мақолаҳои нопурра дар гурӯҳҳои Мақолаҳои ҷавона (2,585 узв)[3], Мақолаҳои нопурра (2,584 узв)[4], Шахсиятҳо аз рӯи алифбо (1,090 узв)[5], Тоҷикистон (199 узв)[6] зиёд шудаанд ва зарурияти вироиши иловаю таҳрир аз ҷониби ихтиёриён (корбарон) ба миён омадааст.
- Аз 19 майи соли 2015 дар саҳифаҳои Википедияи Тоҷикӣ «Лоиҳа:Тоҷикистон»[7] ба мавриди амали корбарон пешниҳод шудааст, ки гурӯҳҳо ва мавзӯъҳои гуногунеро барои вироиш намудан дарбар мегирад.
Дар моҳи октябри соли 2017 дар сомонаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳномаи кумита нисбат ба ноширони муҳтавои Википедияи Тоҷикӣ пешниҳод шуд,ки тамоми ғалатҳои имлои забони тоҷикии сомона ислоҳ карда шаванд[8], ин иттилоот мавриди баррасии якчанд нашрияҳои Русия гардид.[9][10] Гузориш оиди ин воқеот дар сомонаи тоҷикистонии Азия-Плюс[11] низ баррасӣ гардидааст. Муҳокимаи он дар саҳифаҳои Викиновости[12] ва саҳифаи гурӯҳи Tajik Wikipedia — Википедияи Тоҷикӣ дар Facebook 4-12 октябри соли 2017 нашр шудааст.[13]
Википедияи Тоҷикӣ ва Тоҷикистон[вироиш]
20 марти соли 2014 Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти наврӯзӣ бо зиёиёни кишвар.[14] Дар ин мулоқоти наврӯзи Эмомалӣ Раҳмон гуфт:
Имрӯзҳо аз ҷониби ҷавонони ватанпараст «Википедияи Тоҷикӣ» пайдо шудааст ва ин ташаббуси нек аз ҷониби давлат дастгирӣ хоҳад ёфт.
ва дар давоми суханрониаш гуфт:
Аз ин рӯ, ба Сарредаксияи энсиклопедияи миллии тоҷик супориш дода мешавад, ки манбаи бузурги иттилооти илмиву оммавии худро ба ин қомуси ҷаҳонии электронӣ ворид намояд ва сомонаи хосаи худро низ таъсис диҳад
Воридот ба Википедияи Тоҷикӣ[вироиш]
Бо мурури рушду нумўи Википедияи Тоҷикӣ сол ба сол шумораи муштариёни он зиёд шуда истодааст.
- Дар моҳи августи соли 2014 ба Википедияи Тоҷикӣ https://tg.wikipedia.org/ 1 103 715 маротиба муштариёни INTERNET ворид шудаанд.[15] (Ниг. ба Воқеаҳои кунунӣ)[16]
- Дар моҳи январи соли 2015 ба Википедияи Тоҷикӣ https://tg.wikipedia.org/ 1 038 935 маротиба муштариёни INTERNET ворид шудаанд. Шумораи мақолаҳои тоҷикӣ ба 30 750 расид.[17]
Саҳифаи Википедияи тоҷикӣ ва Маҳфили википедиячиён дар Facebook[вироиш]
- Барои ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи саҳифаҳои Википедияи тоҷикӣ дар Facebook гурӯҳи Tajik Wikipedia — Википедияи Тоҷикӣ таъсис дода шудааст[18].
- Ҳадафи Википедияи Тоҷикӣ дар Фейсбук шиносоӣ ба намунаҳои саҳифаҳои вебгоҳ ва навигариҳои оморӣ барои хонандагони Фейсбук мебошад.[18].
ВАО дар бораи Википедия[вироиш]
- Чаро Википедияи Тоҷикӣ аз дигар фаслҳои забонии Википедия қафо мондааст?(тоҷ.). www.pressa.tj (16 январи 2020). 19 январи 2020 санҷида шуд.
Нигаред низ[вироиш]
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ Wikimedia_News
- ↑ List of Wikipedias/Феҳристи Википедияҳо
- ↑ Мақолаҳои ҷавона
- ↑ Мақолаҳои нопурра
- ↑ Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- ↑ Тоҷикистон
- ↑ Лоиҳа: Тоҷикистон
- ↑ Сомонаи Wikipedia
- ↑ Казыбеков Э. Таджикистан: Власти хотят привлечь к ответственности авторов статей в таджикской версии «Википедии» за ошибки. Клооп (5 октябри 2017). 9 октябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 октябри 2017.
- ↑ Северный А. Википедии вышли боком ошибки в таджикском разделе. Vista News (4 октябри 2017). 9 октябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 октябри 2017.
- ↑ news.tj Азия-Плюс Комитет по языку Таджикистана выявил ошибки в Википедии на таджикском языке. И разозлился
- ↑ Таджикской Википедии сделали замечания и предложили заменить слово «энциклопедия»
- ↑ Tajik Wikipedia — Википедияи Тоҷикӣ www.facebook.com
- ↑ Суханронӣ дар мулоқоти наврӯзӣ бо зиёиёни кишвар — 20.03.2014
- ↑ Таджикская Википедия первого взгляда август 2014/Просмотры страниц в месяц
- ↑ августи соли 2014
- ↑ Tajik Wikipedia at a glance January 2015
- ↑ 18.0 18.1 [https://www.facebook.com/groups/tg.wikipedia Маҳфили Википедиячиён дар Фейсбук
- ](тоҷ.). www.facebook.com. 29 май 2020 санҷида шуд.
Пайвандҳо[вироиш]
|