Вилланҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Вилланҳо (лот. villanus; англ. villein, serf) — табақаи деҳқонон дар кишварҳои Аврупои Ғарбӣ (асрҳои 10-15), ки ба заминдорони калон вобаста буданд.

Вилланҳо вобаста ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳояшон ба 2 гурӯҳ ҷудо мешуданд:

1. Дар Фаронса, Олмон ва Итолиё вилланҳо озодии шахсӣ (дар фарқият аз сервҳо) ва заминҳои меросӣ доштанд, ҳуқуқи ба шахси дигар додани он, тарк карда ба мулки дигар рафтанро доштанд. Вилланҳо аз лиҳози ҳуқуқӣ вобастаи хоҷаашон буда, ба судҳои болоӣ шикоят бурда метавонис танд. Вилланҳо ба ивази қитъаи замин дар назди хоҷа уҳдадории муайянро иҷро мекарданд (баршина, оброк).

2. Дар Англия вилланҳо гурӯҳи беҳуқуқу беҳимояи аҳолӣ ба ҳисоб рафта, чун ғулом ба лорд итоат мекарданд. Онҳо аз ҳуқуқи моликият маҳрум буданд, бе иҷозати лорд ҳуқуқи тарк кардани мулкро надоштанд. Вилланҳои Англия, одатан, муддати се-чор рӯз дар ҳафта ба нафъи хоҷаашон кор мекарданд. Хоҷа метавонист вилланҳо ё аъзои хонадони онҳоро ба шахси дигар фурӯшад. Вилланҳо ҳуқуқи доштани силоҳ надоштанд. Вилланҳо барои ҳимояи ҳуқуқҳояшон ба суди шоҳӣ муроҷиат карда наметавонистанд. Вилланҳо бо пардохти маблағи муайян метавонистанд аз вобастагии хоҷаашон озод гарданд. Вазъияти иқтисодии вилланҳо нисбат ба коттариҳо ва бордариҳо беҳтар буд. Вилланҳои хоҷагиҳои шоҳӣ аз лиҳози ҳуқуқӣ метавонистанд ба судҳои шоҳӣ муроҷиат намоянд. Бо ташаккулёбии табақаи копиголдерҳо (асрҳои 15-16) истифодаи меҳнати вилланҳо дар кишоварзӣ нолозим гардид. Бо рушди муносибатҳои молӣ-пулӣ дар Англия (асрҳои 14-15) вилланҳо аз ҳолати вобастагӣ озод шуданд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]