Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Виллемит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Виллемит
Виллемит из Нью-Джерси
ФормулаZn2[SiO4]
ПримесьCa, Fe, Mg, Mn
Физические свойства
ЦветЖёлтый, зеленоватый, красно-коричневый
Цвет чертыБелый
БлескСмолоподобный
ПрозрачностьПрозрачный
Твёрдость5,5
ИзломРаковистый, неровный; хрупок
Плотность3,89 — 4,18 г/см³
СингонияТригональная

Виллемит (аз номи шоҳи Нидерланд Вилгелми I) — минерали нодир аз гурӯҳи силикатҳо. Формулаи кимиёиаш Zn2 SiO4 (73 % ZnO ва 27 % SiO2 дорад). Кристаллбандиаш тригоналӣ, кристаллҳояш маншур ё сӯзаншакл. Одатан дар шакли агрегатҳои донадор, шӯшамонанд вомехӯрад. Рангаш зард, сабзтоб, дорчинии сурхтоб; ранги канорҳояш сафед. Ҷилояш самғӣ. Сахтиаш 5,5, зичиаш 3,89-4,18 г/см³. Асосан дар минтақаҳои оксидшавии конҳои сурбу руҳ пайдо мешавад. Конҳои виллемит дар ИМА (иёлати Ню-Ҷерси), Канада, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Намибия, Конго, Замбия, Гренландия, Олмон, Русия (кони Кудаинск, наздикии Нерчинск), Қирғизистон вомехӯранд. Аз виллемит рӯй ҳосил мекунанд. Виллемитро (махсусан намуди зардашро) дар заргарӣ низ истифода мебаранд.