Jump to content

Вилфредо Парето

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Вилфредо Парето
итол. Vilfredo Pareto
Таърихи таваллуд 15 июл 1848(1848-07-15)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 19 август 1923(1923-08-19)[2][3][4][…] (75 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ илми иқтисод ва ҷомеашиносӣ
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Имзо Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Вилфредо Федерико Дамасо Парето (итол. Vilfredo Federico Damaso Pareto итолиёвӣ: [vilˈfreːdo paˈreːto]; ҳангоми таваллуд Вилфрид Фритс Парето, олмонӣ: Wilfried Fritz Pareto; 15 июли 1848, Париж19 августи 1923, Селиния, кантон Женева, Швейсария) — муҳандиси итолиёвӣ, иқтисоддон ва ҷомеашинос. Яке аз асосгузорони назарияи элитаҳо.

Ӯ назарияҳоеро таҳия кард, ки баъдтар ба номи ӯ гузошта шуданд: тақсимоти омории Парето ва оптимуми Парето, ки дар назарияи иқтисодӣ ва дигар фанҳои илмӣ васеъ истифода мешаванд.

Тарҷумаи ҳол

[вироиш | вироиши манбаъ]

Вилфредо Парето 15 июли соли 1848 дар Париж дар оилаи маркизи итолиёвӣ, таваллуд шуда, аслан аз шаҳри бандарии Генуя буд. Модари Парето фаронсавӣ буд ва аз хурдӣ бо забонҳои итолиёвӣ ва фаронсавӣ яксон ҳарф мезад, аммо дар тӯли умраш худро пеш аз ҳама итолиёвӣ ҳис мекард.

Парето 19 августи соли 1923 дар Селинӣ (Швейсария) вафот кард, ки солҳои охири умри худро дар онҷо гузарондааст; Дар ҳамонҷо ӯро дафн кардаанд.

Тақсимоти Парето (қоидаи 80/20)

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баёни мухтасари қонун: «20%фоизи саъю кушиш 80% натиҷа медиҳад ва 80% боқимондаи кӯшиш — ҳамагӣ 20% натиҷа»

Қонун бо худи Вилфредо Парето робитаи дур дорад. Вай соли 1923 даргузашт ва номи қонун соли 1941 аз ҷониби мутахассиси амрикоӣ Джозеф Джуран ба ифтихори яке аз асарҳои ӯ пешниҳод шудааст, ки дар Италия 20% хонаводаҳо 80% даромад мегиранд.

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Тақсимоти парето
  • Назарияи элита
  • Самаранокии Парето

Феҳристи асарҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Курси иқтисодиёти сиёсӣ ( 1896–1897 )
  • Системаҳои сотсиалистӣ (Les Systémes socialistes, 1902–1903 )
  • Китоби дарсии иқтисодиёти сиёсӣ (Manuale di economia politica, 1906 )
  • Рисола оид ба ҷомеашиносии умумӣ (Trattato di sociologia generale, 1916 )
  • Роҳнамои мухтасар оид ба ҷомеашиносии умумӣ (Compendio di sociologia generale, 1920 )

Нашрияҳо ба забони русӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Системаҳои сотсиалистӣ = Les Systémes socialistes // Сотсиологияи назариявӣ. Антология. Дар 2 қисм (Тартиб, таҳрири илмӣ, пешгуфтори С. П. Банковская), Т. 1 - М.: Хонаи китоби «Университет», 2002.
  • Трансформатсияи демократия / тар. аз Италия М.Юсима. М.: Нашриёти «Қалъаи оянда», 2011. — 208 с.
  1. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Mornati F. Dizionario Biografico degli Italiani (итол.) — 2014. — Vol. 81.
  3. 3.0 3.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  4. Gran Enciclopèdia Catalana (кат.)Grup Enciclopèdia, 1968.
  5. 5.0 5.1 https://www.accademiadellescienze.it/accademia/soci/vilfredo-pareto (итол.)