Вилҳелм Эдуард Вебер
Вилҳелм Эдуард Вебер | |
|---|---|
| олмонӣ: Wilhelm Eduard Weber | |
| | |
| Таърихи таваллуд | 24 октябр 1804[1][2][3] |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 23 июн 1891[1][4][5][…] (86 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Кишвар | |
| Фазои илмӣ | физик |
| Ҷойҳои кор | |
| Алма-матер | |
| Роҳбари илмӣ | Johann Schweigger[d] |
| Шогирдон | Friedrich Ludwig Gottlob Frege[d] |
| Ҷоизаҳо | |
| Имзо |
|
Вилҳелм Эдуард Вебер (олмонӣ: Wilhelm Eduard Weber; 24 октябр 1804[1][2][3], Lutherstadt Wittenberg[d], Подшоҳии Саксония[d][6][2][4] — 23 июн 1891[1][4][5][…], Göttingen[d], Подшоҳии Пруссия[d][6][2][4]) — физикдони олмонӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Донишгоҳи Ҳалле (1826). То соли 1831 устоди ҳамин донишгоҳ, солҳои 1831-37 проф. Донишгоҳи Гёттинген буд. Баъди фавти Вилгелми IV аз кор ронда мешавад. Солҳои 1843-49 проф. Донишгоҳи Лейпсиг, аз соли 1849 то охири умр проф. Донишгоҳи Гёттинген. Корҳои асосии В. ба физикаи электрик ва ҳодисаҳои магнитӣ бахшида шудаанд. Вилҳелм Эдуард Вебер низоми мутлақи ченакҳои (воҳидҳои) барқӣ ва магнитиро муқаррар кардааст. Ӯ ба таври назариявӣ қонуни таъсири мутақобилаи барқаҳои муҳаррикро таҳия намуда, муодилае ҳосил кард, ки дар он натанҳо аломату бузургии зарядҳо, балки суръати нисбии ҷойивазкунии онҳо низ ба назар гирифта шудааст. Вале ӯ дар ин муодила интиҳо доштани суръати таъсири мутақобиларо ба эътибор нагирифтааст. Вилҳелм Эдуард Вебер чунин мешумурд, ки қувваҳо ба таври лаҳзавӣ таъсир мерасонанд. Ӯ инчунин фарзияи фосиладории зарядро таҳия намудааст. Соли 1856 Вилҳелм Эдуард Вебер якҷо бо Р. Колрауш таносуби байни барқаи конденсатор (бо воҳидҳои электростатикӣ ифода меёбад) ва ҳамин барқаро (дар воҳидҳои магнитӣ) муқаррар намуда, бори аввал муайян кард, ки он ададан ба суръати рӯшноӣ баробар аст (Q/q=c). Ҳамроҳи К. Ф. Гаусс (1833) нахуст дар Олмон телеграфи электромагнитӣ кашф ва насб намуд, ки озмоишгоҳи физикаи Донишгоҳи Лейпсигро ба расадхона мепайваст. Воҳиди сели магнитӣ ба шарафи Вилҳелм Эдуард Вебер (вебер) номгузорӣ шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 2.5 https://www.accademiadellescienze.it/accademia/soci/wilhelm-eduard-weber (итол.)
- ↑ 3.0 3.1 https://www.bbaw.de/die-akademie/akademie-historische-aspekte/mitglieder-historisch/historisches-mitglied-wilhelm-weber-2938
- ↑ 4.00 4.01 4.02 4.03 4.04 4.05 4.06 4.07 4.08 4.09 4.10 4.11 Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
- ↑ 5.0 5.1 Biografisch Portaal — 2009.
- ↑ 6.0 6.1 6.2 6.3 Вебер Вильгельм Эдуард // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ (unspecified title) — Детройт: Charles Scribner's Sons, 2008. — ISBN 978-0-684-31559-1
- ↑ https://www.google.cat/books?id=kyYjh5LmtS0C&pg=PA6 — С. 6.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- ВеберВилҳелм Эдуард // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.