Jump to content

Виолаҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Акси қадимаи Виола да гамба дар St. Feliu Хативе, Испониё, охири асри XV
Акси қадимаи Виола да гамба дар St. Feliu Хативе, Испониё, охири асри XV

Виола (итол. viola) – интавр номида мешуданд созҳои торӣ – камончадори қадимӣ, ки дар асрҳои XV –XVIII васеъ паҳн гардида буданд. Дар он давра аз ҳама намудҳояшон дида 2 навъаш: Виола да гамба ва Виола д'амур бартарӣ доштанд.

Виолаҳоро бо баъзе тарзу услуби иҷрокунандагӣ ва намуди зоҳирияшон ба оилаи скрипкаҳо дохил намудан мумкин аст. Хусусан Виола д'амур бо шаклу сифати (тембри) хушсадоияш ва садои мулоими форам доштанаш овози скрипкаро пеши назар меоварад. Торҳои бо ҳам наздики он (миқдорашон то 7 мерасид) имконият медод, ки дар Виола аккордҳои ҳархела навохта шаванд. Виола д амур дар Фаронса ва Италиё хеле машҳур гашта, дар партитураҳои як зумра композиторони а. XIX –XX (Шарпанте, Пуччини, Массне, Яначек) дохил карда мешуданд. [1]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.87. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)