Виталий Гинзбург

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Виталий Гинзбург
Таърихи таваллуд 4 октябр 1916(1916-10-04)[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 8 ноябр 2009(2009-11-08)[2][3][4][…] (93 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ физики назарӣ[d] ва физик
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва метематика[d] (1942)
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Игор Тамм
Шогирдон Leonid Keldysh[d], David Abramovich Kirzhnits[d] ва Vladimir Zheleznyakov[d]
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Вита́лий Ла́заревич Ги́нзбург (21 сентябр (4 октябр) 1916, Маскав — 8 ноябри 2009, ҳамон ҷо[13]) — физикдони назарии шӯравиву рус, академики АИ ИҶШС (1966), сарвари мактаби илмӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов (1938). Аз соли 1940 корманди Институти физикаи ба номи П. Н. Лебедеви АИ ИҶШС, аз 1971 мудири шуъбаи назариявии ҳамин институт; ҳамзамон профессори Донишгоҳи шаҳри Горкий, мудири кафедраи проблемаҳои физика ва астрофизикаи Институти физикаю техникаи Маскав. Асарҳои илмии Виталий Гинзбург ба соҳаҳои радиоастрономия, густариши мавҷҳои радио, физикаи плазма, пайдоиши нурҳои кайҳонӣ, оптикаи кристаллҳо, фавқунноқилият бахшида шудаанд. Виталий Гинзбург назарияи квантии эффекти Черенков-Вавилов ва назарияи афканишоти черенковиро дар кристаллҳо таҳия ва афканишоти гузарандаро (ҳамроҳи И. М. Франк) пешгӯӣ намудааст. Виталий Гинзбург солҳои 1950—1951 бо муаммоҳои реаксияҳои гармоҳастаӣ (термоядроӣ), аз 1958 бо таҳқиқи назарияи экситонҳо ва оптикаи кристаллӣ машғул шуда, назарияи полуфеноменологии фавқунноқилият (ҳамроҳи Л. Д. Ландау) ва назарияи полуфеноменологии фавқуссайёлиятро (якҷо бо Л. П. Питаевский) таҳия намудааст. Ӯ меъёри истифодаи назарияи майдони мобайниро дар назарияи гузаришҳои фазавии навъи II (меъёри Гинзбург) дарёфт кардааст.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Дорандаи Мукофоти сталинӣ (1953), Мукофоти ленинӣ (1966), ҷоизаи Нобел (2003, ҳамроҳи А. А. Абрикосов ва Э. Леггет).

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • О науке, о себе и других (мақола ва баромадҳо). М., 2001;
  • Сверхпроводимости и сверхтекучести. Автобиография. М., 2006.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Гинзбург Виталий Лазаревич / Н. Қозиҷонова // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.