Витали, Иван Петрович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Витали, Иван Петрович
Иттилооти асосӣ
Мамлакат
Таърихи таваллуд 1794[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 5 (17) июл 1855
Маҳалли даргузашт
Таҳсил:

Ҷованни Витали, маъруф ба Иван Петрович Вита́ли (1794[1][2][3][…], Санкт-Петербург5 [17] июл 1855, Санкт-Петербург) — ҳайкалтароши рус, намояндаи класситсизми охир.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Санкт-Петербург, дар оилаи Петро Витали — ҳайкалтарош ва қолабгари итолиёӣ ба дунё омадааст. Ҷованни Витали соли 1818 дар Маскав ҳамчун тармимгари манзилу маҷмааҳои харобгашта дар ҷанги соли 1812 кор кард. Композитсияҳои машҳури ӯ (аробаи дучархаи Шараф, релйефи «Озодкунии Маскав» ва ғ.) барои Тоқҳои нусрат (1829-34, меъмор О. Бобе), инчунин ҳайкалҳо барои фаввораҳои назди майдонҳои Лубянская («Чаҳор рӯдхона») ва Театралная («Аллегорияи театр, мусиқӣ ва назм»; ҳар ду биринҷӣ, 1835). Пас аз бозгашт ба Петербург (1841) ба ороиши калисои ҷомеи Исҳоқ машғул шуд. Ҳайкали Павели I-ро (аз биринҷӣ, 1851) сохт, ки гунаҳои он дар Гатчин ва Павловский гузошта шуданд. Ҳамчунин чанд портрет (аз ҷумла «А. С. Пушкин», аз мармар, 1836 ва ғ.) офаридааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]