Вишнеградский, Иван Алексеевич

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Вишнеградский, Иван Алексеевич
Vyshnegradsky Ivan (1831-1895).jpg
Санаи таваллуд:

20 декабр 1831 (1 январ 1832)

Зодгоҳ:
Санаи марг:

25 март (6 апрел) 1895 (63 сол)

Маҳалли марг:
Мамлакат:
Фазои илмӣ:

механика

Ҷойҳои кор:
Алма-матер:
Ҷоизаҳо:
Order of St. Vladimir, 1st class Knight of the Order of St. Alexander Nevsky
Commons-logo.svg Вишнеградский, Иван Алексеевич дар Викианбор

Вишнеградский Иван Алексеевич (русӣ: Ива́н Алексе́евич Вышнегра́дский; 20 декабри 1831 [1 январи 1832], Вишний Волочёк — 25 март [6 апрели] 1895, Санкт-Петербург) — олим-механик ва ходими давлатии рус, асосгузори назарияи танзими автоматӣ, узви фахрии АИ Петербург (1888).

Зиндагинома[вироиш]

Солҳои 1888-92 вазири молияи Руссия буд. Хатмкардаи Донишгоҳи асосии педагогии Петербург (1851). Аз ҳамон сол устоди корпуси дуюми кадетии Петербург. Проф. механикаи Донишгоҳи технологии Петербург (1862) ва Академияи артиллерии Михайлов (1865). Солҳои 1860-62 ҳолати мошинасозиро дар корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии техникии Олмон, Фаронса, Белгия ва Британияи Кабир омӯхтааст. Солҳои 1867-78 муҳандис-механики Сарраёсати артиллерӣ ва аз соли 1875 сарвари Донишгоҳи технологии Петербург. Бо ташаббуси В. дар Руссия омӯзиши асосҳои назариявии мошинасозӣ ҷорӣ шуд. В. устоди Донишгоҳи технологӣ ва Академияи артиллерии Петербург буд ва аз механикаи амалӣ, термодинамика, назарияи чандирӣ, мошинаҳои ҳамлу нақл, мошинаҳои буғӣ ва ғ. дарс гуфтааст. Муаллифи дастури «Механикаи ибтидоӣ» (1860) ва асари илмии «Дар бораи танзимгарҳои ростамал» (1877). Дар китоби охир усули ҳисобу китоби танзимгарҳои навъи мазкурро пешниҳод кардааст. Шарти устувории шабакаи танзимкуниро кашф кард (меъёри Вишнеградский).

Эзоҳ[вироиш]

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Вышнеградский Иван Алексеевич // Большая советская энциклопедия: [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.

Сарчашма[вироиш]