Владимиров, Василий Сергеевич
Владимиров, Василий Сергеевич | |
---|---|
![]() | |
Таърихи таваллуд: | 9 январ 1923[1][2][3] |
Зодгоҳ: | |
Тахрихи даргузашт: | 3 ноябр 2012[1][3] (89 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Кишвар: | |
Фазои илмӣ: | назарияи ададҳо[d], function theory[d], mathematical physics[d] ва theory of differential equations[d] |
Ҷойҳои кор: | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва метематика[d] |
Алма-матер: | |
Роҳбари илмӣ: | Боголюбов, Николай Николаевич |
Шогирдони маъруф: | Igor Volovich[d] |
Ҷоизаҳо: |
Владимиров Василий Сергеевич (9 январи 1923, деҳаи Дяглевои губернияи Петроградский, Русия ‒ 3 ноябри 2012, Одинсово, вилояти Маскав) — риёзидони рус, академики АИ ИҶШС (1970), АИ Русия (1991), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1983), доктори илмҳои физика ва математика (1959).
Зиндагинома[вироиш]
Хатмкардаи Университети Ленинград (1948). Иштирокчии ҶБВ. Аз соли 1948 дар Институти математикаи ба номи В. А. Стеклови АИ Руссия кор кардааст. Василий Владимиров, асосан, дар соҳаи муодилаҳо ва моделҳои физикаи математикӣ, функсияҳои умумиятдодашуда, функсияҳои комплексии бисёртағйирёбанда, назарияи тауберии бисёрчена, назарияи ададҳо, усулҳои ададӣ, назарияи квантии майдон тахқиқот анҷом додааст. Ҳамроҳ бо Н. Н. Боголюбов (1958-71) бо таҳқиқоте марбут ба сарҳадди назарияи функсияҳои комплексии бисёртағйирёбанда ва назарияи функсияҳои умумиятдодашуда (ба истилоҳ «теорема дар бораи тезии фона») машғул буд. Теоремаи Боголюбов — Владимиров дар бораи ковариантнокии функсияҳои голоморфӣ, ки аксиомаҳои назарияи квантии майдонро қонеъ мекунад, машҳур аст. Теоремаи тауберии Харди-Литлвудро барои ҳолати бисёрчена умумият дода (1976), назарияи таубериро дар назарияи квантии аксиоматикӣ татбиқ кард.
Ҷоизаҳо[вироиш]
Дорандаи Мукофоти сталинӣ (1953), Мукофоти давлатии ИҶШС (1987). Бо 2 ордени Ленин (1975, 1983) ва дигар ордену медалҳо сарфароз гардидааст.
Осор[вироиш]
- Методы теории функций многих комплексных переменных. М., 1964;
- Обобщенные функции в математической физике. М., 1979;
- Уравнения математической физики. М., 1988.
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ 1.0 1.1 Немецкая национальная библиотека, Берлинская государственная библиотека, Баварская государственная библиотека и др. Record #119416662 // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
- ↑ Владимиров Василий Сергеевич // Большая советская энциклопедия: [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 3.0 3.1 Архив по истории математики Мактьютор
- ↑ Математическая генеалогия — 1997.
Адабиёт[вироиш]
- В. С. Владимиров. М., 1987.
- Зодагони 9 январ
- Зодагони соли 1923
- Зодагони Русия
- Даргузаштагони 3 ноябр
- Даргузаштагони соли 2012
- Даргузаштагони Русия
- Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи II
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945»
- Сарфарозшудагон бо медали «Ветерани меҳнат»
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ИҶШС
- Барандагони Мукофоти сталинӣ
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Риёзидонон аз рӯи алифбо